Ба Шабакаи мо пайваст шавед:
https://goo.gl/177h5e
Вконтакте:
https://goo.gl/f1ajSs
Однокласники:
https://goo.gl/wZnSDd
Дар Интернет видеое нашр шуд, ки лаҳзаи дар дарёи Сурхоб ғарқ шудани ду духтарро тасвир мекунад. Як духтари 15-сола аз ҷамоати Сари Пули ноҳияи Рашт ва як духтари 19-сола аз Душанбе, ки ба меҳмонӣ омада буд, нимаи дуюми рӯзи 28 апрел ҳангоми аксгирӣ дар лаби дарё ғарқ шуданд. Ҷасади ҳардуро рӯзи 29 апрел 35 километр поёнтар пайдо карданд.
Дар видеое, ки дар шабакаи Инстаграм нашр шудааст, дида мешавад, ки чанд духтари наврас ва як духтари хурдсол дар лаби дарёи Сурхоб нишастаанд ва сӯҳбат доранд.
Вақте духтари хурдсол низ ба лаби дарё наздик мешавад, ӯро ҳушдор медиҳанд, ки наздик наравад, ки боз дар об наафтад. Вале дар ҳамин лаҳза як духтари наврасе, ки дар тан куртаи сабзи баланд дошт, ногаҳон лағжида дар об афтод. Духтари дуюме, ки дар канори ӯ буд, барои наҷоти аввалӣ худро ба об андохт, вале аз коре аз дасташ наомад ва маҷрои пуртуғёни дарёи кӯҳистонӣ ҳардуро бо худ бурд.
Дар видео садои доду нолаи духтарони дар соҳил монда шунида мешавад, вале ҳеҷ коре аз дасташон намеояд ва оби дарё ҳарду духтарро мебарад.
Ин фоҷиа рӯзи 28 апрел, соати тақрибан 17 рух дод. Баъди ҷустуҷӯи зиёд ҷасади ҳарду духтарро субҳи 29 апрел 35 километр поёнтар аз маҳалли ғарқ шуданашон, дар назди мазори Хӯҷа Абдуллоҳи Валӣ дар наздикии деҳаи Гилтан аз об берун кашиданд.
Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар гузоришаш ин ҳодисаро чунин тасвир кардааст: "Сайри соҳили дарё, назораи мавҷи об, резиши борон, тамошои гулу сабза ва боз даҳҳо кори дигар хоси баҳору тобистон аст. Манзараҳои дифиреби кишвар касро таҳрик медиҳанд, ки хотироташро дар аксу суратҳо барои пайвандонаш ва ёдгор барои оянда нигоҳ дорад. Ва духтари ҷавони душанбегӣ ҳам шояд хост баъди бозгашт аз сафари Рашт ба дугонаҳояш аз мавҷу хурӯшони Сурхоб ҳикоят кунад, вале талоши аккосӣ дар ин манзараи дар нигоҳи аввал дилфиреб ба фоҷеа анҷомид ва духтари 19-сола бо хешованди 15-солааш абадан олами моро тарк гуфтанд.”
Ин бори аввал нест, ки духтарон ҳангоми гирифтани акс дар соҳили дарёҳо ҷони худро аз даст медиҳанд. Як сол пеш – 26 апрели соли 2017, Нишон Умарова, хонандаи синфи 9-уми мактаби рақами 5-уми шаҳри Норак (ДАР АКС) низ ҳангоми гирифтани акси "селфи” ба дарёи Вахш афтод.
Як ҳафта пеш аз ин ҳодиса волидонаш ба Нишона телефони нав тӯҳфа карда буданд ва шоми 26 апрел Нишона ба лаби дарёи Вахш рафтааст, ки тӯҳфаи волидонро бисанҷад. Аммо аз қазо пои духтар ҳангоми аксбардорӣ лағжиду ӯ ба оби пуртуғёни дарё афтод.
Касе ба кумаки ин духтари ҷавонмарг расида натавонист, чунки мавҷи Вахш дар як они воҳид ҷасади ӯро дар худ фурӯ бурд.
Теги: новости таджикистан 2018, сегодня, хабархои нави точикистон 2018, хабархои имруз, хабархои нав, ахбор 2018, хабар 2018, хабархои точикистон 2018, ахбори ВКД, душанбе 2018, cипар 2018, худжанд 2018, ахбори точикистон 2018, хабархои нави точикистон 2018, таджикистан новости 2018, душанбе 2018, навгони, нав, хабар, ахбор, ходисахо, точик, курс сомони сегодня,