Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 19:00

Ҳиссаи доллар дар сохтори асъории пардохтҳо миёни кишварҳои узви ИИАО ҳамагӣ 10,6%-ро ташкил дод.

Дар ин бора Комиссиияи иқтисодии АвруОсиё иттилоъ дода, зикр намудаст, ки дар солҳои қабллӣ ин нишондод то ба 26% мерасид.
Аввалин бор дар солҳои 2015-2017 то 18,3% коҳиш ёфт. Сипас, дар солҳои аз 2018 то 2020 то 20% мавқеъро барқарор кард, аммо аллакай дар соли 2022 мавҷи дуюми даст кашидан аз доллар дар ҳисобҳои кишварҳои ИИАО оғоз ёфт.
Дар пасманзари коҳиши саҳми доллар дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобил миёни кишварҳои ИИАО, нақши пулҳои миллӣ дар пардохтҳо байни кишварҳои узв афзоиш ёфт. Дар соли 2023 ҳиссаи онҳо ба 84,6% расид, афзуд манбаъ.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:55

Садҳо тоҷикистонӣ барои таҳсил ба Ӯзбекистон рафтаанд.

Тайи моҳҳои январ-апрели соли 2024 дар маҷмуъ беш аз 6 ҳазор хориҷӣ барои таҳсил ба Ӯзбекистон омадаанд, иттилоъ дод Агентии омори кишвар, ки таносубашон чунин аст:
🔸Ҳиндустон – 2090 нафар;
🔸Туркманистон – 1627 нафар;
🔸Тоҷикистон – 758 нафар;
🔸Қирғизистон – 317 нафар;
🔸Кореяи Ҷанубӣ – 249 нафар;
🔸Чин – 242 нафар;
🔸Покистон – 237 нафар;
🔸Афғонистон – 132 нафар;
🔸ИМА – 118 нафар;
🔸Қазоқистон – 102 нафар;
🔸Дигар кишварҳо – 535 нафар.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:50

Иттиҳоди Шӯравӣ нақшаи Олмони нозиро дар мавриди кишварҳои назди Балтик барбод дод.

Соли 1940 бо ворид шудани қӯшунҳои шӯравӣ ба кишварҳои назди Балтика, нақшаҳои Олмони фашистӣ оид ба тобеъияти худ даровардани онҳо, барбод дода шуданд.
01:43
02 Прибалтика
83 просмотра
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:05

Сарвазири Исроил кабинаи амалиёти низомиро пароканда кард.

Бенямин Нетаняҳу вазиронро дар бораи пароканда кардани кобинаи ҷангӣ огоҳ кард.
Маврид ба зикр аст, ки ин ниҳод пас аз ҳамлаи Ҳамос дар 7 октябр таъсис дода шуда буд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:15

Амири Толибон* намози идро дар масҷиди Идгоҳи Қандаҳор имоматӣ карду мавъиза хонд.

Аз суханронии Ҳибатуллоҳ Охундзода ба муносибати Иди Қурбон:
▪️Афғонҳо бояд бародариро нигоҳ доранд ва ихтилофотро бартараф кунанд, чун ба суди душманонанд.
▪️Масъулони Толибон* хизматгори мардуманд, онҳо ба ҷуз хидмат кардан дигар коре надоранд.
▪️Ҳамаи сокинони кишвар бояд дастуроти руҳониёнро риоя кунанд.
▪️Ҳар кас бояд ба худ ваъда диҳад, ки ҳуқуқи шариатии занонро дар оилааш таъмин хоҳад кард.
*-созмон барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:30

Ироқ ва Урдун имзоҳои худро аз эъломияи конфронс дар мавзӯи Украина бозпас гирифтанд.

Вазорати умури хориҷии Швейтсария хабар додааст, ки ин кишварҳоро дар ибтидо ба феҳристи имзокунандагон иштибоҳан ворид кардаанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:10

Бархӯрди маргбори қаторҳо дар Ҳиндустон

Бархӯрди қатори мусофирбар ва боркаш дар Ҳиндустон камаш 15 кушта бар ҷой гузоштаст.
Гузоришҳои ҳиндӣ менависанд, ки маълумот дар бораи ҳалокшудагон дар ҳоли афзоиш мебошад.
Маълум аст, ки 60 кас маҷруҳ шудаанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:55

Эрон аз Толибон* хост, аз дахолати Ғарб ҷилавгирӣ кунад.

Иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷии Эрон, Алӣ Боқирӣ дар як сӯҳбати телефонӣ бо ҳамтояш дар ҳукумати Толибон*, Амирхон Муттақӣ гуфтааст, танҳо мардуми Афғонистон дар кишвари худ тасмим мегиранд.
Ӯ зикр намудаст, ки Толибон* дар ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа иҷоза надиҳанд дахолати ғарбӣ сурат гирад, чун аллакай бо дахолати харобиовар мушкилоте эҷод карда буданд.
Ба гуфтаи вай, Теҳрон ва Кобул бар пояи муштаракоти фарҳангӣ, забонӣ ва мазҳабӣ барои суботу амният дар минтақа талош мекунанд.
*-созмон таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:10

Ҳазорҳо нафар дар иди Қурбон дар Туркия маҷҳур шудаанд

Ҳудуди 16 ҳазор сокини Туркия дар иди Қурбон ҳангоми қурбонӣ кардани чорво захмӣ шудаанд. Ду нафар ҷон додаанд.
Дар ин бора вазири тандурустии ин кишвар, Фахретдин Коҷа иттилоъ додаст.
"Сабаби чунин ҷароҳатҳо дар он аст, ки чорворо на мутахассисон мекушанд", - гуфт ӯ.
Аксари маҷрӯҳшудагон дар Анкара сабт шудаанд - 1274 нафар. Дар Истанбул 918 нафар дар ҷараёни қурбониҳо ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шуданд. Гузашта аз ин, ду нафар аз захмҳои бардоштаашон ҷон додаанд, хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:15

Олмон мехоҳад тавассути Ӯзбекистон муҳоҷирони афғонро ба Афғонистон депорт кунад.

Дар ин бора музокирот бо Тошканд сурат гирифта истодааст, то музокироти мустақим бо Толибон* зарур наояд, менависад Der Spiegel.
Тавре нашрия тавзеҳ медиҳад, як ҳайати Вазорати корҳои дохилии Олмон аллакай ба Ӯзбекистон сафар карда, пешниҳод кардааст, ки паноҳандагони афғон аз Олмон ба Тошканд ва сипас ба Кобул тавассути ҳавопаймоҳои ширкати хусусии ҳавопаймоии "Кам Эйр" интиқол дода шаванд.
Ба навиштаи Spiegel, мақомоти Ӯзбекистон дар иваз пешниҳод мекунанд, ки созишномаи муҳоҷират дар бораи вуруди коргарони соҳибихтисос ба Олмонро имзо кунанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 11:35

Нуҳ паҳлавони ҷавони тоҷик ба мусобиқаи қаҳрамонии Осиё мераванд

Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Уммон Тоҷикистонро 9 куштигир намояндагӣ мекунанд.
Мусобиқаҳо дар риштаи куштии юнониву румӣ ва озод рӯзҳои 22-30 июн миёни писарони то 17-сола ва ҷавонони то 23-сола баргузор мешаванд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 10:55

Тавлиди ҳавопаймоҳои муосири ҷангӣ дар Русия афзоиш ёфт.

ОАК, сохтори тобеи Ростех ба Вазорати дифои Русия як гурӯҳи нави бомбаандозҳои Су-34 таҳвил дод.
Корхонаҳо тавлиди ҳавопаймоҳоро зиёд мекунанд, афзуданд дар корпоратсия.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 09:49

Ҳайати баландпоя аз Свердловск ба вилояти Суғд омадаст.

Гуруҳ таҳти роҳбарии муовини якуми губернатори вилояти Свердловск, Алексей Шмиков бо ҳадафи иштирок дар даҳумин Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2024" дар Хуҷанд қарор доранд.
Меҳмонон интизор доранд, ки дар доираи ин чорабинӣ бо лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон шинос хоҳанд шуд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 09:22

Видои Рустам Ятимов бо мухлисон дар Душанбе

Дарвозабон Рустам Ятимов дар маросими видоъ бо "Истиқлол" дар варзишгоҳи марказии Душанбе ба мухлисон, роҳбарият ва ҳайати даста изҳори сипос кард.
Вай қабл аз пайвастанаш ба "Ростов" аз мухлисони ҳамакнун тими собиқаш - "Истиқлол" даъват намуд, ки дар ҳар ҳолат, чӣ дар бурду чӣ дар бохт дастгири даста бошанд. Дар охир Рустам Ятимов ба мухлисон тӯбҳо туҳфа намуд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 16 июня в 19:47
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 16 июня в 18:07
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 16 июня в 17:35
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 16 июня в 17:20
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 16 июня в 15:44

Барои ҳодисае, ки дар СИЗО-и Ростов рух дод, бисёриҳоро лозим меояд бо рутбаҳояшон посух диҳанд.

Дар ин бора вакили Думаи давлатӣ Александр Хинштейн изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, гаравгонгирии рухдода натиҷаи набудани клрҳои ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ дар низоми ФСИН аст.
Вай афзуд, афроде, ки барои сӯиқасд ба ҳамлаи террористӣ маҳкум шудаанд, дар ҳамон муассиса ҷойгиршуда, ҳатто телефонҳои мобилӣ доштанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 16 июня в 14:48
Показать ещё