Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 17:00

Устопирён мағлуб шуд

Дар даври дуюми қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон 2024 Комроншоҳ бо имтиёзи вазарӣ аз Ҳан Ҷуйеопи кореягӣ мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо берун шуд.
Бо ҳамин рӯзи чаҳоруми Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон барои ҷудокорони Тоыикистон анҷом ёфт.
Фардо Темур Раҳимов ва Ҷаҳонгир Маҷидов барои медалщо рацобат хоҳанд кард.
00:04
усопир1
45 просмотров
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 16:30

Танҳо дар Нуробод 77 оила офатҳои табиии рӯзҳои охир зарар диданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикистон якҷо бо Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Нуробод муайян кард, ки аз офатҳои табиии рӯзҳои охир 77 оила зарар дидаанд.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла, 8 хоҷагӣ пурра, 4 хоҷагӣ қисман ва ба 23 иншооти ёрирасон низ осеб арсидааст.
Таъкид шудааст, ки ба оилаҳое, ки дар натиҷаи офати табиӣ зарар дидаанд, асбобҳои ошхона бастаи беҳдоштӣ ҷудо карда шуд.
"Илова бар ин, аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида 3 маротиба бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд. Ба сокинони осебдидаи ноҳияи Тоҷикобод хӯрока ва матрасҳо кумак карда шуданд".
Корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ таҳти роҳбарии кормандон
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 16:00

Марги Раисӣба равобти Тоҷикистону Эрон таъсири нисбӣ хоҳад гузошт.

Дар бораи ояндаи равобити Эрон Тоҷикистон баъд аз марги Раисӣ коршинос Қосимшоҳ Бегмуҳаммад ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод.
“Агар мушахассан аз равобити Тоҷикистону Эрон суҳбат кунем, омили шахсиятии Саидиброҳими Раисӣ муҳим буд”, - гуфт коршинос.
Вай илова кард, ки раиси ҷумҳури марҳуми Эрон аз ҷиноҳи усулгароён намояндагӣ мекард, ки барои он таъомулу ҳамкорӣ бо кишварҳои мусалмон, ҳамсоя ва минтақа аз аҳамияти зиёде бархурдор аст.
“Дар ҳар сурат Тоҷикистон ба далели пешинаи таърихӣ, забону фарҳанг ва ифтихороти муштарак дар сиёсати хориҷии Эрон аз ҷойгоҳи бартар бархурдор аст. Равобити наздик ва ҳусни эътимод бо Тоҷики
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 15:30

ФБР қасд дошт Трампро ба қатл расонад.

Дар ин бора ҷумҳурихоҳ Марҷори Тейлор Грин дар шабакаи иҷтимоии X навиштааст.
"Ҷо Байден ва ФБР қасди куштани президент Трампро доштанд ва барои он чароғаки сабз равшан кардаанд" гуфт ӯ.
Конгрессмен қайд кард, ки ҳангоми кофтукови амволи Трамп дар Флорида дар соли 2022 агентҳои ФБР иҷозаи истифодаи силоҳи оташфишон доштанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 15:00
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 14:30

Аҳмадзода ба майдони футбол баромад

Дар шаҳри Хуҷанд Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки 25 май таҷлил мегардад, миёни кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бозии рафиқона баргузор шуд.
Дар бозии рафиқона, ки дар шоми дирӯз дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" - и шаҳри Хуҷанд доир шуд, роҳбарият ва кормандони мақомоти вилоят иштирок намуданд.
Қабл аз оғози бозӣ Раиси вилоят ба беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон тӯб тӯҳфа намуд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 14:00

Пешвози раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба хотири иштирок дар маросими дафни раисиҷумҳур Иброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш озими ба пойтахти Эрон шуд.
01:19
рахм
146 просмотров
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 13:30
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 13:00

Мақомоти Суғд гуфт дар як сол барои рушди тарбияи ҷисмонӣ чӣ қадар маблағ масраф хоҳад кард.

Ба иттилои раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода вилояти Суғд барои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои дар соли 2024-ум беш аз 2,3 млн сомонӣ равона гардидааст.
Дар ин бора мақомоти вилояти Суғд хабар додааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:30

Комроншоҳ Устопирён дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон 2024 ба даври дуюм роҳ ёфт.

Паҳлавони тоҷик дар рақобат Тони Милетич ҷудокор аз Босния Гертсоговина пирӯз шуд.
“Се огоҳии довар ба Тони Милетич - Комроншоҳро ба даври дуюм бурд”.
Дар даври дуюм рақиби Устопирён Ҳан Ҷуйеопи кореягӣ хоҳад буд.
00:03
Устопирён
58 просмотров
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:00

Шералӣ Мирзо вазири дифои Тоҷикистон барои изҳори ҳамдардӣ ба бинои сафорати Эрон омад.

