Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон бошукуҳ оғоз гардиданд.
Дар маросим оркестри "Фонограф-Симфо-Ҷаз" таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Русия Сергей Жилин ва гурӯҳи машҳури балети "Тодес" бо беҳтарин намунаҳои санъати мусиқӣ ва хореографияи муосир ҳунарнамоӣ карданд.
Дар фойе намоишгоҳи расмҳои русӣ ба намоиш гузошта шуд. Ҳунармандон инчунин дар Хуҷанд барномае иҷро мекунанд.