Обсуждаемые темы

Sputnik Тоҷикистон
последний комментарий 11 мая в 20:44
Sputnik Тоҷикистон
последний комментарий 7 мая в 18:32
Sputnik Тоҷикистон
последний комментарий 5 мая в 01:03

Аҳмадзода аз мушкилоти обёрӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ шинос шуд

Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ӯ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашии ноҳия шинос гардид.
Sputnik Тоҷикистон
последний комментарий 4 мая в 21:09

Беҳрӯз бо шикаст додани ҳарифи муғулаш ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Дар даври нимниҳоӣ Беҳрӯз бо ҷудокори ӯзбекистонӣ нерӯ месанҷад.
00:24
Беҳрӯз
190 просмотров
Sputnik Тоҷикистон
последний комментарий 4 мая в 19:50

Беҳрӯз ба финал баромад.

Дар даври нимниҳоӣ Хоҷазода аз ҷудокори ӯзбек Муҳаммад Ҷумаев дастболо шуд ва ба финал роҳхат гирифт.
00:45
Беҳруз финал
291 просмотр
Sputnik Тоҷикистон
последний комментарий 4 мая в 05:49

Дар Хатлон 18 ҳазор шаҳрванди Туркманистон ба сар мебаранд.

Дар ин бора мақомоти вилояти Хатлон хабар дода, афзуд, ки дар вилоят6 мактаби туркманӣ-тоҷикӣ фаъолият доранд.
Sputnik Тоҷикистон
последний комментарий 3 мая в 22:41

Рӯзноманигори шинохта Сайфуллоҳ Маҳкамов даргузашт.

Хабари даргузашти сармуҳаррири нашрияи “Корвони умед” – Сайфуллоҳ Маҳкамовро, Уктами Нурулло, раиси созмони Иттифоқи журналистон дар шаҳри Истаравшан ба @Sputnik_Tajikistan таъйид кард.
“Устод имрӯз дунёро падруд гуфтанд. Бо шогирдон ҳамеша меҳрубонӣ зоҳир мекард, ҷояшон ҷаннати ҷовидон бод”, - зикр кард Нурулло.
Ҷанозаи Сайфулло Маҳкамов баъд аз зуҳри имрӯз дар қабристони ба маҳаллаи Тали шаҳри Истаравшан ба хок супурда шуд.
Sputnik Тоҷикистон
последний комментарий 3 мая в 13:43

Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори нахуст ба Ҷоми ҷаҳонии футзал роҳ ёфт.

Бозии мунтахабҳои футзали Тоҷикистону Афғонистон бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфт.
Акнун мунтахаби футзали Тоҷикисмтон аввалин бор дар таърих соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон- 2024 шуд, ки он аз 14 сентябр то 6 октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Sputnik Тоҷикистон
последний комментарий 3 мая в 03:04

Вилояти Курс ҳам минбаъд муҳоҷиронро ба кор дар таксӣ роҳ намедиҳад.

Қаблан чунин тадбирҳо дар Қрим, вилояти Тула, Ёқутистон, инчунин дар вилоятҳои Калуга, Тюмен, Челябинск, Курган, Магадан, Новосибирск, Амур ва Округи мухтори Ханти-Манси ҷорӣ шуда буданд.
Маҳдудиятҳо инчунин дар соҳаҳое, ба монанди нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва савдои баъзе молҳо татбиқ мешаванд. Дар баъзе минтақаҳо ба муҳоҷирон иҷозаи кор дар сохтмон, меҳмонхона, тиб ва ҳатто кишоварзиро ҳам лағв карданд.
Аммо сухан дар бораи кори муҳоҷирон дар доираи патент меравад. Хориҷиён аз кишварҳои ИИАО барои кор дар Русия (Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон) ба патент эҳтиёҷ надоранд.
Sputnik Тоҷикистон
последний комментарий 1 мая в 19:16

Вазорати мудофиа нақшаи якмоҳаи даъвати баҳориро эълон кард.

Ба ҷуз аз ВМКБ, ки нақшаи даъватро дар нахустин рӯз анҷом дод, вазъ дар шаҳру вилоятҳои дигар чунин аст:
🔸НТҶ – 74%;
🔸Хатлон – 86%;
🔸Суғд – 55%;
🔸Душанбе – 51%
Дар умум вазорат зикр намуд, ки нақшаи даъвати баҳорӣ давоми як моҳ дар умум 70% иҷро гардид.
Показать ещё