tajikpress

tajikpress

Селу обхизӣ дар манотиқи мухталифи кишвар
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки тайи рӯзи 28 апрели соли 2024 дар дастикам 6 минтақаи ҷумҳурӣ селу обхезӣ ба амал омадааст.
Аз ҷумла рӯзи 28 апрели соли 2024, соати 16:30 боронҳои шадид сабаби аз теппаҳои атроф омадани селҳо дар ҳудуди деҳаҳои Шараф, Садоқат ва Тоҷикободи ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ шуд. Оби сел роҳи мошингардро зери об кард. Аммо ин сел ба хоҷагиҳо зарар нарасондааст.
Боз ҳам рӯзи 28 апрел, соати 15:40 аз теппаҳои атроф ба деҳаи Даҳанаи ҷамоати деҳоти Галаободи ноҳияи Хуросон сел омад ва роҳи мошингардро пур кард. Соати 20:45 лойоба 18 ҳавлии сокинони деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти ба номи Садрид
tajikpress

tajikpress

Ниёзмандии беш аз 12 миллион кӯдак дар Афғонистон ба кумакҳои башардӯстона
Ниҳоди ҳамоҳангкунанда кумакҳои башардӯстонаи Cозмони Милали Муттаҳид барои Афғонистон эълом кард, 12, 3 млн кӯдак дар Афғонистон ба кумак ниёз доранд.
Ба гузориши манбаъ:
Ниҳоди ҳамоҳангкунанда кумакҳои башардӯстонаи СММ барои Афғонистон мегуяд, ки ҳудуди 23,7 млн тан, аз ҷумлаи 12,3 млн кӯдак дар Афғонистон дар соли ҷории милодӣ ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд.
Ин созмон дар гузоришии вазъияти башарӣ дар Афғонистони зери султаи толибон*-ро тайи моҳи март ба баррасӣ гирифта ва нигоштааст, ки ин ниҳод барои расидагӣ ба буҳрони башарӣ дар Афғонистон ба 1,7 млрд доллар ниёз дорад.
Бар асоси ин гузориш, кишварҳо
tajikpress

tajikpress

Нотаи эътирозӣ ба сафири Русия оиди поймул шудани ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик
Дар нимаи аввали рӯзи 29 апрели соли 2024 ба сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев ёддошт, ё нотаи эътирозии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон “бо изҳори нигаронии ҷиддӣ вобаста ба муносибати дағалона нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо ки ба таври оммавӣ, ки дар Федератсияи Русия сурат мегирад”, супорида шуд.
“ин гуна амалҳо танҳо нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон амалӣ шуда, ба рӯҳия ва анъанаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Русия комилан мувофиқ нест”.
Матни нотаи эътирозии вазорати хориҷа ба сафири Русияро бархе расонаҳои давлатӣ нашр карданд, вале то шоми 29 апрел мат
tajikpress

tajikpress

Баёнияи Кумитаи муштараки арабӣ ва исломӣ дар бораи режими саҳюнистӣ
Ба гузориши хабаргузории Алҷазира, рӯзи якшанбе ҷаласаи Кумитаи вузарои таъйин шуда аз сӯи сарони кишварҳои арабӣ ва исломӣ дар хусуси таҳаввулоти Навори Ғазза баргузор ва баёнияе тавассути он содир шуд.
Дар ин нишаст, ки ба раёсати Файсал бен Фарҳон, вазири умури хориҷаи Арабистони Саудӣ дар Риёз баргузор шуд, бар лузуми эъмоли таҳримҳои муассири ҷомеаи байналмилалӣ алайҳи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ, аз ҷумла таваққуфи содироти силоҳ ба ин режим таъкид шуд.
Ин иқдом дар посух ба нақзи қонунии байналмилалии инсонӣ ва низ ҷиноёти ҷангие, ки дар Ғазза ва Каронаи Бохтарии ишғолӣ тавассути ин режим сӯрат мегирад, ит
tajikpress

tajikpress

Боздошти беш аз 900 нафар дар эътирозҳои донишҷӯёни Амрико
Рӯзномаи "Вашингтон Пост" дар гузорише ба номи "Бузургтарин вокуниши пулис ба фаъолияти донишҷӯён дар донишгоҳҳо тайи солҳои ахир" аз боздошти беш аз 900 донишҷӯ дар 10 рӯзи гузашта бахотири эътироз ба ҷиноятҳои Исроил дар Ғазза хабар дод.
Ба гузориши ТоҷикПресс, сакуби тазоҳуроткунандагон дар донишгоҳи Колумбия дар НЮ-Йорк мавҷе аз фаъолиятро дар донишгоҳҳои тамоми Амрико ба роҳ монд, ки бар асоси охирин гузоришҳо беш аз 900 нафар боздошт шудаанд.
Дар тамоми Амрико роҳбарони донишгоҳ кӯшиш кардаанд, то тазоҳуротҳоро сакуб кунанд, тазоҳуротҳое, ки бештари вақтҳо сабаби дахолати хушунатомези полис шудааст, наворҳое, ки аз Иёлоти Мутт
tajikpress

tajikpress

Бедории насли нави Амрико ва таъсири он бар ояндаи равобит бо Исроил
Ҷунбиши эътирозии донишҷӯён дар Амрико, ки бо мавҷи густарда идома ёфтааст, дар ояндаи равобити ин кишвар бо Исроил ҳам таъсир дорад.
Дар ҳоле, ки наслҳои қаблии Амрико бо пайравӣ аз рӯйкарде, ки давлатҳои ин кишвар ба онҳо таҳмил карда буданд, худро муваззаф ба ҳимояти мутлақ аз режими саҳюнистӣ медонистанд, аммо насли ҷадид дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки раҳбарони ояндаи ин кишвар ҳастанд, як масири комилан дигарро пеш гирифтаанд.
Тайи чанд ҳафтаи гузашта ҷунбиши эътирозии азиме дар донишгоҳҳои Амрико алайҳи ҷиноятҳои режими ишғолгар дар ҳаққи мардуми бедифои Фаластин дар Навори Ғазза, табдил ба яке аз аслитарин таҳавв
tajikpress

tajikpress

Бо вуҷуди кумакҳои чандмиллиард долларии Амрико, Украина пирӯз нахоҳад шуд
Як нашрияи англӣ забон дар гузорише дар бораи Украин навиштааст, ки бо вуҷуди кумакҳои чандмиллиард долларии Амрико, Киев қодир ба пирӯзӣ нахоҳад буд.
Нашрияи Маҷаллаи Блейки Швейтсария ба нақл аз бархе афсарони украинӣ дар гузорише навишт, бо вуҷуди кумакҳои чандмиллиард долларии Иёлоти Муттаҳида Амрико, бисёре аз фармондеҳони украинӣ дигар ба пирӯзии Киев бовар надоранд.
Аз сӯи дигар рӯзи гузашта Дениз Шмиха, нахуствазири Украин дар суханоне иддао кард, ки Австралия дар ҳоли омодасозии бастаи кумакии 100 милюн долларӣ барои Украина аст.
Бар асоси иддаои нахуствазири Украин, қарораст ин пӯл барои хариди маҳмӯлаи б
tajikpress

tajikpress

Густариши мавҷи эътирозҳои дониҷшӯёни ҳомии Фаластин дар донишгоҳҳои Канада
Бо идомаи мавҷи густариши эътирозҳои зидди саҳюнистӣ дар донишгоҳҳои кишварҳои ғарбӣ, донишҷӯёни ҳомии Фаластин дар донишгоҳи МакГилл дар Монтрали Канада низ кампи эътирозӣ алайи наслкушии Исроил дар Ғазза ба роҳ монданд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, эътирозҳои донишҷӯӣ дар ҳимоят аз Фаластин ва маҳкумияти ҷиноятҳои Исроил, ки аз донишгоҳи Колумбияи Амрико дар шаҳри Ню-Йорк оғоз шуд бо вуҷуди саркӯб аз сӯи мақомоти Амрико ибтидо ба дигар донишгоҳҳои ин кишвар ва сипас ба донишгоҳҳои соири кишварҳои ғарбӣ аз ҷумла Англис, Фаронса, Олмон, Канада ва Австралия расид.
Шабакаи CBC-и Канада гузориш дод, ки донишҷӯёни эътирозгар
tajikpress

tajikpress

Посухи Русия ба номаи раиси КШНГЗС
Дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия ба номаи Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон посух дод.
Дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия ба номаи Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон посух дод.
Қаблан КШНГЗС пас аз ҳодисаи хунин ва терористии “Крокус Сити Ҳолле”, ки чандин шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳатто наздикони онҳо дар Тоҷикистон боздошт шуда буданд, бо ирсоли номае хитоб ба ниҳодҳои марбутаи Русия, дархост карда буд, ки “пайвандони боздоштшудаи ин чаҳор ҷавон фавран озод карда шаванд”. Ва ҳамчунин КШНГЗС тақозо карда буд, ниҳодҳои марб
tajikpress

tajikpress

Ҳимояти муфтии Уммон аз қиёми донишҷӯёни амрикоӣ
Муфтии Уммон интифозаи донишҷӯёни донишгоҳҳои Амрико ва Аврупо дар ҳимоят аз мардуми Ғаззаро ситоиш кард.
Ба гузориши хабаргузории “Арабӣ 21”, Шайх Аҳмад ибни Ҳамд Ал-Халилӣ, муфтии Уммон дар шабакаи иҷтимоии “X” навишт: Мо интифозаи донишҷӯён ва асотиди донишгоҳҳои Амрико ва Аврупо дар маҳкумияти наслкушии режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар Навори Ғаззаро гиромӣ медорем.
Шайх Аҳмад ибни Ҳамд Ал-Халилӣ, муфтии Уммон афзуд: Умедворем ин интифоза ба тамоми донишгоҳҳо сироят кунад. Ин эътирозот ибрате барои касоне аст, ки сиёсати сар фуруд овардан дар муқобили дигаронро тарҷеҳ медиҳанд ва барои оддисозии равобит бо душмани саҳюнистӣ талош
Показать ещё