Вазири дифоъ ба хотири ибрози таслият ва ҳамдардии худ ва неруҳои мусаллаҳ ба сафорати Эрон дар Душанбе омад ва дар дафтари ёдбуди шаҳодати Саидиброҳими Раисӣ, раисҷумҳури фақиди Эрон ва ҳайати ҳамроҳонаш сабт гузошт.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:30

Ҳамдардии муфтии Тоҷикистон бо миллати Эрон

Саидмакарам Абдулқодирзода, раиси шӯрои уламои маркази исломӣ ва муфтии аъзами Тоҷикистони бо ҳузур дар маҳали сифорати Эрон дар Душанбе, зимни ибрози таслияту ҳамдардии худ ва уламои динии ин кишвар ба муносибати шаҳодати Саидиброҳим Раисӣ, раисҷумҳури фақиди Эрон ва ҳайати ҳамроҳонаш, дафтари ёдбуди шуҳадои мазкурро имзо намуд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:04

Тоҷикистону Чин якҷоя аз кони «Шӯроб» ангишт истихроҷ мекунанд.

Дар ин бора ахиран созишнома байни ширкати тоҷикистонии “Талант” ва Корпоратсияи давлатии China Pingmei Shenma Holding Group Co. Ltd.-и Чин дар бораи роҳандозии ҳамкории сармоягузорӣ барои ба кор андохтани фаъолияти истихроҷи кони ангишти «Шӯроб» ба имзо расонида шуд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:30

Оғози маросими видоъ бо раисиҷумҳури Эрон

Дар Теҳрон маросими видоъ бо раисиҷумҳури Эрон ва ҳамроҳонаш оғоз шуд. Онро Раҳбари олии Инқилоби Эрон муҳтарам Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ роҳбарӣ мекард.
00:41
видео ирон
105 просмотров
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:04

Сохтмони неругоҳҳои барқи офтобӣ дар МОИ Панҷ» ва «Данғара» бо иқтидори 1000 мВт оғоз шуд.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст, ки Корпоратсияи давлатии China Pingmei Shenma Holding Group Co. Ltd-и Чин аллакай дар самти бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Данғара» бо иқтидори 1000 мВт оғоз намудааст.
Тибқи иттилои манбаъ ширкати мазкур барои сохтмони ин нерӯгоҳҳои офтобӣ 400 млн. доллар сармоягузорӣ намудааст.
Ҳамчунин ширкати мазкур ба лоиҳаи истихроҷ ва коркарди ангишти кони «Шӯроб» бо иқтидори солонаи истихроҷи 1 млн. тонна ангишт бо коркарди минбаъдаи он ба маҳсулоти кимиёвӣ (60 млн. доллар сармоягузорӣ) ҳусни оғоз бахшидааст
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:36

Раҳмон шахсан дар маросими видоъ бо Раисӣ ширкат мекунад.

Президенти Тоҷикистон барои иштирок дар маросими видоъ бо Иброҳим Раисӣ ба Эрон сафар кард, хабар дод дафтари матбуоти роҳбари давлат.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:12

Дар Суғд Рӯзи ҷавонон таҷлил шуд.

Ба ин муносибат дар майдони назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Раиси вилоят зимни суханронӣ ба ҷавонони ин минтақа саломативу сарбаландӣ хост ва изҳори умед намуд, ки ҷавоно минбаъд ҳам дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:05

Тоҷикистон қасд дорад содироти зардолуро ба Русия афзоиш диҳад.

Сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ашт ба @Sputnik_Tajikistan гуфт, ҳосили имсола фаровон хоҳад буд ва танҳо дар як ҳафтаи охир аллакай беш аз 300 тон меваи тар ба хориҷ содирот шуд.
"Барои амалиёти содиротӣ ва барасмиятдарории гумрукӣ низ равзанаи ягона таъсис дода шудааст, ки ин равандро суръат мебахшад", - гуфт Бахтиёр Усмонов.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:01

Интихоботи президентӣ дар Эрон рӯзи 28 июн баргузор мегардад.

Ин рӯзро Шӯрои нигаҳбони Қонуни асосӣ тасдиқ кард, менависад РИА Новости.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:47

Кишварҳои ИИАО дар ба истифодадиҳии иншооти иҷтимоӣ рекорд гузоштанд.

Тоҷикистон низ талош дорад, ки дар ин самт пеш равад.
Маълумоти бештар дар тасвирбаёни @Sputnik_Tajikistan
Показать ещё