Лабрети ишқ Қисми 19 ... Аз гиро шудани чароғи ҳуҷра Алёна бедор шуд. Антон такя ба девор зада меистод. - Чӣ шуд, падар? - Дима канӣ? - Дима? Хабар надорам. Дар ҳуҷрааш нест? - Ман гумон кардам... Хайр, фаромӯш кун. - Чӣ шуд? - Ҳеҷ гап не. Оби хунук дорӣ? - Дар ошхона... Биёрам? - Худам меравам. Ту хоб кун. Узр, ки бедор кардам. Аммо Алёна бархоста ҳамроҳи падар то ошхона рафт ва аз оби ҷӯшонидашудаи сардгашта ба Антон дод. - Маро ҳар гуна... фикрҳои... ором намегузорад. Аз ту як чиро пурсиданӣ будам. Дарро маҳкам кун. Алёна дари ошхонаро пӯшида баргашт. - Шин, - курсиро ишора кард Антон. Алёна дар рӯ ба рӯи падар нишаст. - Акнун рӯирост иқрор шав, аз ман пинҳон накун. Димаро дӯст медорӣ? - бо овози пасти нимшунаво гуфт Антон. - Бениҳоят. Ҷавоби Алёна гӯё ба сӯҳбати онҳо хотима гузошт. Антон дида аз симои духтар намеканд, боз ҳарфи гуфтание дошт ва ғарқи андеша буд. - Чӣ ҳодиса шуд? - пурсид Алёна. - Ҳеҷ. Ман танҳо... донистан мехостам, ки муносибати ӯ бо ту чӣ гуна аст. - Пештара барин. - Пештар чӣ гуна буд? - Хуб. - Оё ту бовар дорӣ, ки ӯ туро дӯст медорад? - Шубҳа дорӣ? - Аммо ӯ дар ин бора ба ман ҳарфе нагуфтааст. - Чаро ба ту гӯяд? - Охир ман падар ҳастам. - Медонад, ки падарам ҳастӣ. Шояд фурсаташ нарасида бошад? - Донишгоҳ мехонӣ? - Не. Дар ягон вазифа кор карданӣ ҳам нестам. - Диплом медоштӣ, туро дар ягон вазифаи роҳбарикунанда мегузоштам. - Дима ҳам диплом надорад. Гуфтӣ, ки директори ферма мешавад. - Ту ҳам директори ферма шуданӣ? Мо як ферма дорем. - Говдӯш мешавам. - Ақлатро хӯрдӣ? Ман директори генералӣ, ту говдӯш? - Ту диплом дорӣ. - Меҳри падарӣ ҳам дорам. - Чӣ гуфтан мехоҳӣ? - Димаро бедор кун! - Соат нав се шуд. - Мо бояд тақдирро ҳаллу фасл кунем. - Соати сеи субҳ? - Соати фаро расидани маргро медонӣ? Ё марг ҳам расидани рӯзро мунтазир мешавад? - Ту Димаро куштанӣ? - Ақл надорӣ духтарам, рав Димаро даъват кун. - Бешӯхӣ? - Ман ҳазл намекунам. Алёна то назди дар рафт ва ба падар нигарист, ки шояд ӯро баргардонад. Аммо ӯ ба як нуқта назар дӯхта меистод. Алёна оҳиста рафта чароғи ҳуҷраи Дамирро гиро кард. Дамир бедор буд. - Хоб нестӣ? - Не. Чаро омадӣ? Рав, ки падарат бохабар мешавад. - Падарам туро даъват дорад. Агар дар бораи муносибатамон пурсад, "дӯст медорам" гӯй. - Ақлат дар ҷояш? Ман наметавонам ин тавр гуфта. - Роҳ гард, падарам мунтазир. Дамир аз ҷо бархоста аз паси Алёна то ошхона рафт. Антон дар ҳақиқат онҳоро интизор буд. - Барои маълумот ва барои маҷлис як ду чизро аз ту пурсиданӣ будам, - гуфт Антон. - Марҳамат. - Ҳамроҳат чанд нафар кор мекунанд? - Панҷ нафар. Се мард ва ду зан. - Ду зан бо чӣ кор машғуланд? - Занҳо ба корҳои шавҳарашон кӯмак мекунанд, хӯрок мепазанд, рӯбучин... - Ту ба ман даҳ нафар ваъда додӣ. - Меоянд рӯзҳои наздик. Мо дина дар ин бора маслиҳат кардем. Шояд аз даҳ нафар ҳам бештар шаванд. - Даҳ нафар кифоя. - Мо маслиҳат кардем, ки... албатта бо иҷозати ту... ва маблағгузориат... Агар имконият бошад. - Чӣ маслиҳат кардед? - Дар назди ферма гармхона созем, пору ҳаст, аз басандагӣ бештар. Бо маҳсулотҳои кишоварзӣ аққалан ошхонаи коргоҳро таъмин кунем. - Ақидаатон бад не, аммо дар гармхона чиро парвариш мекунед? - Помидор, бодиринг, карам, кабудӣ ва ҳатто лимонро. - Ман ин масъаларо пагоҳ дар маҷлис мегузорам. Албатта маблағ мегузаронем. Чӣ қадар маблағ лозим? Оё мутахассис дорем? - Мутахассис дорем, ки таҷрибаи зиёди корро дорад. - Пас аз як ҳафта чорворо меорем, мо ваъда додем, ки аз якуми октябр говҳо аз мо мешаванд. Чунки онҳо захираи хӯроки чорворо надоранд. Барои дастрас кардани хӯрока ба хоҷагиҳо рафта шартнома мебандӣ, ҳарчӣ арзонтар бошад ба нафъи худамон. - Фаҳмидам. Антон хомӯш монд. Алёна сабаби ба дигар мавзӯъ рафтани сӯҳбатро намефаҳмид. - Гармхонаро дар як гектар ба нақша гир. Алёна роҳбараш мешавад. Чӣ қадар масолеҳ лозим маълумот пешкаш кун. - Алёна ҳоло ҷавон аст, - ба Алёна нигарист Дамир, - масофа дур, ранҷ мекашад. - Дар хобгоҳ ҷо медиҳӣ. - Хобгоҳ хунук, айвонро оинабандӣ кардан лозим меояд. - Оинабандӣ кун! Шароити хуби кору истироҳатро таъмин кун, ба ҳар хона телевизор гузор, печка хар, ҳезуму ангиштро захира кун. Ту директори ферма, ман не-ку. - Ман маблағ надорам. - Ба ман муроҷиат кун. Сарфакорона истифода бар, истеҳсолотро зиёда гардонед, талаб карданро омӯз, корро ба ҳоли худаш нагузор. - Мекӯшам. - Инак, ферма ва гармхона тобеи коргоҳи мо мешавад вале мустақилона амал мекунад. Ҳама гуна нақшаву чорабиниҳо бо иҷозат ва дастгирии коргоҳи "Шахерзад" доир мегардад. Сипас ба Алёна рӯ овард: - Имтиҳони хатм кай сурат мегирад? - Ба фикрам моҳи июль. - Аз якуми август ту роҳбари гармхона. Аз мавзӯъи асосӣ дур рафтани суҳбат Алёнаро дар ҳайрат гузошт. Хеле мунтазир шуд, ки падар аз Дима муносибаташро бо духтараш мепурсад, аммо ҳайҳот. Шояд донистан ҳам нахоҳад, ки Дима дар ҳақиқат ӯро дӯст медорад ё не. - Боз ягон масъалае ҳаст, ки кӯмак карда тавонам? - пурсид Антон ва ин сухан дар дили Алёна шарораеро фурӯзон кард. Дамир ба андеша рафт. "Ҳозир мегӯяд, ки ман Алёнаро дӯст медорам" - андешид Алёна. Аммо Дамир хомӯширо ихтиёр карда буд, шояд ҷуръат намекард. - Ягон гуфтание надорӣ, - ниҳоят бо овози ларзон пурсид Алёна. - Барои таъмири хобгоҳ оё маблағ ҷудо шудааст? Мо қисми масолеҳи сохтмониро дастрас кардем. То фарорасии зимистон мехостам айвон оинабандӣ шавад. "Ландаҳури тарсу" - қариб ин суханро Алёна ба забон оварда буд. - Тиреза фармоиш диҳем? - пурсид Антон. - Ба мо танҳо оинаву тахта лозим, усто дорем, гуфт, ки дар як моҳ ба пуррагӣ оинабандӣ мекунад. Сониян агар имконият бошад поруи кӯҳна дар худамон боқӣ монад. Поруҳои навро дар ягон чуқурӣ мепӯсонем то барои солҳои минбаъда нуриҳои минералӣ аз худамон бошад. - Мо даҳ гектар заминро ба иҷора гирифтем. Як гектар барои гармхона, ним гектар барои пору, магар молро бо хӯроки худӣ таъмин карда метавонем? - Наметавонем. Боз даҳ гектари дигар аққалан лозим аст. - Ман худи пагоҳ бо Миша маслиҳат мекунам. Боз понздаҳ гектар хоҳиш мекунам. - Шумо бемалол сӯҳбататонро идома диҳед, - гуфта Алёна ба хонаи худ баргашт. - Ту ҳам рав, каме истироҳат кун, - гуфт Антон ба Дамир, - ман барои баромадам матн бояд чоп кунам. Дамир ба ҳуҷраи худ гузашт, то каме ёзида истироҳат кунад. Чароғро хомӯш карданӣ буд, ки Алёна омад. - То ин дараҷа беҷуръат буданатро нав фаҳмидам, - гуфт пичиррос зада, - безор кардед бо поруятон. - Поруи мо не, аз говҳо. Чаро ман беҷуръат будаам? - Нагуфтӣ-ку аз муҳаббатамон? - Ӯ аз ман дар масъалаи кор пурсон шуд. Сониян, пас аз хатми мактаб ба наздам меравӣ. Он гоҳ ману ту озод, кабӯтар барин. - Ман донишгоҳ мехонам. - Хон, рӯзона донишгоҳ, шабона бошишгоҳ. - Худи ҳозир рафта гӯй, ки маро дӯст медорӣ! - Не, ҳоло фурсаташ нарасидааст. Каме сабр бояд кунем. Ту ба Алёша ваъда надодӣ? Ин дам дар кушода шуду Антон даромад. - Шумораи умумии коргаронро чанд нафар нависам? - пурсид аз Дамир, гӯё Алёнаро намедид. - Гуфтам-ку, мо шаш нафарем. - Не, дар нақша чанд нафар коргар ба ҳисоб гирем, бисту панҷ нафар ва ду роҳбар? - Ҳамин қадар будагист? - паси сар хорид Дамир, - Пас барои мо боз нуздаҳ коргари дигар лозим? - Бале, тезтар дар ҷустуҷӯяшон шав, - гуфт Антон ва аз дар берун шуд. - Маро шарманда кардӣ, - гуфт Дамир, - шарт буд ҳозир омаданат? - Пагоҳ ба ферма меравӣ, Худо медонад кай бармегардӣ. - Ту ҳам "Худо" гуфтӣ-ку?! - Мегӯям минбаъд. Боз талаби онро мекунам, ки дар дилат каме меҳр пайдо кунад. - Аллакай пайдо кард, ба қудратат гардам, - Дамир Алёнаро сахт ба оғӯш гирифт, - бовар кардӣ? - Бовар кардам, имрӯз занг мезанам, ҷавоб деҳ. Бегоҳ бармегардӣ? - Не, кор ниҳоят бисёр, вале фурсат кам. Хобгоҳ, ки тайёр шуд, туро ба тамошояш мебарам. - Рӯзи якшанбе рафта дар корҳоят кӯмак мекунам. Ранг молида метавонам. - Айни муддао, фарши хонаро ранг мемолӣ. Маслиҳат пухт? - Пухт! ... Нисфирӯз Антон Дамирро ба идора даъват кард. Бояд барои оинабандӣ кардани айвон масолеҳ барад. - Ёрдамчӣ ёфтед? - пурсид аз Ӯрмон-амак, - раис барои оинабандӣ кардани айвон иҷозат дод ва маҳсулоти заруриро ҷудо кардааст. - Ёрдамчӣ - ҷияни худам, рӯзҳои шанбе ва якшанбе омада кӯмак мекунад. - Хеле хуб, пагоҳ шанбе, биёяд. Барои ҳар рӯзи кораш якуним ҳазор дастмузд мегирад. - Мо чӣ? - Пас аз ба анҷом расидани таъмир маош мегиред. Аз шумо рӯзбайъ не. Дамир ба квадроциклаш савор шуда рафт. - Дар охир фиреб надиҳанд хуб мебуд, - гуфт Ӯрмон-амак ба ҳамроҳаш, - Ман чанд маротиба ба дасти фиребгару қаллоб, миёнараву маошхӯрҳои иловагӣ афтидаам. - Ҷавони хуб барин метобад, чӣ вазифа дорад? - Ин ҳам як началник, корчаллон барин. Медонӣ, ӯро бори аввал дар шаҳр дида будам. Дар ҳамин чорчархааш як духтарчаи русро савор карда мегашт. - Духтарчаи русро аз ҳисоби заҳмати мову ту обу дон медодагист? - Албатта, боз аз куҷо мешуд? Кадомеро фиреб карда чорчарха харидааст, чорчарха пагоҳ мошини калони арзишманд мегардад. Мову ту аҳмақ, ба як бурда нон қаноат мекунем. - Агар маошамонро надиҳад, чорчархаашро савор мешаваму меравам. Мефурӯшам ва пулашро тақсим мекунем. - Инҳо гурги борондида, рӯзи маош даҳ нафар шуда меоянд, лом гуфта наметавонӣ... Дамир бегоҳ бо як мошини боркаш баргашт. Мошин аз тахта ва оина лаболаб буд. То як поси шаб ҳамаро зери айвон ҷо карданд. Нав дар сари дастархон нишаста буданд, ки Алёна занг зад. - Ҳозир мошинро гуселонидем, - гуфт Дамир, - фурсати занг задан надоштам. Бегоҳи шанбе меравам ва субҳи якшанбе туро меорам. - Ба русӣ тоза ҳарф мезанӣ, - гуфт Ӯрмон-амак, - ин ҳамон духтари чорчархасавор нест? Ё боз дигараш? - Худи худаш, - хандид Дамир, - мехоҳад дар корҳоям кӯмак кунад. Ваъда додам, ки рӯзи якшанбе меорам. - Охир, вай кӯдак аст, чӣ кор карда метавонад? - Дарвоқеъ, ҳамин кӯдак директори гармхона мешавад. - Кадом гармхона? - Аз хотиратон баромад? Дина маслиҳат кардем-ку? - Боз хандид Дамир, - пир шудед-чӣ? - Наход барои як гармхона директор лозим бошад? - Гармхона дар масоҳати як гектар, ба маблағи ҳаштод миллион сохта мешавад. - Инро ба ту кӣ гуфт? - Шаб то дер маҷлис доштем. Раис аз нақшаҳо пурсид. Маслиҳатамонро баён кардам. Розӣ шуд, гуфт, ки тезтар коргар ҷамъ кунем. Тӯрахон кай меояд? - Пагоҳ. Аммо танҳо бо Тӯрахон кор ҳал намешавад, вай ҳамагӣ як тракторист. - Хешу табор бошанд, даъват кунед, ба мо боз ҳаждаҳ нафар коргар лозим. Танҳо кӯшишу ғайрат дошта бошад. Фарқ надорад, зан аст, мард аст, духтар ё писар. - Пас кор нав сар мешавад гӯй? Дар ду рӯз ҳаждаҳ нафар ёфта меорам. Тӯрахон омаду дар ду рӯз тамоми тракторҳоро ба кор андохт ва "завгар" (заведующий гаража) ном гирифт. Минбаъд ҳама ӯро Завгар ном мебурдагӣ шуданд. Бегоҳи рӯзи шанбе Дамир ба хонаи Антон баргашт. Алёна аз дигар навъи хӯроки фирмавиаш омода карда ӯро мунтазир буд. - Падарат кай меояд? - пурсид Дамир. - Занг задам. Гуфт, ки имрӯз наметавонад ва барои ҳамроҳат рафтанам розӣ шуд. - Шахерзад-чӣ? - Ҳамин-ҳоло бояд расад. Дастонатро шӯй. - Аввал мӯъҷизаи техникаро ба қувва пайваст мекунам, то пагоҳ дар нимароҳ намонем. - Аввал, - Алёна ангушташро ба лабонаш бурд, - як бӯса! - Дастонамро шӯям... - Ту бо дастонат мебӯсӣ? Дамир уқобвор қанот кушода дар назди Алёна қарор гирифт ва аз лабонаш бӯсаи кӯтоҳе гирифту пас гашт. Аз ин амали Дамир Алёнаро ханда гирифт. - Дастонат ифлос, барои ҳамин бол баровардӣ? - Бале. Аммо қаноташ ҳанӯз кушода буд, ки Фараҳноз омад. - Кӯшиши паридан дорӣ? - пурсид ӯ. Аммо Дамир сир бой надода дар ҳамин аҳвол назди хоҳараш рафт ва аз рухсораи ӯ низ бӯса гирифт. - Ба додарам имрӯз чӣ шуд? - хандид ӯ, - париданро меомӯзад? - Гуфтам, ки дастонат ифлос, ба парвоз омад, - хандид Алёна. Фараҳноз дар хотир надошт, ки кай додараш то ин дараҷа хушҳол буд. Кайфияти Дамирро дида мондагии корро фаромӯш кард. То дер чорнафарон сӯҳбати самимӣ карданд. Имшаб ҳама хушҳол буд... Дар омади гап Дамир аз аҳволи Муҳиб пурсон шуд. - Нияти тӯйро надоред? - пурсид ӯ. - Ҳанӯз не. Шояд соли модарашро интизор бошад. Ҳар гоҳ маро мебинад, туро мепурсад. - Бисёр вомехӯред? - Моҳе як маротиба, - Фараҳноз бо овози баланд хандид, - лекин то ҳол изҳори муҳаббат накардааст. - Ҷавонони имрӯза латтакӯҳна, - ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Алёна ва ба Дамир ишора кард, - ана як намуна, воситаи аёният. Садои ханда боз баланд шуд. - Ман як дӯстдошта дорам, арзи дилро ба ӯ мегӯям, - гуфт Дамир ба Фараҳноз чашмак зада. - Дидам, чашмак задӣ, пас дурӯғ мегӯӣ, - гуфт Алёна, - маро фиреб дода наметавонӣ. - Чӣ ном дошт он духтар? - пурсид Фараҳноз, - Сабрина буд ё Шарлотта? - Шаппотӣ ном дошт, - Алёна дасташро то манаҳи Дамир бурд. Дамир аз банди дастони нозуки Алёна дошта хандид: - Дастчаро бинед, бо ин дастон шаппотӣ ҳамчу навозиш аст. Ин дастҳо аз хӯрокпазӣ дигар ба боқӣ корҳо истифода нашудаанд. - Чунон занам, ки аз рӯят шарора парад! - Алёна ҳарчанд кӯшид, аммо дасташро раҳо карда натавонист. Бинобар бо дасти дуввумаш дасти Дамирро пучид, - пӯсти Дима аз чарм бошад, ки таъсир надорад. - Сар деҳ дастонашро, пӯсти сафед дар як лаҳза кабуд мешавад, - гуфт Фараҳноз. Дар ҳақиқат банди дастони Алёна аллакай кабуд шуда буд. - Бар падарам нишон медиҳам, ана бурҳон, ки бар ман зӯроварӣ кардӣ. - То саҳар гум мешавад, - гуфт Дамир. - Ман сураташро гирифта мемонам, ё ба дӯстдоштанат иқрор мешавӣ ё ҷазо мегирӣ, - Алёна телефонашро гирифта дасташро аз ҳар тараф аккосӣ кард. - Хуб, пагоҳ ҳама ба кор мераванд. Ту ҳам барвақттар хоб кун, субҳ соати ҳафт ба роҳ мебароем, - гуфт Дамир ба Алёна ва худ ба ҳуҷраи худ гузашт... Роҳи ферма дар назари Алёна ниҳоят дур намуд. Қариб як соат дар паси Дамир нишаста ӯро мустаҳкам дошт. Аз насими саҳар ва боди суръати чорчарха танаш ба ларза омад ва худро ба Дамир ҷафс кард. Дар ферма аллакай кор меҷӯшид. Се ҷавони навомада поруро дар прицеп бор мекарданд. - Монда набошед! - гуфт Дамир квадроциклашро дуртар қарор дода ва ба Алёна фармуд, ки ҳеҷ ҷо наҷумбад. Худ рафта бо ҳар яке гарм аҳволпурсӣ кард. - Барои кори доимӣ омадед ё муваққат? - Доимӣ. Аммо биргад (бригадир) мегӯяд, ки ҷои хоб намерасад. - Чӣ хел намерасад? Даҳ хона дорем. - Таъмир мекунанд ва ҷойгаҳ надорад. Нав ба хотири Дамир расид, ки онҳо ҳамагӣ даҳ ҷойгаҳ доранд. - То бегоҳ ҳал мекунем, - гуфт Дамир ва боз пурсид - Шумо чанд нафаред? - Намедонам, дар назди бино боз бист нафари дигар ҷамъ омадаанд. Мо дуредгар нестем, бинобар ба порукашонӣ фиристоданд. - Бист нафари боқимонда ҳама дуредгаранд? - Ба фикрам ҳамин хел... - Цехи дуредгарӣ надорем мо, - Дамир квадроциклашро савор шуда назди хобгоҳ омад. Дар ҳақиқат дар назди хобгоҳ ягон ҳашт нафар занон ва даҳ-дувоздаҳ нафар мардон ҷамъ омада буданд. Дамирро дида Ӯрмон-амак наздаш омад. - Раис, мо ба гумонам ниҳоят бисёр шудем. - Ба гумонатон не, аниқ бисёр шудед, - сипас назди ҷамъомадагон рафта ба ҳама саломи умумӣ дод. - Ассалому алейкум ҳамватанон. Чанд нафар шудем? - Бисту ду нафар, - гуфт Ӯрмон-амак. - Кӣ метавонад тиреза сохта? Қариб аксари мардон садо баланд карданд. - Ин ҳеҷ имкон надорад, ки ҳама дуредгар бошем. Кадоме аз шумо асбобҳои дуредгарӣ дорад? Ду нафар аз мардон назди Дамир омаданд. - Канӣ асбобҳоятон? - Дар хонаи иҷора, метавонем худи ҳозир орем. - Дар шаҳр зиндагӣ доред? - Бале, мошини шахсӣ дорем, дар ду соат бармегардем. - Равед, фурсат ғанимат, - Дамир ду нафарро гуселонида ба занҳо муроҷиат кард: - Шуморо шавҳаронатон дар куҷо? Маълум шуд, ки шаш нафар зану шавҳар омадаанд. - Занҳо дуредгар нестед? - Не, - ҳама хандиданд. - Тракторист нестед? - Мо тракторист, - гуфта ду марди дигар назди Дамир омаданд. - Ин кас завгари шумо, - Тӯрахонро ишора кард Дамир, - равед ба ферма ҳамроҳашон. - Мо либоси корӣ надорем. - Ҳо дари ҳуҷраи охирин кушода, мувофиқи андозаи танатон либосу мӯза гиред. Экскаватор ба кор даромад? - пурсид аз Завгар. - Соат барин. - Ковш дорем? - Дорем. - Дар паҳлӯи бинои ферма чуқурӣ мекобед. Чуқуриаш се метр, паҳноияш панҷ метр. Барои гӯронидани пору. - Дарозиаш чӣ? - То қади кӯча. Поруи хушкидаро дар дигар ҷо ҷамъ мекунем. Ин барои поруҳои нави имсола. Сипас боз ба занон муроҷиат кард. - Кадоме аз шумо бо дастгоҳи ширдӯшӣ кор кардааст? Танҳо як зан даст бардошт. - Шумо хола дигаронро меомӯзонед. Ба мо даҳ нафар зани ширдӯш лозиманд. Шумо чанд нафар? - Ҳафт нафар. - Метавонед дусад сар говро дӯшида? - Кӯшиш мекунем. - Корро аз камаш сар мекунем. Пагоҳ панҷоҳ сар говро тариқи таҷрибавӣ дастрас мекунанд. Бо ҳамин шумора се рӯз дугонаҳоятонро омӯзонед. Розӣ? - Розӣ. Дамир дар дафтарчааш чизеро кайд кард ва боз ба занон рӯ овард: - Ба ягон хонаи таъмиршуда дароед, мо бо мардон сӯҳбати мардона дорем. - Дима! - ниҳоят дилтанг шуда фарёд кард Алёна, - шинам ҳамин хел? Монда шудам. - Туро қариб фаромӯш кардам, - хандид Дамир, - фарову як гирду атрофро саёҳат кун. Сипас ба мардон муроҷиат кард: - Ман Дамир ном дорам, аз Тоҷикистон. Бо супориши директори генералӣ ва дастгирии шумо албатта, роҳбарии кори фермаро ба дӯш гирифтаам. Мо ҳама муҳоҷирем, як луқма нон гуфта, зану фарзандонро ба паноҳи Худованд супорида омадем. Ферма ҳам ҷои корамон аст ва ҳам истиқоматамон. Бо ҳам дӯсту тифоқ бошем ва ҳалол меҳнат кунем. Дуздӣ накунем ва бо сари баланд ба Ватан баргардем. Ҳамдигарро дастгирӣ кунем ва маоши баландро насибамон гардонад. Касе аз мардон "омин" гуфта монд. - Дар назди мо се вазифаи муҳим истодааст. Якум сохтмони анбор барои маҳсулоти хом, анбор барои нигаҳдории дастгоҳҳои ширдӯшӣ. Дуюм омодагӣ ба қабули чорво, омода кардани ҷо барои хӯрокаи чорво ва ниҳоят сохтмони гармхона. Нақшаи рӯзонаи истеҳсоли шир панҷ тонна муқаррар шудааст, бештар истеҳсол кунем маошамон зиёд мешавад. Барои камтар шудани хароҷот пешниҳод мекардам, ки як бинои фермаро анбори маҳсулоти хом кунем. Дастгоҳҳоро муваққатан дар яке аз ҳуҷраҳои хобгоҳ ҷой медиҳем. Бо ин роҳ мо имконият пайдо мекунем, ба сохтмони гармхона то оғози фасли сармо асос гузорем. Интихоби касбҳоро ба ихтиёри худатон мегузорам. Мутахассис бояд кори сохтмонро роҳбарӣ кунад. Миёни мардон таклифу пешниҳодҳо сурат гирифт. Аз фурсат истифода бурда Дамир ба Антон занг зад. - Бисту панҷ нафар коргар аллакай машғули кор ҳастанд. Ҷойгаҳ намерасад. - Рафта аз мағоза хар, маблағашро мо ба суратҳисобашон мегузаронем. - Дигар масъала: имрӯз қисми зиёди ферма аз пору тоза мешавад. Оё имкон дорем, ки панҷоҳ сар говро пагоҳ дастрас кунем? Занҳо таҷриба мекарданд. - Метавонем. Панҷоҳ сар худи пагоҳ дастрас мегардад. Алёна ҳамроҳат? - Бале, дар паҳлӯям. - Эҳтиёт кунед. Вазифаҳо муайян, ҳама ба кори худ шурӯъ кард. Пас аз баргаштани дуредгарон Дамир хоҳиш кард, ки ӯро бо ҳамроҳии Алёна то шаҳр расонад. Дуредгар-ронанда розӣ шуд. - Маро гуфтӣ, ки ранг мемолам, ба куҷо меравем? - пурсид Алёна дар паҳлӯи Дамир ҷо гирифта. - Рангмолиро фаромӯш кун, намебинӣ чӣ қадар коргар дорӣ? - Дорам гӯй. - Воқеан, ин кас директори гармхона ҳастанд, - Алёнаро ба ронанда шинос кард Дамир, - Алёна Антоновна. - Тоҳир, - худро муаррифӣ кард ронанда, - вале амакам ҳам маро Тоха ном мебарад. Аз тарзи суханронӣ ва рафтори ҷавонмард маълум буд, ки ӯ солҳои зиёд дар муҳоҷират аст. - Пештар дар куҷо кор мекардед? - пурсид Дамир. - Мо аксар аз як маҳаллаи тоҷикнишини Қаршӣ ҳастем, бо ҳамдигар хешу табор. Амакам даъват кард, аввал дар сохтмони як завод кор кардем. Заводро ба истифода доданд, болопӯши хонаҳоро истеҳсол мекард. Тасаввур кунед, дар як заводи калон даҳ нафар коргар. Ҳамаи корҳоро техника иҷро мекунад. Сипас ба фабрикаи истеҳсоли дару тирезаҳо гузаштем. Бинобар ҳамин ҳама худро дуредгар гуфт. - Дару тиреза сохта бошед, дар ҳақиқат дуредгаред. - Дар сари дастгоҳ дувоздаҳ соат рост меистодем. Дар он ҷо низ ҳама корро техника иҷро мекунад, аз мо танҳо андоза гузоштану ҷои қулфу дастакро сӯрох кардан ва дар қуттӣ ҷо кардан. Ҳар смена сесаду панҷоҳ дона норма. Мушкилаш бардору фарор, бурда дар анбор таҳ кардан. - Хеле хуб! - Ҳеҷ ҷои хубӣ надорад. - Хешу табор буданатон хуб. Хислати ҳамдигарро медонед ва якдигарро дастгирӣ карда метавонед. Айвонро ҳамчун филиали гармхона истифода мебарем. Тухмиро дар ҳамин ҷо омодаи кишт мекунем. Бинобар, бояд зери айвон ҳавои гарму мӯътадил ва равшании дастрас дошта бошад. - Ящикҳои парвариши тухмӣ дорем? - Дувоздаҳ нафар дуредгар дорем. Ҷавоби саривақтии Дамир Тоҳирро писанд омад магар, ки табассум кард. Ҷойгаҳ, зарф, сару либоси махсус, хӯрокаро харида бо мошини боркаши коргоҳ гуселониданд. - Алёна Антоновнаро то хонаашон мерасонем, сипас ба ферма бармегардем, - гуфт Дамир. - Ман ҳамроҳат, - рад кард Алёна, - бояд аз раванди кор ошно шавам. - Ту бояд ҳисоботро барои кори имрӯза тартиб диҳӣ, - Дамир ба Алёна чашмак зад. Аз рӯи нишондоди Дамир то хонаи Антон расиданд. Дамир Алёнаро то дари хона гуселонд. - Антон фармуд, ки тарҳи сохтмони гармхонаро аз интернет дастрас кунӣ ва нақшаашро дар коғаз чоп кунӣ. Масоҳат як гектар. - Бегоҳ бармегардӣ? - Албатта. Маро мунтазир шав. Дамир шитобон омада дар мошин нишаст. - Ин хонаи Антоновна аст? - пурсид Тоҳир. - Бале. - Ин қадар маблағро аз куҷо меёбанд? - Шабу рӯз заҳмат мекашанд, шунидӣ Антоновна чӣ гуфт? Фарши хобгоҳро рангмолӣ омада буд. Ман нагузоштам. - Духтар хеле ҷавон барин. - Хеле ҷавон, вале кордон. * * * Дамир як нафарро ошпаз таъин кард. Ин зан нисбатан солхӯрда менамуд. - Шумо сарошпази мо, хола, дастурхони бисту панҷ нафарро саришта мекунед. Соати ҳафт наҳорӣ, дувоздаҳ нисфирӯзӣ, бегоҳ ба кайфиятатон вобаста. Гӯштро ба андозаи гӯшашон медиҳед. Дамир мекӯшид, ки бо ҳама ҳазл кунад. Аммо дар ҳама ҷо шахсоне ёфт мешаванд, ки ҳаҷву ҳазлро намефаҳманд, ин гуна эҳсосот барояшон бегона аст. - Миёни русҳо гашта ҳурмату эҳтиромро намедонӣ! - гуфт марде, ки ба андозаи ҷисмаш мувофиқ либос намеёфт, - ин зан ҳамсоли модарат аст, шояд бузургтар. - Ман чӣ гуфтам? Ягон сухани беҷо задам? - Ҳазлу шӯхиро бо ҳамон оимчаи ҳамроҳатбуда кун. - Ака, ҳамон оимча - директори шумо. Хоҳиш мекардам, ки ба иззати нафси ҳамдигар нарасем. Ман бо ҳама ҳазл мекунам. - Бо ман ҳазл намекунӣ. Ман писари аммаат намешавам. - Тоҳирако, - ронандаро наздаш даъват кард Дамир, - амакатон ҳамин кас мешаванд? - Не, лекин бегона нестанд. - Ба забони худатон фаҳмонед, ки ин ҷо макони муайян кардани эҳсосот нест. Ман намехоҳам касеро ранҷонам, аммо тарзи муомилаашон агар дигар нашавад, метавонанд ба танашон либос интихоб накунанд. Тоҳир мардро дуртар бурда ким-чӣ маънидод кард. Дамир ду ҳуҷраи мобайниро интихоб кард ва фармуд, ки қисми девори мобайниро кушода барои занҳо ошхонаи алоҳида созанд ва барои ин кор ду рӯз мӯҳлат дод. - Дар ду рӯз наметавонем, - гуфт Тоҳир. - Ман кӯмак мекунам. - Не, раис, шумо бемалол аз паи коратон бошед. - Ӯрмон-амак канӣ? Ман гуфтам, ки як нафарро барои ҳамин гуна корҳои ғайринақшавӣ гузоранд. Канӣ ҳама? Аз понздаҳ нафар мард се нафар боқӣ мондаанд. - Ҳама дар ферма. Дамир ҷониби ферма раҳсипор шуд. Дид, ки ду нафар кор мекунанд, дигарҳо тамошобин. Касе дар миён чизеро бо шавқ нақл дорад, ҳама хушҳол. - Шунавандаҳо дар ин ҷо, ман ҳазламро бо киҳо дорам? Кӣ бекор? Киро ҳазлҳои намакин хонам? Ҳама хомӯш шуданд. - Чор нафар дар ин ҷо басанда, рафтем ҳамроҳи ман. Дамир бо қалам дар девор ҷои барканданро ишора карду фармуд, ки деворро афтонанд. - Бом ба сарамон фурӯ меравад, - гуфт ҷавоне. - Ин девор борбардор нест, хавотир нашавед. Хишташро ҷудо карда оташдон созед, ҳо дар ана кунҷ. Цементу рег дорем. Дар як лаҳза ҳамаро чанг пахш кард. Дастобадаст хиштҳоро аз девор ҷудо карда дар як тараф таҳ карданд. Танҳо як қисми девор, ҷое, ки оташдон дар назар дошта шуда буд, боқӣ монд. - Сохтани оташдон вазифаи ҳардуи шумо, - ду нафарро ишора кард Дамир ва боз ду нафари дигарро фармуд, то аз паи мӯрӣ (дудбаро) бошанд. Худ квадроциклро савор шуда ба хона баргашт. * * * - Сарам ҳеҷ чизро намегирад, ба дард даромад, - баробари