Имрӯз - 19 апрел маросими қуръакашии ASIAN CHAMPIONSHIPS INDIVIDUALS 2024 баргузор шуд.
Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар мусобиқа 272 варзишгар (166 мард, 106 зан) аз 36 давлати ҷаҳон ширкат менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 7 варзишгар миёни мардон намояндагӣ мекунанд.
ASIAN CHAMPIONSHIPS INDIVIDUALS фардо 20 апрел бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60кг, -66кг миёни мардон, -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон оғоз мегардад. 21 апрел мардҳо дар вазнҳои -73кг, -81кг, бонувон дар вазнҳои -63кг, -70кг, 22 апрел мардҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг, бонувон дар вазнҳои -78кг, +78кг сабқат мекунанд.
Дар рӯзи якуми мусобиқа 1 варзишгари мо гуштин мегиранд: дар вазни -66кг Обид Ҷебов. Рӯзи дуюм дар вазни -73кг Беҳрузи Хоҷазода, дар вазни 81кг Сомон Маҳмадбеков, рӯзи сеюм Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ва Шодмон Ризоев, дар вазни -100кг Ҷаҳонгир Маҷидов ва дар вазни +100 Темур Раҳимов барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.
-66KG DZHEBOV OBID🇹🇯 VS RAHIMOV S🇹🇲
-73KG BEHRUZI KHOJAZODA 🇹🇯VS ODGEREL.U🇲🇳/ HAMAD.S🇸🇦
-81KG MAKHMADBEKOV SOMON🇹🇯 VS SONGAKHER.S🇨🇳/MOHAMMAD SAMIM 🇦🇫
-90KG-USTOPIRIYON KOMRONSHOKH VS DASHTI.Y🇰🇼NIKABADI.M🇮🇷
-90KG SHODMON RIZOEV 🇹🇯VS SIE U🇨🇳
-100KG MADZHIDOV DZHAKHONGIR 🇹🇯 VS LIN.S
+100 KG TEMUR RAKHIMOV 🇹🇯 VS WARDANA.I 🇮🇩/ CHEN G
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев