Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 19:05

Таърихи Тоҷикистон дар пули 500 сомонӣ.

Дар тарафи пеш Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дар тарафи пас Қасри миллат тасвир ёфтааст.
Пули 500 сомонӣ боз чӣ тасвирҳоро дорад аз тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бинед.
Таърихи Тоҷикистон дар пули 500 сомонӣ. - 957031416987
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 18:33

Тоҷикистон хостори ҳалли ҳама ихтилофот тавассути сиёсат ва муколама шудааст.

Дар ин бора Хайринисо Юсуфӣ дар Анҷумани занони АвруОсиё хабар додааст, гузориш медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
"Дар солҳои 90-ум Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони ҷанги даҳшатовар, бераҳмонаи аз берун таҳмилшуда табдил ёфт, ки барои боздоштани хунрезӣ ва барқарории сулҳ иродаи қавӣ ва талошҳои зиёди дипломатии тарафҳо лозим буд", - афзуд муовини раиси ҲХДТ.
01:09
Хайриниссо Юсуфӣ
74 просмотра
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 17:50

Ҷаҳон зери хатар аст".

Ин нуктаро Хайриниссо Юсуфӣ муовини раиси ҲХДТ дар Анҷумани занони Авруосиё қайд кард.
Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар соли 2023 дар ҷаҳон 183 задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад, ки ин рақам дар тӯли 30 сол рекордист.
Ӯ гуфт, маҳз занон дар ҷангу задухӯрдҳо ғами бисёр мебинанд.
"Мо аз ҳар кас дида сулҳро бештар мехоҳем ва тайёрем, ки барои он мубориза барем", - таъкид намуд сиёсатмадори тоҷик.
01:11
Хайриниссо Юсуфӣ
56 просмотров
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 17:00

Савдои интернетӣ дар кишварҳои ИИАО рекордшиканӣ дорад.

Чунон ки намояндаи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё қайд намуд, ин таъминоти моддию техникии мамлакатҳои иттиҳодро беҳтар мекунад.
Дар баробари ин, ширкатҳо, аз ҷумла бозоргоҳи маҷозӣ бо тавони бузурги бозорӣ пайдо мешаванд, ки метавонанд ба иқтисодиёт дар маҷмӯъ таъсири ҷиддӣ расонанд, афзуд Аскат Беков.
Савдои интернетӣ дар кишварҳои ИИАО рекордшиканӣ дорад. - 957028074651
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 16:35

Дар ҷаласаи ҷамъбастии Анҷумани занони Авруосиё муовини раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ ширкат варзид.

Вай таваҷҷӯҳро ба аҳамияти ин чорабинӣ ҷалб кард, хабар медиҳад мухбири Sputnik Тоҷикистон.
"Форуми занони Авруосиё ба як платформаи калонтарин, бонуфуз, эътирофшуда, беназир ва глобалӣ барои баррасии нақши занон дар ҷомеаи муосир табдил ёфт", - қайд кард сиёсатмадор.
Дар ҷаласаи ҷамъбастии Анҷумани занони Авруосиё муовини раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ ширкат варзид. - 957027497627
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 15:50

Дунё дар остонаи муноқишаи ҷаҳонӣ қарор дорад.

Ин андешаро собиқ дабири кулли СҲШ дар як форум дар Пекин баён дошт.
"Инсоният дигаргуниҳои куллиро аз сар мегузаронад - ин лаҳзаи хеле хатарнок аст", - шарҳ дод Рашид Алимов.
Вай ҳамчунин зикр кард, ки дар чунин шароит иродаи сиёсӣ ва худдорӣ муҳим аст. СҲШ ва БРИКС дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд, афзуд ӯ.
Дунё дар остонаи муноқишаи ҷаҳонӣ қарор дорад. - 957026151323
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 15:07

Нукоти асосии сухангӯи ВУХ Русия, Мария Захарова, ки дар брифинг баён дошт

▪️Киев дер боз ба терроризм такя мекунад, дар паси ҳама амалҳои Украина, аз ҷумла дар заминаи тарҳрезии эҳтимолии ҳамла ба нерӯгоҳи барқи атомии Курск Лондон ва Вашингтон меистанд.
▪️Интиқоли 1,4 млрд евро аз дороиҳои бандшудаи Русия барои силоҳ ба Киев аз сӯи Брюссел маънои онро дорад, ки Иттиҳодияи Аврупо ҳар гуна истиқлолиятро аз даст додааст.
▪️Ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ бахшида ба тахрибкорӣ дар лӯлаҳои гази “Маҷрои шимолӣ” рӯзи 26 сентябр баргузор мешавад. Ғарб то ҳол аз ҳамкорӣ бо Маскав дар таҳқиқи инфиҷорҳо худдорӣ мекунад, аммо Русия қасд дорад таҳқиқи ин ҳамлаи террористиро анҷом диҳад.
▪️Столтенберг, ки
Нукоти асосии сухангӯи ВУХ Русия, Мария Захарова, ки дар брифинг баён дошт - 957025859227
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 14:18

Тоҷикистон ба муҳоҷироне, ки ба Ватан баргаштаанд, кумак хоҳад кард.

Вазорати меҳнати Тоҷикистон бо ин мақсад чандин феҳрастҳоро таҳия мекунад. Аз ҷумла дуруст кардани рӯйхати бекорон, пойгоҳи додаҳои ҷойҳои корӣ ва рӯйхати муҳоҷирони корӣ дар назар аст.
Феҳрастҳои мазкур барои беҳбуди бахши иҷтимой дар Тоҷикистон ва таълими касбии коргароне, ки ба хона омадаанд, зарур аст.
Тоҷикистон ба муҳоҷироне, ки ба Ватан баргаштаанд, кумак хоҳад кард. - 957024805787
  • Класс!3
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 13:45

Кодекси гумрук дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тағйир меёбад.

Ба нақша гирифта шудааст, ки ҳама ислоҳот то моҳи майи соли 2025 ворид карда шаванд, гуфт вазири ҳамкориҳои гумрукии КИАО
"То он лаҳза бояд тамоми корҳои техникӣ анҷом дода шаванд", - шарҳ дод Руслан Давидов.
Ҳадафи асосӣ ҷорӣ кардани стандарти ягонаи амалиёти гумрукӣ дар кишварҳои иттиҳод, аз ҷумла муттаҳидсоозии арзиш ва ҷорӣ намудани муҳрҳои навигатсионии электронӣ хоҳад буд.
Кодекси гумрук дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тағйир меёбад. - 957023768731
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 13:04

Маскав ҳаводиси Лубнонро шакли нави терроризм хонд.

Москва аз таҳаввулоту ҳаводиси Лубнон нигарон аст, гуфт Мария Захарова дар брифинг.
Таркиши пейҷерҳо як навъи комилан нави ҳамлаи террористӣ ва истифодаи технология мебошад, изҳор дошт сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Маскав ҳаводиси Лубнонро шакли нави терроризм хонд. - 957022586523
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:44

Талафоти умумии нерӯҳои Украина дар самти Курск беш аз 15 ҳазор низомиро ташкил дод

Дар ин бора Вазорати дифои Русия хабар дод.
Дар давоми 24 соати гузашта нерӯҳои мусаллаҳи Украина 370 нафар низомӣ ва 18 мошини зиреҳпӯш, аз ҷумла 2 танкро аз даст додаанд, иттилоъ дод манбаъ.
Талафоти умумии нерӯҳои Украина дар самти Курск беш аз 15 ҳазор низомиро ташкил дод - 957022031771
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:15

СААД тарҳи ҳамкориҳои корхонаҳои бахши ҳарбӣ-саноатиро ба мувофиқа расонд.

Ҳоло ин тарҳи омодаро дар доираи ҳар як кишвари узви СААД бояд мувофиқа кард.
Ҷаласаи навбатии комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои низомиву иқтисодии иттиҳодия тирамоҳи соли 2025 дар Қазоқистон баргузор мешавад.
СААД тарҳи ҳамкориҳои корхонаҳои бахши ҳарбӣ-саноатиро ба мувофиқа расонд. - 957021461659
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:30

Хадамоти махфии ИМА Илон Маскро ҳадаф қарор додааст.

Ҳамааш аз саволи ӯ дар шабакаи иҷтимоии X оғоз шуд, ки чаро бар хилофи Трамп, ҳеҷ гуна ҳатто кӯшиши сӯиқасд ба ҷони Байден ва Ҳаррис вуҷуд надорад.
Тибқи иттилои Bloomberg, Хадамоти махфӣ ҳоло талош дорад, муайян кунад, ки оё Маск метавонад барои шахсони таҳти ҳифозат хатар эҷод кунад.
Таҳдиди президент ё ноиби президенти Иёлоти Муттаҳида ҷинояти вазнин буда, то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Хадамоти махфии ИМА Илон Маскро ҳадаф қарор додааст. - 957019699099
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:05

Тими футзали Тоҷикистон ҳанӯз имкони баромадан аз гуруҳро дорад.

Ба иттилои ФФТ, бо вуҷуди шикаст аз Португалия, футзалбозони тоҷикро зарур аст, ки рӯзи 22-юми сентябр бар тими Панама пирӯз шавад.
Ҳамчунин барои баромадани тими миллӣ аз гуруҳ, зарур аст, ки дар дигар гурӯҳҳо ду тими дигар бо натиҷаи бадтар зинаи сеюмро касб кунанд, тавзеҳ дод ФФТ.
Тими футзали Тоҷикистон ҳанӯз имкони баромадан аз гуруҳро дорад. - 957019487899
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:26

Эрон беэҳтиромии дипломати Толибон* нисбат ба суруди миллиро маҳкум кард.

Инро намояндаи вижаи Эрон дар умури Афғонистон таъкид кардаст, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Моҷаро баъди он сар зад, ки дипломати Толибон* ҳангоми садо додани суруди миллии Эрон аз ҷо нахест. Қаблан чунин ҳодиса дар Покистон рух дода буд.
Толибон* ин иқдомашонро ба манъи мусиқӣ рабт додаанд.
Чунин беэътиноӣ ба принсипҳои дипломатӣ бемаънӣ ва бесобиқа аст, бо назардошти он, ки онҳо ба ҳар ҳол мусиқиро гӯш мекунанд, шарҳ дод Ҳасан Коземи Қумӣ.
* Ташкилот барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
Эрон беэҳтиромии дипломати Толибон* нисбат ба суруди миллиро маҳкум кард. - 957019301531
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:58

Бисёрошёнаҳои Хоруғ ба заминларзаҳо тобоваранд.

Ин нуктаро ба КҲФ бо нашри як иттилоия таъкид карда, сокинонро ба оромӣ ва риояи қоидаҳои рафтор дар ҳолатҳои заминларза даъват намуд.
Ин ниҳод гуфт, биноҳои баландошёнае, ки дар шаҳрҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ бунёд гардидаанд, ба заминҷунбии 8-9 балл тоб меоваранд.
Бисёрошёнаҳои Хоруғ ба заминларзаҳо тобоваранд. - 957018346651
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:30

Мунтахаби футзали Тоҷикистон аз қаҳрамони ҷаҳон шикаст хӯрд.

Футзалбозони Тоҷикистон дар даври дуюм бо қаҳрамони феълии ҷаҳон – яккачини Португалия вохӯрда, бо ҳисоби 2:3 анҷом доданд.
Голҳои дастаи Тоҷикистонро Комрон Алиев ва Бахтиёр Солиев ба ҳадаф расонданд.
Мунтахаби футзали Тоҷикистон аз қаҳрамони ҷаҳон шикаст хӯрд. - 957017548443
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:07

Миёни мақомоти додситонии Тоҷикистону Русия барномаи нави ҳамкорӣ имзо шуд.

Барномаи нави ҳамкорӣ барои солҳои 2025-2026 аз сӯи Юсуф Раҳмон ва Игор Краснов имзо гардид.
Муқовимат ба ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, терроризми байналмилалӣ, истирдоди ҷинояткорон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла табодули маълумоти фаврӣ-тафтишотӣ, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ мавзуъҳои меҳварии ҳамкорӣ арзёбӣ шуданд.
Миёни мақомоти додситонии Тоҷикистону Русия барномаи нави ҳамкорӣ имзо шуд. - 957016764315
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 08:30

Дар буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2024 тағйирот ворид гардид.

Бо қарори ҳукумат, қисми даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2024 ба маблағи беш аз 1,1 млрд сомонӣ зиёд карда шуд.
Дар санад таъкид шудааст, ки касри буҷа тағйир дода намешавад.
Дар буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2024 тағйирот ворид гардид. - 957015805083
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 07:28

Исроил ҳамла ба Лубнонро идома дода истодааст.

Нерӯҳои ҳавоӣӣ шидати бомбафканӣ дар ҷануби Лубнонро зиёд карда, дар давоми 20 дақиқаи шабона қариб 70 зарба заданд.
Теъдоди дақиқи қурбониён ва хисорот то ҳол маълум нест.
  • Класс!0
Показать ещё