Ба Шабакаи мо пайваст шавед:
https://goo.gl/177h5e
Вконтакте:
https://goo.gl/f1ajSs
Однокласники:
https://goo.gl/wZnSDd
Президенти Русия Владимир Путин дар мулоқот бо шаҳрдори Маскав Сергей Собянин тамбашавии нақлиёт (пробка) ва муҳоҷиронро "ду дарди бедавои шаҳри Маскав” номид. Ин дар ҳолест ки Собянин қаблан гуфта буд, муҳоҷирон ба буҷаи Маскав солона 15 миллиард рубл даромад меоранд, ки ин ҳатто аз ҳаҷми андози ширкатҳои бузурги нафт ҳам бештар аст.
Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 14 апрел дар мулоқоташ бо шаҳрдори Маскав Сергей Собянин дар Кремл тамбашавии нақлиёт ва муҳоҷиронро "ду дарди бедавои шаҳри Маскав” номид. Путин бо зикри комёбиҳо ва нокомиҳои ҳукумати пойтахти Русия гуфт: "Дар баробари ин чунин мушкилоти бедаво (хроникӣ) ҳам ҳаст, ки шумо низ дар бораашон хабар доред. Ин беш аз ҳад пур будани роҳҳои мошингард аст ва зарурати танзими худтари ҷараёни муҳоҷират.”
Сергей Собянин дар посух гуфт, ки мушкили тамбашавии нақлиёт дар пойтахти Русияро дар зарфи 4-5 соли оянда ҳал хоҳанд кард. Собянин аз ҷумла тарҳи бунёди ҳалқаи дуюми зеризаминиро як роҳи ҳалли ин мушкил номид. Бахши аввали ин роҳи ҳалқавӣ аз Москва -Сити то варзишгоҳи "Динамо” имсол алакай ба истифода дода шуд.
Сергей Собянин дар мулоқот бо Путин ба мавзӯи муҳоҷират дигар барнагашт ва Путин низ ин масъаларо дигар доман назад.
Аммо Сергей Собянин қаблан чанд маротиба аз саҳми муҳоҷирони дар иқтисоди Маскав ситоиш карда, гуфта буд, дар шароити кунунӣ, пойтахти Русия бидуни истифодаи нирӯи кори муҳоҷирон наметавонад фаъолияти муназзами иқтисодашро таъмин кунад: "Албатта, мо мехостем ки муҳоҷирон дар ин шаҳр набошанд ва ҳамаи корҳоро худи сокинони Маскав анҷом диҳанд. Вале мо ду миллион ҷои кори изофӣ дорем ва сокинони Маскав, ҳатто агар бихоҳанд ҳам, имкону тавони пур кардани ин ҳама ҷойҳои кориро надоранд. Имсол, ба ақидаи ман, метавоне нархи патенти муҳоҷиронро боло барем, то ки онҳо баробари коргарони маҳаллӣ андоз бисупоранд.”
Собянин ҳамчунин гузориш дода буд, ки буҷаи шаҳри Маскав аз ҳисоби муҳоҷирон солона то 15 миллиард рубл даромад ба даст меорад. "Ҳарчанд ин боварнокарданист, вале пуле ки муҳоҷирон барои патент ба буҷаи Маскав месупоранд,ҳатто назар ба андози ширкатҳои бузурги нафт бештар аст. Онҳо якманбаи даромадиизофӣ мебошанд,” – афзуда буд шаҳрдори пойтахти Русия.
Муҳоҷироне ки мехоҳанд дар шаҳр ё вилояти Маскав кор кунанд, бояд аз Маркази Сахарово патент бигиранд. Соли гузашта ин марказ ба 1,2 миллион муҳоҷир патент додааст, аз ҷумла 813 ҳазор патент танҳо барои шаҳри Маскав. Шаҳрдории Маскав аз 1 январ нархи патентро барои муҳоҷирон боло бурд ва ҳоло ҳар муҳоҷир бояд моҳона фақат барои патент 4500 рубл ба буҷаи Маскав пардохт кунад.
Теги: новости таджикистан 2018, сегодня, хабархои нави точикистон 2018, хабархои имруз, хабархои нав, ахбор 2018,
хабар 2018, tajikistan news 2018, хабархои точикистон 2018, ахбори ВКД, душанбе 2018, cипар 2018, худжанд 2018,
эмомали рахмон 2018, ахбори точикистон 2018, хабархои нави точикистон 2018, таджикистан новости 2018, tajikistan 2018,
tajikistan news 2018, душанбе 2018, навгони, нав, хабар, ахбор, ходисахо, точик, курс сомони сегодня, россия таджикистан 2018, таможенный союз таджикистан 2018,