Дӯстон «Ванҷӣ будан» ҳарфу суханбофӣ нест, Пеши мо Ванҷӣ будан мафҳуми ҷуғрофӣ нест. Ванҷӣ будан ҳадафи олии одам будан аст, Ҳуҷҷат аз зодаи ин мулк будан кофӣ нест. Ванҷӣ он аст, ки гар ҷон бидҳад бар раҳи дӯст, Ё ба қимат бихарад ҷони адӯ, лофӣ нест. Ҳар чӣ аз дил бидиҳад, таъмаи фардо накунад, Чу дар ойини сафо нуқтаи саррофӣ нест. Ванҷиро дӯстиву душманӣ дар парда мабод, Амалаш кори биҳиштист ва аърофӣ нест. Охирин луқмаи худ он ки ба меҳмон надиҳад, Номи ӯ сабт дар он дафтари ашрофӣ нест. Бо ҳама пилтанӣ содаву хубу хушзавқ, Хеш бар кӯра занад ахгари атрофӣ нест. Ҳар ки дорад сифати нек - бароям ванҷист, Пеши мо ванҷӣ будан мафҳуми ҷуғрофӣ нест. Ҳар киро ишқ ба мардонагиву ҳиммат нест,