0 комментариев
    0 классов
    0 комментариев
    0 классов
    0 комментариев
    0 классов
    0 комментариев
    0 классов
    0 комментариев
    0 классов
    Аз ҳуқуқи башар то бурҷҳои нафтӣ; таҳлили стратегии ғорат дар Венесуэла Суханони Трамп дар бораи нафти Венесуэла як лаҳзаи таърихӣ буд, зеро бевосита нишон дод, ки масъалаи аслӣ чист. Дигар ин мудохиларо наметавон бо вожаҳое чун кӯмаки башардӯстона ё ҳимоя аз мардум шарҳ дод. Ба гузориши ТоҷикПресс, боздошт ва рабудани Николас Мадуро, раисиҷумҳури Венесуэла, аз ҷониби нерӯҳои амрикоӣ наметавонад танҳо як таҳаввули амниятӣ ё ҳатто як буҳрони дипломатӣ дониста шавад. Ин рӯйдод дар канори суханони ошкори Доналд Трамп амалан ба нуқтае табдил шуд, ки дар он бисёр пардаҳо канор рафтанд. Агар дар гузашта мудохилаҳои Амрико бо қабатҳое аз ибҳом ва вожагони дипломатӣ пӯшида мешуданд, ин бор раисиҷумҳури Амрико ба таври равшан аз нияти воқеӣ сухан гуфт. Ӯ ошкоро эълон кард, ки Амрико барои нафти Венесуэла вориди амал шудааст ва ин кишвар то замоне ки шароити “мувофиқ” фароҳам шавад, зери идораи Вашингтон хоҳад буд. Трамп дар суханони худ на аз демократия, на аз ҳуқуқи башар ва на ҳатто аз интихобот ёд кард. Меҳвари аслии суханонаш нафт буд. Ӯ бо лаҳне, ки бештар ба як мудири ширкат шабоҳат дошт то ба раисиҷумҳури як кишваре, ки даъвои раҳбарии ҷаҳони озодро дорад, тавзеҳ дод, ки ширкатҳои бузурги нафтии Амрико вориди Венесуэла хоҳанд шуд, зерсохторҳои фарсударо таъмир мекунанд, нафт истихроҷ мекунанд ва хароҷоти амалиёти низомӣ низ аз ҳамин даромадҳо ҷуброн хоҳад шуд. Таъкиди ӯ бар ин нукта, ки ин амалиёт “ҳатто як сент” барои Амрико харҷ нахоҳад дошт, иқрори ошкор ба моҳияти иқтисодии ин мудохила буд. Дар ин чорчӯб Венесуэла на як кишвари мустақил, балки як манбаи молӣ таъриф шуд. https://tajikpress.com/2026/01/05/аз-ҳуқуқи-башар-то-бурҷҳои-нафтӣ-венес/
    0 комментариев
    0 классов
    Муовини Мадуро: Венесуэла мустамликаи ҳеҷ кишваре нахоҳад шуд Муовини раисиҷумҳури Венесуэла дар паёми телевизионӣ гуфт, ки ин кишвар ҳаргиз мустамликаи кишвари дигар нахоҳад шуд. Ба гузориши ТоҷикПресс, Делси Родригес, муовини раисиҷумҳури Венесуэла, дар суханронии телевизионӣ дар канори вазирони дифоъ ва корҳои хориҷии ин кишвар, хостори озодии Николас Мадуро ва ҳамсараш шуд. Ӯ таъкид кард, ки Венесуэла ҳаргиз мустамликаи ҳеҷ кишваре нахоҳад шуд ва аз мардуми ин кишвар хост, ки барои дифоъ аз ватан, оромиш ва якпорчагиро ҳифз намоянд. Родригес гуфт: мо омода ҳастем бо тамоми тавон аз кишвар ҳимоят кунем ва ба мардум мегӯем, ки давлат ҳамчунон дар кишвар побарҷост. Муовини раисиҷумҳури Венесуэла изҳор дошт, ки ҳаргиз иҷозаи таҷовузи низомӣ ба кишварро нахоҳем дод. https://tajikpress.com/2026/01/04/%d0%bc%d1%83%d0%be%d0%b2%d0%b8%d0%bd%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d0%b4%d1%83%d1%80%d0%be-%d0%b2%d0%b5%d0%bd%d0%b5%d1%81%d1%83%d1%8d%d0%bb%d0%b0-%d0%bc%d1%83%d1%81%d1%82%d0%b0%d0%bc%d0%bb%d0%b8%d0%ba%d0%b0/
    0 комментариев
    0 классов
    Ғазза; дирӯз ғарқи хун, имрӯз ғарқи селоб 74 рӯз пас аз оташбас, на оташ, бас шуда ва на осоиш ба Ғазза бозгаштааст! Бомборониҳои гоҳ-ба-гоҳу қаҳтии густариш аз як сӯ ва боришҳои тунду хунуки зимистоне аз сӯи дигар, Ғаззаро ба виронаи ҳавлонаке бадал кардааст; вайронае омехта ба селобу фозилобу ҷонҳои саргардону яхзада! Мардуми борикаи Ғазза бо борон бегона нестанд. Онҳо дар канори соҳилҳои баҳри Медитарона зиндагӣ мекунанд, бо обу ҳавои миёнаҳароти медитаронаие, ки зимистонҳои мулоиме дораду боришҳои латифу пурбаракате. Имсол вале шароит фарқ мекунад. Зимистон ҳатто мулоимаш ҳам барои овардагонҳои бесарпанош сахт аст, чӣ расад ба ин ки системаи сангини бориши қутбӣ аз рӯи осмони Ғазза гузарад; системаи “Байрон”, ки дар як-ду ҳафтаи охир виронаи Ғаззаро зери рӯ кардааст. https://tajikpress.com/2025/12/28/%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d0%b4%d0%b8%d1%80%d3%af%d0%b7-%d2%93%d0%b0%d1%80%d2%9b%d0%b8-%d1%85%d1%83%d0%bd-%d0%b8%d0%bc%d1%80%d3%af%d0%b7-%d2%93%d0%b0%d1%80%d2%9b%d0%b8-%d1%81%d0%b5%d0%bb%d0%be/
    0 комментариев
    0 классов
    Тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ ва донишгоҳӣ байни Тоҷикистон ва Малайзия Дар дидари масъулҳои Маркази омӯзишҳои стратегии Тоҷикистон ва намояндагони Академияи таҳқиқоти малаии Донишгоҳи Малая, бар густариши ҳамкориҳои илмӣ таъкид шуд. Дар дидари масъулҳои Маркази омӯзишҳои стратегии Тоҷикистон ва намояндагони Академияи таҳқиқоти малаии Донишгоҳи Малая, бар аҳамияти густариши ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ байни ду кишвар таъкид шуд. Масъулҳои Маркази омӯзишҳои стратегии Тоҷикистон бо намояндагони Академияи омӯзишҳои малаии Донишгоҳи Малая дидор ва суҳбат карданд. Дар ҷараёни ин дидор, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бар аҳамияти густариши ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ байни ҳарду тараф таъкид карданд ва дар мавриди аршави сатҳи маҳоратҳои ихтисосӣ, муоширатҳои таҳқиқотӣ ва барқарории робитаи мустақим байни Академияи омӯзишҳои малаӣ ва муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳии Тоҷикистон баҳсу мубодилаи назар сурат гирифт. Дар ин дидор таъкид шуд, ки Маркази омӯзишҳои стратегии Тоҷикистон то ҳол тавофуқномаҳоеро бо беш аз 44 маркази таҳқиқотии байналмилалӣ имзо карда ва муоширатҳои муассире бо ин марказҳо барқарор кардааст. https://tajikpress.com/2025/12/27/%d1%82%d0%b0%d0%b2%d1%81%d0%b5%d0%b0%d0%b8-%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%ba%d0%be%d1%80%d0%b8%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%b8%d0%bb%d0%bc%d3%a3-%d0%b2%d0%b0-%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b8%d1%88%d0%b3%d0%be%d2%b3%d3%a3/
    0 комментариев
    0 классов
    Рустам Ятимов гаронарзиштарин дарвозабони Осиё шуд Рустам Ятимов дар қатори ҳафтгонаи гаронарзиштарин дарвозабонони Осиё қарор гирифт. Дарвозабони тими миллии Тоҷикистон ва бошгоҳи «Ростов» Рустам Ятимов боз як дастоварди муҳими таърихӣ сабт кард. Рустам дар радабандии гаронбаҳотарин дарвозабонҳои қораи Осиё ба зинаи шашум баромада, бо арзиши 1,8 миллион евро рекорди мутлақро барои тамоми футболбозони тоҷик гузошт. Арзиши бозории Ятимов дар навсозии охир 300 ҳазор евро боло рафта, ба ӯ имкон дод, ки аз ҳамтоёни худ аз Индонезия ва Австралия пеш гузарад. Ин пешрафт мавқеи дарвозабони тоҷикро дар сатҳи қитъавӣ боз ҳам устувортар кард. https://tajikpress.com/2025/12/23/%d1%80%d1%83%d1%81%d1%82%d0%b0%d0%bc-%d1%8f%d1%82%d0%b8%d0%bc%d0%be%d0%b2-%d0%b3%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%bd%d0%b0%d1%80%d0%b7%d0%b8%d1%88%d1%82%d0%b0%d1%80%d0%b8%d0%bd-%d0%b4%d0%b0%d1%80%d0%b2%d0%be/
    0 комментариев
    0 классов
Фильтр
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
Показать ещё