Дамирро дидан гуфт Алёна, - аз ин хатҳо чизеро нафаҳмидам. - Ту донишгоҳ хонданӣ будӣ-ку? - Биё, беҳтараш кӯмак кун. - Ман ҳамагӣ маълумоти нӯҳсола дорам. Канӣ, ба кадом саҳифа даромадӣ? Ду нафар дар сари компютер нишаста хеле саҳифагардонӣ карданд. Дамир дар дафтари худ қайдҳо мекард. Сипас аз Алёна хоҳиш кард, ки яке аз расмҳоро дар коғаз чоп кунад. - Айнан ҳамин гуна гармхона ба мо лозим меояд. Ин чоряки гектар. Аз ҳамин гуна гармхона чор дона месозем. Ана ин номгӯи материалҳое, ки барои сохтмон лозим мешаванд. Ҳамаи ин рақамҳоро ба чор зарб зан. Арзиши масолеҳро бо дастрас карданаш ҷӯё шав, ҳарчӣ арзон бошад, боз хубтар. - Ман бояд хӯрок пазам. - То ҳол напухтӣ? - Фурсат надоштам. - Шахерзадро хоҳиш мекунам, ягон чӣ меорад. - Лозим нест! Ман имрӯз як намуди нави хӯрокро омӯхтам, дар ним соат омода кардан мумкин. - Аҳа, туро гуфтам нақшаи гармхонаро бин, ту бошӣ... Боз дарди сар шудам мегӯӣ. - Гармхона кори ман не. Ман директор! - Барои директор будан аққалан пойдевор лозим. Э, нодонаке, рав, аз паи хӯрок шав! То баргаштани хоҳараш Дамир тамоми лавозимотро бо арзишаш ҳисоб кард. Ҳатто арзиши корро муайян намуд. Маълум шуд, ки васлгари газу барқ ҳам лозим меояд. Ба амаки Ӯрмон занг зад. - Сварщик дорем Амак? - Дорем. Аммо дастгоҳ надорем. - Дастгоҳ мехарем, худи усто интихоб мекунад. Аз рӯи ҳисоби Дамир арзиши сохтмон наздик ба сивушаш миллион расид. Антон бошад ба ӯ аз шаст миллион ёдовар шуда буд. - Марҳамат профессор, хӯрок тайёр, - гуфт Фараҳноз, - имрӯз хеле серкор метобӣ? - Ғайричашмдошти ман, - компютерро хомӯш карда гуфт Дамир, - имрӯз ферма аз коргар пур буд. Ман ҳам дар такопӯ шудам. Ҳамаи онҳоро бо кор таъмин карда маош додан лозим. - Ташкили кор мушкил, фермаву гармхона, ки ба кор даромад, он тарафаш осон. Барори кор, додарам! - Ташаккур. Дамир дар ҷогаҳ ёзида нақшаи кори фардоро мекашид. Панҷоҳ сар гови дӯшоиро меоранд, дастгоҳҳои ширдӯширо меоранд. Занҳо бо кори худ, таҷриба меомӯзанд. Зани таҷрибадор бригадири онҳо мешавад. Чор нафар аз ҷавонон барои пойдевори гармхона хандақ мекобанд. Чор нафар бо сохтани қолаб машғул мешаванд. Чор нафари дигар бо таъмири хобгоҳ ва сохтмони ошхона... ... Кор дар ферма ва гармхона дар авҷ буд, Антон супориш дод, ки то омадани барф гармхона ба истифода дода шавад. Барои кӯмак аз ферма низ кормандон ҷалб мешуданд. Дусад сар гов наздик ба чор тонна шир медод. Панҷ тоннаи нақша иҷро намешуд ва аз ин Антон норизо мегашт. Чанд маротиба бо Михаил телефонӣ сӯҳбат карда ӯро дар фиребидан ҳам гунаҳкор кард. - Говҳои пирро ба мо фурӯхтӣ, - мегуфт ӯ, - гӯсолаашро гирифта ширашро хушк карда ба мо фиристодӣ. Антон Михаилро вазифадор кард, ки тамоми говҳояшро сунъӣ бордор кунад ва дар парвариши минбаъда ба коргарон маслиҳатҳо диҳад. - Камомади истеҳсоли ширро аз даромади гармхона рӯпӯш мекунед, - гуфт ба Дамир, - ё аз ҳисоби маошатон. Эҳтимоли кам шудани маошро шунида қариб аксари мардон ба сохтмони гармхона пардохтанд. Дастгоҳҳои гармкунӣ ва равшанидиҳанда харидорӣ ва насб гардиданд. Хоки ҳосилхезро паҳн намуда дар ду гармхонаи омодашуда помидору бодиринг шинониданд. Аз сабаби серкорӣ Дамир низ дер ба хона меомад. Ҳуҷрае, ки дар хобгоҳ барояш ҷудо карда буд, ҳамчун анбори хӯрок ва сару либосҳои коргарон истифода мешуд. Минбаъд бо квадроцикл барояш мушкил буд. Бинобар сардии ҳаво қувваи аккумулятор танҳо ба як самт мерасид. (давом дорад)
    5 комментариев
    25 классов
    🌊Кафши кӯдакеро дарё бурд, кӯдак рӯи соҳил навишт: Дарёи дузд... Он тарафтар марде, ки сайди хубе дошт, рӯи об навишт: Дарёи саховатманд... Модаре, ки писараш дар он дарё ғарқ шуда буд, навишт: Дарёи қотил... Пирамарде, ки марвориде сайд карда буд, навишт: Дарёи бахшанда...🌊 🌊МАВҶ ОМАД ВА НАВИШТАҲОРО ШУСТ ВА ДАРЁ ОРОМ ГУФТ:😌 🗣️Ба қазовати дигарон эътино макун, агар мехоҳӣ дарё бошӣ бар он чи гузашт, он чи шикаст, он чи нашуд ҳасрат нахур...👌 🌗ЗИНДАГӢ АГАР ОСОН МЕБУД БО ГИРЯ ОҒОЗ НАМЕШУД...🌓
    1 комментарий
    24 класса
    "ХУДРО НамеЁБаМ" .Зиндаги вокеан хам худ пуртаззоду душвор аст. Вале ишки ту зиндагиро бароям аз буданаш душвортар муарифи кард. Мани содда як вактхо гумон мекардам ки ишк зебогии хаёт асту сафобахшандаи дилхо якин ки он вакт иштибох мекардаам. Ку он фарашу нишот? Аз он рузе, ки ман шайдои ту гаштам, шодмонию бегами калби маро тарк намуду чои он фироку хичрон лона гирифт. Зеро ман захри хичронро мекашаму мечашам, вале хеч не ки хотима ёбад. Гумон мекардам ки касе маро ба худ моилу шайдо карда наметавонад ва ба худ бовари доштам. Аммо...аммо ту шишаи калбамро шикасти ва лахзае наметавонам ёдатро зи дил берун созам. Бовар намо ту азизи дили мани. Охир туро дуст дорам. Чун хезуми тар месузам чоно чи шавад ки боре зи сари лутф нигохи чозибанокатро ба суям карда медиди чи тавр ба дунёи ишки бехудаат гутавар гаштам. Рости намедонам чаро шояд чавоби инро ту дони эй ситораи дастнораси зиндагии ман. Шояд баъди мутолиаи ин сатрхои бо хуни дил нигоштаи ошики зор илтифоте намои... Чун туро мебинам хама чизро фаромуш месозам. Хатто он суханро ки азм карда будам бигуямат. Вале бидон: ..Агар хохам гами дил бо ту гуям, чо намеёбам, ..Агар чое шавад пайдо туро танхо намеёбам. ..Агар ёбам туро танхову чое хам шавад пайдо, ..Зи шоди дасту по гум мекунам, худро намеёбам. Шояд пас аз мутолиаи ин сатрхо холати маро дарёби ва тараххуме хохи кард, ай азизи дили ман! [ админ.м.sh .f. ]
    39 комментариев
    102 класса
    Шавҳарам фатта пушиданамро намебахшад.. Салом! Ман як наврарӯси семоҳа мехоҳам дарди диламро ба шумо гуфта, маслиҳат пурсам. Аслан духтари шаҳрӣ ҳастам, вале як хеши дури падарам, ки дар як деҳаи дурдаст зиндагӣ мекунад, маро ба писараш келин кард. Вақти хостгорӣ омаданашон падару модарам гуфтанд, ки аввал ҷавонон як бор ҳамдигарро дида, сӯҳбат кунанд, вале модари домод “ ман пеш аз ин се писарамро хонадор кардам. Ягонтоашон арӯсро қабл аз никоҳ надида буданд, вале шукри худо зиндагиашон хуб аст. Бачаҳоям аз хати кашидаам берун намебароянд ва духтареро, ки ман маъқул кардам, қабул мекунанд. Ҳоҷат ба вохӯри духтару бача нест” гӯён, гапи худашро гузаронд. Ҳамин тавр мо ҳамдигароро над фотиҳа шудем ва тарафи қудо ҷиҳози арӯсиамро оварданду тӯй сар шуд. Азбаск аксари духтарони шаҳрӣ дар рӯзи тӯйи арӯсиашон “фата” мепӯшанд, ман ҳам орзу ҳавас карда, бо пули қимат либоси арӯсӣ гирифтам ва ба кошонаи ҳусн рафтам, то к рӯю мӯямро оро диҳам. Домод аз вақти таъйиншуда пештар омадааст, падарам дам ба дам занг зада, тезтар омаданамонро талаб мекарданд, вале ороиши рӯю мӯйи ман ҳанӯз нотамом буд. Бехабар аз хислату хӯйи домод мисли дигар арӯсакон ман ҳам ноз карда “Бигзор интизор шавад” гуфта, телефонамро хомӯш кардам, вале... Ниҳоят машшотаҳо корашонро ба анҷом расониданд ва ман бо либоси сап-сафеди арӯсӣ амсоли ҳур зебо шуда ба хона омадам. Гумон доштам, ки бо дидани чунин ҳусну ҷамол шаҳбача ба ваҷд меояд, аммо хаёлам хом баромад. Домод маро дидан замон қошу қавоқ гиронд ва бо оринҷаш ба китфам зада гуфт: “Ҳоло ист, барои нописандиат рӯзатро сиёҳ мекунам!” Ҳуш аз сарам парид, ки наход дар рӯзи тӯй шаҳ ба арӯсаш чунин гапҳои сахт занад. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, апаи домод ҳам бо қошу қавоқи овезон ба наз омада “додари ман бачаи намозхон аст, ба чӣ ту розигии моро напурсида фата пӯшид гӯён, хеле сарзанишам кард. Аламам омад гиряолуд “апаҷон, одам як бор тӯй мешава охир ҳар як духтар дар дилаш орзую ҳавас дорад...” гуфтам. Апаи домод ранҷида “эй очаи ман кофта-кофта як арӯси гапгардону катагинок ёфтааст” гуфту бо кароҳат аз наздам дур шуд. Ҳамин тавр мани арӯсак бо дили пурғам ба хонаи домод омадам. Хонаи шаҳ ба тӯйхона ҳеҷ монандӣ надошт, на садои мусиқӣ буд, на карнаю сурнай. Бо як дег ош меҳмононро гусел карданд ва бо ҳамин тӯй ба охир расид. Шаби дигар домодро ба наздам дароварданд. Ба ҷойи он ки ба арӯс меҳрубонӣ кунад, шаҳбача аз аввалин лаