Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бори дигар рӯзи панҷшанбе дар бораи узвияти комили Фаластин дар ин созмон раъйгирӣ кард.
Аъзои Шӯрои амнияти СММ панҷшанбеи ҳафтаи гузашта дар нишасти пӯшидаи худ дар бораи узвияти Фаластин дар Созмони Милал ба тавофуқ нарасиданд. Шӯрои амният бори дигар дар мавриди пешнависи қатънома дар робита бо узвияти комили Фаластин дар Созмони Милал раъйгирӣ кард. Қатъномаи пешниҳодӣ аз сӯи Алҷазоир ироа шудааст.
Ин ҷаласа дар ҳоле баргузор шуд, ки Венесса Фразе, намояндаи Малта дар Созмони Милал, ки раёсати давраии Шӯрои амниятро ба ӯҳда дорад, ҷумъаи гузаштаи баъд аз итмоми дуюмин ҷаласаи ин кумита барои баррасии узвияти комили Фаластин дар Созмони Милал гуфт: «Иҷмоъе вуҷуд надошт».
Венесса Фразе бо вуҷуди ин гуфт, ки аксарияти аъзои ин кумита бо узвияти комили Фаластин мувофиқ будаанд. Бисёре аз кишварҳо ин ҳақиқатро матраҳ карданд, ки Фаластин воҷиди тамомии мелокҳои муоҳидаи Монтевидео ва ҳамчунин банди 4 –и маншур аст. https://tajikpress.com/2024/04/22/%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d0%bc%d0%be%d0%bd%d0%b5%d1%8a%d0%b8-%d0%b0%d1%81%d0%bb%d0%b8%d0%b8-%d1%83%d0%b7%d0%b2%d0%b8%d1%8f%d1%82%d0%b8-%d0%ba%d0%be%d0%bc%d0%b8%d0%bb%d0%b8-%d1%84%d0%b0/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев