Русия: Ҷанги Ғазза бояд фавран хотима ёбад Намояндаи Русия дар суханронӣ дар Шӯрои Амният гуфт, ки режими саҳюнистӣ бо монеътарошӣ дар музокироти оташбас, ҷанги Ғаззаро идомадор мекунад. Ба гузориши ТоҷикПресс, Дмитрий Полянский, ҷонишини намояндаи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид, боз ҳам талаб кард, ки ҷанги Ғазза хотима ёбад. Полянский дар суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи вазъияти Ғарби Осиё гуфт: “Кобинаи Исроил дар музокирот монеътарошӣ мекунад, ҷангро тӯлонӣ карда ва гаравгонҳои боқимондаро ба эъдом маҳкум мекунад”. Ба навиштаи “Спутник”, ӯ дар ин бора шарҳ дод: “Ҷанг [Ғазза] бояд фавран қатъ шавад, то ба ранҷ байни фаластиниҳо ва исроилиҳо хотима дода шавад”. Ин дипломати русӣ дар идома тасриҳ кард: “Аз ворид шудани ҳазорон мошини боркаш бо кумак ба ноҳияи Ғазза монеъ мешаванд ва кумакрасонони созмонҳои инсонӣ ҳадаф қарор гирифта мешаванд.” https://tajikpress.com/2025/08/06/%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d2%b7%d0%b0%d0%bd%d0%b3%d0%b8-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d0%b1%d0%be%d1%8f%d0%b4-%d1%84%d0%b0%d0%b2%d1%80%d0%b0%d0%bd-%d1%85%d0%be%d1%82%d0%b8%d0%bc%d0%b0-%d1%91/
    0 комментариев
    0 классов
    Афзоиши ихтилоф байни мақомоти саҳюнистӣ Шабакаи 12-и режими саҳюнистӣ аз афзоиш иихтилофот миёни мақомоти сиёсӣ ва низомии Исроил хабар додааст. Шабакаи 12-и режими саҳюнистӣ аз афзоиш иихтилофот миёни мақомоти сиёсӣ ва низомии Исроил хабар дод ва афзуд, ки дар пайи ин ихтилофот генерали Аёл Зомир, раиси ситоди кулли артиши ин режим таҳдид ба истеъфо кардааст. Ба нақл аз шабакаи Алҷазираи Қатар бо истинод ба шабакаи 12 режими саҳюнистӣ афзуд, ки ин таҳдид, дар пайи ихтилофоти амиқ миёни Зомир ва кобина ба вижа дар бораи наҳваи идомаи амалиёти низомӣ дар Ғазза матраҳ шудааст. Юси Иҳушаъ, таҳлилгари низомии режими Исроил гуфт, ки Зомир бо тарҳи ишғоли комили шаҳри Ғазза мухолиф аст ва акнун даргирии сиёсӣ миёни ӯ ва кобина ба авҷи худ расидааст. Дар ҳамин ҳол, шабакаи 11-и режими саҳюнистӣ гузориш дод, ки Бенямин Нетпняҳу, нахуствазири Исроил тасмимгирӣ дар бораи идомаи амалиёти низомӣ дар Ғаззаро ба ҳафтаи оянда ба таъхир андохтааст. Ба навиштаи расонаҳои режими саҳюнистӣ, ин таъвиқ дар ҳоле сурат мегирад, ки миёни мақомоти олирутбаи режими Исроил дар бораи масири ояндаи ҷанг дар Ғазза ихтилофи ҷиддӣ вуҷуд дорад. https://tajikpress.com/2025/08/01/%d0%b0%d1%84%d0%b7%d0%be%d0%b8%d1%88%d0%b8-%d0%b8%d1%85%d1%82%d0%b8%d0%bb%d0%be%d1%84-%d0%b1%d0%b0%d0%b9%d0%bd%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d2%9b%d0%be%d0%bc%d0%be%d1%82%d0%b8-%d1%81%d0%b0%d2%b3%d1%8e%d0%bd/
    0 комментариев
    0 классов
    Эрон, меҳвари назми нави ҷаҳонӣ дар Шанхай Вазорати корҳои хориҷии Русия бо ишора ба он ки Эрон дар ҷаласаи охири Созмони Ҳамкории Шанхай заминаро барои таъсиси як блоки амниятии АвруОсиё гузошт, хабар дод: Нақшаи нави Теҳрон, эҷоди як қувваи ҷадид бар зидди НАТО аст. Ба гузориши ТоҷикПресс, шабакаи русии “Russia Today” дар гузориши худ бо пешниҳоди ин савол, ки “Чӣ мешавад, агар блоки амниятии нави ҷаҳон дар Брюссел ё Вашингтон набошад, балки дар Пекин бо ҳузури Эрон ҳангоми нишастан ба миз бошад?” таъкид кард: Ин дигар як саволи назарӣ нест. Эрон дар ҷаласаи охири вазирони хориҷаи аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар миёнаи июл равшан нишон дод, ки Теҳрон ҳоло ин созмонро на ҳамчун як форуми минтақавӣ, балки ҳамчун як тарозуи эҳтимолӣ муқобили НАТО мебинад. Эрон бо ин амал як гардиши амиқи стратегиро аз як системаи фарсудаи таҳти ҳукмронии ғарб ба сӯи як назми навпайдои АвруОсиё нишон дод. Ҳамчунин, ин иҷлосия бар афзоиши тобоварии ҳамкории чандинҷонибаи АвруОсиё дар муқобили ошуфтагии афзояндаи ҷаҳонӣ таъкид кард. “Сергей Лавров”, вазири хориҷии Русия, ки бо “Си Ҷинпинг”, раисиҷумҳури Чин вохӯрд, ҷаласаҳои дуҷонибаро бо вазирони хориҷаи Чин, Покистон, Ҳиндустон ва хусусан Эрон баргузор кард. Музокироти ӯ бо “Сайид Аббос Ироқчӣ”, вазири хориҷаи Эрон, ба ҳалли дипломатии масъалаи ҳастаӣ марказонида шуд ва бар амиқсозии ҳамкории стратегӣ таъкид кард. Мувофиқи гузориши “Russia Today”, тарафи эронӣ аз ин минбар бо мақсади махсус истифода кард. Ироқчӣ аз ҳамдилии Созмони Ҳамкории Шанхай дар замони таҷовузи Исроил сипосгузорӣ кард ва таъкид намуд, ки Эрон ин намояндагиро на ҳамчун як созмони рамзӣ, балки ҳамчун як механизми амалӣ барои ваҳдати минтақавӣ ва ҷойгоҳи ҷаҳонӣ мебинад. https://tajikpress.com/2025/07/31/%d1%8d%d1%80%d0%be%d0%bd-%d0%bc%d0%b5%d2%b3%d0%b2%d0%b0%d1%80%d0%b8-%d0%bd%d0%b0%d0%b7%d0%bc%d0%b8-%d0%bd%d0%b0%d0%b2%d0%b8-%d2%b7%d0%b0%d2%b3%d0%be%d0%bd%d3%a3-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d1%88%d0%b0%d0%bd/
    0 комментариев
    0 классов
    Муқовимати Фаластин: Тавқиф кардани киштии Ҳанзала “дуздии дарёӣ” аст Ҳаракати Ҳамос, ҳукумати Фаластин дар Ғазза ва Ҷабҳаи халқии Фаластин амали саҳюнистҳо дар тавқиф кардани киштии ёрии башардӯстонаи “Ҳанзала”-ро нақзи қонунҳои навигатсионии баҳрӣ ва дуздии дарёӣ хонданд. Ба гузориши ТоҷикПресс, ҳаракати муқовимати исломии Ҳамос бо нашри баёнияе, амали режими саҳюнистӣ дар тавқиф кардани киштии ёрии “Ҳанзала” ва рабудани сарнишинонашро ҷинояти нав аз навъи терроризм ва дуздии дарёӣ тавсиф кард ва онро як мушкили ошкор зидди виҷдон ва иродаи башарӣ донист. Дар ин баённома омадааст: Артиши ишғолгари саҳюнистӣ бо ҳамла ба киштии башардӯстонаи “Ҳанзала” дар обҳои байналмилалӣ ва монеъ шудан аз расидани он ба қитъаи муҳосирашудаи Ғазза, боз нишон дод, ки ба ягон қоидаи инсонию қонунҳои байналмилалӣ пойбанд нест. Дар ҳоле ки Ғазза дар шароити ҷанги ҳамаҷониба, сиёсати гуруснагии систематӣ ва муҳосираи бераҳм қарор дорад. Ҳамос бо қадрдонӣ аз шаҷоати фаъолони байналмилалӣ дар киштӣ, таъкид кард, ки паёми ҳамдардии онҳо ба мардуми Ғазза ва ҷаҳониён расида ва афкори умумии ҷаҳон беш аз пеш аз ҷиноятҳои режими ишғолгар огоҳ шудааст. Ин ҳаракат инчунин бо ситоиш аз кӯшишҳои мардумӣ барои шикастани муҳосираи Ғазза, ин ҳаракатҳоро инъикоси виҷдони зиндаи башарият донист, ки манфияти воқеии режими саҳюнистӣ ва ҳамкорӣ баъзе қувваҳо бо онро ошкор мекунад. https://tajikpress.com/2025/07/27/%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d2%b3%d0%b0%d0%bd%d0%b7%d0%b0%d0%bb%d0%b0-%d0%bc%d1%83%d2%9b%d0%be%d0%b2%d0%b8%d0%bc%d0%b0%d1%82-%d2%b3%d0%b0%d0%bc/
    0 комментариев
    0 классов
    Имзои 10 санади нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Муғулистон Миёни Тоҷикистону Муғулистон дар соҳаҳои гуногун 10 санади ҳамкорӣ имзо шуд. Ба гузориши манбаъ: Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва кишвардори Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсу ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, масоили байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карданд. Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба рушди ҳамаҷонибаи робитаҳо бо Муғулистон таъкид кардааст, гузориш медиҳад хадамоти матбуотии президент. Тоҷикистон Барномаи ҳамкориҳо ва Роҳкори соҳавии амалҳои муштаракро оид ба афзоиши гардиши мол барои солҳои наздик ва таъсиси Шурои соҳибкории Тоҷикистон ва Муғулистонро пешниҳод кард. Масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла дар бахши чорводорӣ, соҳаҳои саноати коркард, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ миёни ду давлат маънидод гардидаанд. Кишвардорон ба масъалаи рушди ҳамкорӣ миёни минтақаҳои ду кишвар, ҳамчун шакли муассири густариши робитаҳои мустақими иқтисодӣ таваҷҷуҳ кардаанд. Робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ низ баррасӣ шудааст. Ҳамакнун дар Душанбе, Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон баргузор мешавад. https://tajikpress.com/2025/07/25/%d0%b8%d0%bc%d0%b7%d0%be%d0%b8-10-%d1%81%d0%b0%d0%bd%d0%b0%d0%b4%d0%b8-%d0%bd%d0%b0%d0%b2%d0%b8-%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%ba%d0%be%d1%80%d3%a3-%d0%b1%d0%b0%d0%b9%d0%bd%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba/
    0 комментариев
    0 классов
    Сабабҳои афзоиши талафоти режими саҳюнистӣ дар ҷанги Ғазза Дар рӯзҳои охир, муҷоҳидони фаластинии Ҳамос талафоти ҷиддие аз низомиёни артиши режими саҳюнистӣ гирифтаанд. Ин афзоиши талафот дар режими саҳюнистӣ чӣ сабабҳое дорад? Пойгоҳи хабарии шабакаи Ал-Маёдин дар мақолае навишт, ки аз замони оғози амалиёти “аробакашҳои Гидъун” тавассути режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза, мизони талафоти ин режим то ҳадди бесобиқае афзоиш пайдо карда ва маҷмӯае аз ҳамалоти нируҳои муқовимат дар манотиқи Хон Юнус ва Шуҷоъия тайи ҳафтаҳои ахир шакл гирифтааст. Ин амалиётҳо, ба вижа ҳалокати 16 низомии саҳюнист дар худрави зиреҳӣ дар Хон Юнус, ки чанде пеш анҷом шуд, бо ҷуръати зиёде анҷом шуд ва тайи муддатзамони тӯлонӣ идома хоҳад дошт, ки пеш аз таҷовузи муҷаддади режими саҳюнистӣ ба Ғазза дар рӯзи 8-и март шоҳиди он набудем. Тайи ҳафтаҳои ахир таҳаввули қобили таваҷҷуҳе дар раванди даргириҳо дар Ғазза эҷод шуда ва бо вуҷуди сонсури густардаи режими саҳюнистӣ, иттифоқҳои мутааддиде дар арсаи амалиётӣ ва тактикӣ ба вуқуъ пайваста, ки боиси фурӯпошии низомиёни саҳюнист шудааст. Ин иттифоқҳо боис шудааст бисёре аз онҳо нисбат ба идомаи ҷанг асабонӣ бошанд ва бархе низ аз ҳузур дар нируҳои захира парҳез кунанд. Дастёбӣ ба маводи мунфаҷираи ҷадид Яке аз ин таҳаввулот, истифодаи гурӯҳҳои муқовимат ба вижа гурдонҳои Қассом ва Қудс аз анвои ҷадиде аз бомбаҳои дастсоз аст, ки бархе аз онҳо монанди бомбаҳои “шавоз” ва “соқиб” дар замин кошта мешавад ва тонкҳо ва нафарбарҳои сангин низомиёни душманро ҳадаф қарор медиҳад ва бархе низ “зидди нафар” аст ва хисоратҳои зиёде ба аносири низомии душман, ки дар хориҷ аз тонкҳо ва худравҳои худ ҳастанд, ворид мекунад. https://tajikpress.com/2025/07/11/%d1%87%d0%b0%d2%b3%d0%be%d1%80-%d1%81%d0%b0%d0%b1%d0%b0%d0%b1%d0%b8-%d0%b0%d1%81%d0%be%d1%81%d0%b8%d0%b8-%d0%b0%d1%84%d0%b7%d0%be%d0%b8%d1%88%d0%b8-%d1%82%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%84%d0%be%d1%82%d0%b8/
    0 комментариев
    0 классов
    Буҳрони Ховари Миёна фурсате барои таъмиқи ҳамкориҳои Маскав ва Теҳрон Танишҳо миёни Эрон ва Исроил феълан мутаваққиф шуда ва нақши Русия ба унвони шарики стратегӣ барои Эрон дар ин муодилот барҷастатар шудааст. Дар ҳоле, ки танишҳо миёни Эрон ва Исроил феълан мутаваққиф шудааст, нақши меҳварии Русия ба унвони шарики стратегӣ барои Эрон дар муодилоти Ховари Миёна беш аз пеш барҷаста шудааст. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, дар ҷараёни сафари ахири худ ба Туркманистон ва дар суханрониаш дар муассисаи равобити байналмилали Ашқобод, бо таъкид бар зарурати коҳиши таниш ва ҳифзи суботи минтақаӣ, изҳор дошт: “субот дар Ховари Миёна, ба вижа бо таваҷҷуҳ ба ҷойгоҳи Эрон, барои амнияти Осиёи Марказӣ ва марзҳои ҷанубии Русия ҳаётӣ аст.” Ин суханон нишондиҳандаи аҳамияти стратегии Эрон барои Маскав, натанҳо дар Ховари Миёна, балки дар ҳифзи амнияти минтақаӣ дар ҳавзаи нуфузи суннатии Русия аст. Барои Туркманистон, ки беш аз 1100 километр марзи муштарак бо Эрон дорад ва пойтахташ дар наздикии ин марз воқеъ шуда, ташдиди танишҳо таҳдиди ҷиддӣ ба шумор меравад. Лавров дар ин бора ҳушдор дод: “бесуботӣ дар минтақа метавонад шабакаҳои родиколро фаъол карда ва тавозуни шиканандаи дохилии кишварҳои Осиёи Марказиро бар ҳам занад.” Ин нигаронӣ натанҳо барои Туркманистон, балки барои дигар ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ, ки равобити сиёсӣ ва низомии наздики бо Маскав доранд, аз аҳамияти фаровоне бархурдор аст. Дар ин чорчуб вазири хориҷаи Русия баён кард Эрон ба унвони сутуни суботи минтақаӣ, нақши калидӣ дар сиёсатҳои амниятии Русия ифо мекунад. https://tajikpress.com/2025/07/05/%d0%b1%d1%83%d2%b3%d1%80%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d1%85%d0%be%d0%b2%d0%b0%d1%80%d0%b8-%d0%bc%d0%b8%d1%91%d0%bd%d0%b0-%d1%84%d1%83%d1%80%d1%81%d0%b0%d1%82%d0%b5-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%b8-%d1%82%d0%b0/
    0 комментариев
    0 классов
    Омодагии Тоҷикистону Туркия барои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ Дар дидори мақомоти Тоҷикистон ва Туркия тарафайн ба талошҳо ҷиҳати иҷрои тарҳҳои муштарак эъломи омодагӣ карданд. Дар дидори мақомоти Тоҷикистон ва Туркия бо ҳадафи тақвияти бештари равобити иқтисодӣ ва ҳамоҳангии талошҳо ҷиҳати иҷрои тарҳҳои муштарак эъломи омодагӣ шуд. Содиқ Имомӣ, сафири Тоҷикистон дар Туркия бо Муҳаммад Фотеҳ Қоҷар, вазири санъат ва фановариҳои Туркия, раиси муштараки комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Туркия, дидор ва гуфтугӯ кард. Тайи ин дидор, тайфи густардае аз масоили ҳамкориҳои дуҷониба, ба вижа дар бахшҳои тиҷорат ва санъат ва низ баргузории нишастҳои ояндаи комиссияи байнидавлатӣ дар шаҳри Душанбе мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт. https://tajikpress.com/2025/07/03/%d0%be%d0%bc%d0%be%d0%b4%d0%b0%d0%b3%d0%b8%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd%d1%83-%d1%82%d1%83%d1%80%d0%ba%d0%b8%d1%8f-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%b8-%d1%82%d0%b0/
    0 комментариев
    0 классов
    Расвоии падофандии Телавив ба ривояти маҳофили расонаии ҷаҳон Расонаҳои байналмилалӣ дар таҳлили амалиёти “Ваъдаи Содиқ-3” иттифоқи назар доранд, ки падофанди чандлояи режими саҳюнистӣ бо вуҷуди ҳимояти номаҳдуди Амрико, шикасти шармоваре муқобили мушакҳои эронӣ хӯрдааст. Расонаҳои байналмилалӣ дар таҳлили амалиёти “Ваъдаи Содиқ-3” иттифоқи назар доранд, ки падофанди чандлояи режими саҳюнистӣ бо вуҷуди ҳимояти номаҳдуди Амрико, шикасти шармоваре муқобили мушакҳои эронӣ хӯрдааст. Ҳамлаҳои мушакии кӯбандаи Ҷумҳурии Исломии Эрон алайҳи режими саҳюнистӣ дар посух ба таҷовузҳои ин режим аз ҳафтаи гузашта токунун бозтоби густардае дар расонаҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ дошта ва ҳамаи ин расонаҳо иттифоқи назар доранд, ки ташкилоти падофандии чандлояи режими саҳюнистӣ таҳти ҳимояти номаҳдуди Амрико, шикасти сангине дар баробари мушакҳои эронӣ мутаҳаммил шудааст. Эрон чигуна бозори сомонаҳои падофандии режими саҳюнистиро дар ҷаҳон нобуд кард? Дар ин замина, пойгоҳи хабарии Дойчавелаи Олмон эълом кард, ки тибқи иттилооти сервиси иттилооти Амрико, Эрон дорои яке аз бузургтарин зарродхонаҳои мушакҳои баллистик дар Ховари Миёна аст ва шавоҳид нишон медиҳад, ки дар вақтҳои мухталиф, Эрон ба шакли мустақим ё аз тариқи ҳампаймонони худ аз онҳо истифода мекунад. Мушакҳои баллистик бахши муҳиме аз зарродхонаи мушакии Эрон ҳастанд, ки аз онҳо дар ҳамлаҳо алайҳи режими саҳюнистӣ дар ибтидои октябри 2024 ва ҳамчунин ҳамлаҳои чанд рӯзи пеш истифода мешуданд. https://tajikpress.com/2025/07/01/%d1%80%d0%b0%d1%81%d0%b2%d0%be%d0%b8%d0%b8-%d0%bf%d0%b0%d0%b4%d0%be%d1%84%d0%b0%d0%bd%d0%b4%d0%b8%d0%b8-%d1%82%d0%b5%d0%bb%d0%b0%d0%b2%d0%b8%d0%b2-%d0%b1%d0%b0-%d1%80%d0%b8%d0%b2%d0%be%d1%8f%d1%82/
    0 комментариев
    0 классов
    Эрон аз СММ ҷазои таҷовузгарони Исроил ва ИМА-ро талаб кард Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Шӯрои Амният талаб кард, ки омилони ҳамла ба ин кишвар ҷазо дида шаванд. Ба гузориши ТоҷикПресс, Вазири корҳои хориҷии Эрон, Сайид Аббос Ироқчӣ дар номае ба Котиби кулли СММ таъкид кард, ки Шӯрои Амният бояд Исроил ва ИМА-ро ҳамчун оғозгарони амали таҷовузкор шиносад ва масъулияти онҳо, аз ҷумла пардохти ғаромот ва ҷуброни хисоротро қабул кунад. Дар ин нома зикр шудааст, ки аз 13 июни 2025 Исроил ва ИМА ҳамлаҳои таҷовузкорана ба Эрон анҷом доданд, ки ин амалҳо нақзи ошкорои Қонуни байналмилалӣ, аз ҷумла ҳуқуқи ҳаёт, манъи истифодаи зӯр ва ҳимояи соҳибихтиёрии кишварҳо мебошанд. Ин ҳамлаҳо бисёре аз сохторҳои шаҳрвандӣ, беморхонаҳо ва таъсисоти энергетикиро ҳадф гирифтанд. https://tajikpress.com/2025/06/29/%d1%8d%d1%80%d0%be%d0%bd-%d0%b0%d0%b7-%d1%81%d0%bc%d0%bc-%d2%b7%d0%b0%d0%b7%d0%be%d0%b8-%d1%82%d0%b0%d2%b7%d0%be%d0%b2%d1%83%d0%b7%d0%b3%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be%d0%b8/
    0 комментариев
    0 классов
Фильтр
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
Показать ещё