Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 18:50

Муфтиҳои Русия амали шаҳрванди Тоҷикистон, ки шамъҳои колисоро хомӯш кард, маҳкум кард.

Аъзои идораҳои рӯҳонӣ бар ин назаранд, ки ӯро мусулмон номидан мумкин нест, зеро мӯъмини ҳақиқӣ чунин кор намекунад.
"Шарм, расвоӣ ва нафрат - ин аст он чизе ки мо метавонем ба ӯ аз тамоми ҷомеаи сермиллати Федератсияи Русия бигӯем", - гуфт яке аз намояндагон.
Раҳбари ҷамъияти мусалмонони “Раҳмат” низ ин амали муҳоҷирро маҳкум карда, гуфтааст, ки ҷомеаи динӣ бо ӯ сару кор надорад ва ин барои ҳама дарси ибрат аст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 18:05

Трамп итминон дорад, ки Байден барои ИИМА дар арсаи ҷаҳонӣ нангин аст.

Номзад ба мақоми президентии ИМА дар як шоми хайрия дар Лос-Анҷелес аз фиаскои ахири Байден ёдовар шуд, ки Барак Обама маҷбур шуд рощбари Амрикоро зӯран аз саҳна дур кунад..
"Ҳоло ӯ зеҳни сунъиро айбдор мекунад. Вай мегӯяд, ин ВАО айбдор аст, ки гӯё ӯ намедонад дар куҷост”, - гуфт Трамп ба тарафдоронаш,то онҳо низ ханданд.
00:38
Трамп
31 просмотр
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 17:49

Уфти сомонӣ дар Русия идома дорад.

Ба иттилои Бонки марказии Русия пули сомонӣ дар ин кишвар боз 10 рубли дигар поин меравад.
Маълумоти бештар дар тасвирбаёни @Sputnik_Tajikistan
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 16:45

КҲФ аз ду рӯзи хатарнок дар ғарби ВМКБ ва НТҶ хабар дод.

Ин ниҳод бо такя ба Оҷонсии обуҳавошиносӣ иттилоъ дод, ки рӯзҳои 20-21 июн бинобар болоравии дамо ва об шудани пиряхҳо эҳтимол дар ғарби ВМКБ ва як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сел ояд.
Кумита аз аҳолӣ хост сари вақт селроҳаҳо, ҷӯву каналҳоро аз ҳар гуна хасу хошок ва сангу рег тоза кунанд ва ҳамчунин бидуни зарурат ба сафар тариқи роҳҳои кӯҳӣ, ҳезумчинӣ ва шикору моҳидорӣ нараванд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 16:10

ИИАО гумрукро таҳти назорат қарор додааст.

Комиссияи иқтисодии АвруОсиё тасмим гирифт, ки тартиби воридоти муваққатиро оптимизатсия ва ба низом оварад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти созмон.
Комиссия номгуи ягонаи молхоро тартиб дод, ки дар он шарту шароити воридоти муваққатӣ, ҷойгиршавӣ ва истифодабарии онҳо муайян карда шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 15:15

Ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва ИДМ 18,5% афзоиш ёфт.

Аз моҳи январ то майи соли 2024 Тоҷикистон бо ИДМ ба маблағи $265,9 млн савдо кардааст, хабар дод Оҷонсии омор.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 14:48

Русия ба таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии халқӣ-демократии Корея дар ҳамаи бахшҳо ҳавасманд аст.

Ин нуктаро Владимир Путин зимни изҳороташ ба расонаҳо дар ҷамъбасти музокирот бо роҳбари кишвари мизбон баён дошт.
"Ба ривоҷи минбаъдаи фаъолонаи хамкорӣ дар бахши иқтисодӣ, парлумон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амният, сиёсати берунӣ ва ҳам ташкилоти ҷамъиятӣ ҳавасмандем", - гуфт роҳбари Русия.
00:44
Путин
62 просмотра
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 13:15

Владимир Путин ва Ким Чен Ин Шартномаи шарики стратегияи байни Русия ва ҶХДК имзо кард.

Президенти Русия дар санадро бунёди номзад. Дар пайи музокироти дусоатии робарони кишвархо инчунин як катор созишномачои дигар имзо шуданд.
00:18
Имзои созишнома
43 просмотра
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:50

Теъдоди қурбониёни зоирин дар Макка ба 500 нафар расид.

Гармии то 50 дараҷа боиси ҷон бохтани зоирин шуд, аксари қурбониён аз Миср буданд, хабар медиҳад AFP.
Мақомоти Арабистони Саудӣ рӯзи якшанбе хабар доданд, ки ба беш аз 2 ҳазор зоир, ки аз гармои шадид ранҷ мебаранд, кумак расонидаанд.
Як сол пеш дар ҳаҷ низ 240 бар асари гармӣ ҷон бохтанд ва аксари онҳо зоирин аз Индонезия буданд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:20

Марҳилаи аввали амалиёти "Нелегал 2024" дар Русия анҷом ёфт.

Дар давоми як ҳафтаи амалиёт кормандони пулис беш аз 50 ҳазор қонуншиканиро дар соҳаи муҳоҷират ошкор кардаанд, иттилоъ дод ВУД Русия.
🔹 Ҳудуди 9 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз Русия ба таври маъмурӣ ихроҷ ва депорт карда шуданд.
🔹 Зиёда аз 6 ҳазор корфармо барои ғайриқонунӣ ҷалб кардани шаҳрвандони хориҷӣ ба кор ошкор ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
🔹 Қарор дар бораи роҳ надодан ба вуруди беш аз 11 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба кишвар қабул шуд.
🔹 Наздик ба 2 ҳазор парвандаи ҷиноии марбут ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва бақайдгирии муҳоҷиратии сохта боз шудааст.
🔹 Зиёда аз 150 нафар шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта м
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:40

Ханой ба истиқболи Путин омодагӣ мегирад.

Кӯчаҳои пойтахти Ветнам бо парчамҳои давлатии Русия ва Ветнам зебу зинат ёфта, дар назди меҳмонхонаи Metropol кортежҳои Aurus ва амниятиҳо саф кашидаанд.
Раисиҷумҳури Русия шоми имрӯз пас аз анҷоми сафараш ба ҶХДКШ вориди Ветнам мешавад. Зимнан, Путин дар солҳои 2001, 2006, 2013 ва 2017 аз Ветнам боздид карда буд.
00:30
Ханой
69 просмотров
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:30

Путин ва Ким Чен Ин Созишномаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегиро имзо карданд.

Ҳуҷҷат инчунин масъалаҳои амниятро дар бар мегирад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:50

Дар Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро барои таҳқири мазҳабӣ боздошт карданд.

Ба гуфтаи мақомот, як ҷавони 20-сола "барои таҳқир кардани эҳсосоти динӣ, шамъҳои бинои калисоро хомӯш карда, сипас алайҳи як нафар дар ин ибодатгоҳ зӯроварӣ кардааст".
Дар бораи ангезаҳои ин амал ва макони ҳодиса хабар дода нашудааст. Парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, муттаҳам бо қарори додгоҳ ба ҳабс гирифта шудаст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:25

Дар Норак навраси 16-сола ғарқ шуд.

Ӯ ҳамроҳ бо оилаи худ кӯли Комсомолск истироҳат кард ва ҳангоми оббозӣ аз беэҳтиётӣ дар об ғарқ шуд.
КҲФ мегӯяд, ҷасадашро наҷотбахшон пайдо ва ба кормандони милитсия супурданд.
Рӯзи гузашта ин ниҳод хабар дод, аз аввали сол дар обҳои кишвар 66 нафар ғарқ шуданд, ки 31 нафари онҳоро кӯдакони то 16-сола ташкил медиҳанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:57

Путин дар гуфтушунид бо Ким Чен Ин аз мубориза бо ИМА, "санади бунёдӣ" ва миннатдории Маскав гуфт.

Ӯ изҳор дошт, ки Русия ба муқобили сиёсати таҳмили империалистии ИМА даҳсолаҳо мубориза мебарад.
Кишвардори Русия ҳамчунин дар мулоқот бо роҳбари ҶХДК гуфт:
🔸Маскав дастгирии Пхенянро аз сиёсати Русия, аз ҷумла дар самти Украина баланд арзёбӣ мекунад.
🔸Санади нави бунёдӣ омода шудааст, ки асоси равобити ду кишвар дар тӯли солҳои оянда хоҳад буд.
🔸Корнамоиҳои наслҳои пешинро заминаи хубе барои рушди равобити имрӯзаи Русия ва ҶХДК хоҳанд буд.
Путин изҳори итминон кард, ки музокирот бо Ким Чен Ин самаранок хоҳад буд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:28

Мақомоти Тоҷикистон оби Панҷро назорат мекунанд, ки аз Афғонистон вабо наорад.

Аз 3 то 29 июн дар навоҳии марзии вилояти Хатлон бо Афғонистон санҷиши манобеи обии боз гузаронида шуда, ҳолатҳои бистаришавии аҳолӣ бо бемориҳои дарунравии гуногун таҳти назорат қарор дода мешаванд, гуфт Наврӯз Ҷаъфаров ба Sputnik Тоҷикистон.
Муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии ҷумҳурӣ ин тадбирҳоро ба ҳолатҳои вабо ё худ холера дар Афғонистон рабт дод, ки соли гузашта то минтақаҳои марзии ин кишвар расида буданд.
"Панҷ дарёи муштарак аст, агар селобҳо ягон маҳалли зист, масалан, рустоҳои марзӣ аз Афғонистонро канда, ба дарё андозанд, эҳтимоли пеш омадани чунин хатарҳо вуҷуд дорад
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 08:24

Маросими расмии истиқболи Путин дар майдони Ким Ир Сен баргузор шуд

Дар ҳузури Владимир Путин ва Ким Чен Ин сурудҳои миллии ду кишвар садо дода, гузашти низомиён сурат гирифт. Ҳозирин роҳбарони Русия ва Ҷумҳурии халқӣ - демократии Кореяро бо гул, пуфак ва парчамҳои ду кишвар пешвоз гирифтанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:57

КҲФ: дар Тоҷикистон 66 нафар ғарқ шудаанд.

Кумита хабар дод, ки ин омори наздики 6 моҳи охири соли ҷорӣ буда, аз ин сиён 31 ғарқшударо кӯдакони то 16 -сола ташкил медиҳанд.
Манбаъ ба пайвандони ҳалокшудаҳо изҳори ҳамдардӣ намуда, аз сокинон хоҳиш кард, фарзандони худро беназорат нагузоранд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:10

ИИАО барои бастани созишномаи тиҷорати озод бо Индонезия омодагӣ мегирад.

Корҳоро дар ин самт вазири савдои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Андрей Слепнев ва вазири ҳамоҳангсоз дар умури иқтисодии ҷумҳурӣ Эйрланга Хартарто баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо қайд карданд, ки созишномаҳо ба имкониятҳои содирот таъсири мусбат мерасонанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:20

Эронро заминҷунбии сахт ларзонд.

Заминларза бо шиддати 5 балл дар Хуросони Разавӣ дар шимолу шарқи Эрон ба амал омад.
Маълумот дар мавриди талафоти ҷонӣ рӯи даст нест, вале маълум аст, ки 30 нафар бар асари заминҷунбӣ осеб диданд.
Матбуоти Эрон навиштааст, ки то ҳол дар зери харобаҳо одамон қарор доранд.
00:19
Эрон
176 просмотров
Показать ещё