Ба Шабакаи мо пайваст шавед:
https://goo.gl/177h5e
Вконтакте:
https://goo.gl/f1ajSs
Однокласники:
https://goo.gl/wZnSDd
Шоми 2 июн, соати тахминан
20:30 дар бинои нави бозори Султони Кабир”-и шаҳри Душанбе сӯхтори шадиде оғоз ёфт, ки то ҳол идома дорад. Шоҳидон мегӯянд, сӯхтор аз қабати аввали бинои шашқабата, ки онҷо мағозаҳо ҷойгир шудаанд, оғоз ёфт ва алакай то ошёнаи сеюми бино паҳн шудааст. Барои пешгирӣ аз таҳлука нирӯҳои вижаи милитсияро низ ба маҳаллаи сӯхтор эъзом кардаанд.
Шоҳидон мегӯянд, дар қабатҳои аввали ин бино асосан мағозаҳои фурӯши мебел ҷойгир шуда буданд ва бо вуҷуди ҷазби шумори зиёди сӯхторнишонҳо ва мошинҳои сӯхторнишонӣ то ҳол пеши роҳи паҳн шудани оташро гирифта натавониста истодааанд. Ва доманаи оташ ҳамчунон дорад боло меравад.
Онҳоеро ки дар қабатҳои болоии ин бино зиндагӣ мекарданд ё мағоза доштанд, билофосила баъди оғози сӯхтор берун бароварданд. Вале дар наворҳо дида мешавад, ки бархе талош доранд, барои наҷоти пулу молашон аз мағозаҳову хонаҳои худ ба даруни бинои оташгирифта бидароянд.
Теги: пожар в таджикистане, султони кабир, пожар рынок, сухтор дар душанбе 2018, пожар душанбе, новости, хабархои нав, ахбор,
навгони, нав, хабар, ахбор, ходисахо, бозор