Саҳюнистҳо имрӯз бештар аз ҳар замоне ба фикри рафтан ё мондан дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳастанд, зеро дар асари ҳаводиси чанд соли ахир ба хусус баъд аз амалиёти “Тӯфони ал-Ақсо” ва амалиёти “Ваъдаи содиқ” ҳафт сутуни режими хабис фурӯ рехта ва ин шикаст ҳамчунон идома дорад.
Солҳо пеш ба тадриҷ як миллион саҳюнист қасд карданд, ки дигар ба Фаластини ишғолӣ барнагарданд, аз ин рӯ ба кишварҳои ғарбӣ рафтанд. Бо ин ҳол 6-7 миллион саҳюнист ҳамчунон боқӣ монданд. Онҳо дар ҳафтоду ҳафтумин соли ишғолгарӣ бо мушкили бақои режим рӯбарӯ ҳастанд, дағдағае, ки аз оғоз ҳамзоди Телавив будааст. Саҳюнистҳо пас аз 7 октябр шароити хоссе барои тасмимгирӣ касб карданд. Ин шароит онҳоро водор мекунад то барои мондан ё рафтан беҳтар тасмим бигиранд. Ҳарчанд инсон дар интихоб озод аст, аммо интихобҳои дуруст бештар ба раҳоӣ ва интихобҳои нодуруст ғолибан ба гирифторӣ меанҷомад. Яҳудиёне, ки солҳо пеш тасмим гирифтанд, ки режимро раҳо кунанд, имрӯз ба тасмими худ меболанд ва афроде, ки нахостанд ё натавонистаанд афсӯси зиёд доранд. Чӣ меъёрҳое тағйир ёфта, ки ин гурӯҳ гирифтори тарс ва изтироб ва водор ба тасмимгирии ҷиддӣ намоянд? Дар ин навишта ба чанд далели муҳими ин вазъият ишора мешавад. https://tajikpress.com/2024/04/23/%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be%d0%b8%d0%bb-%d1%82%d3%af%d1%84%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d0%b0%d0%bb-%d0%b0%d2%9b%d1%81%d0%be/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев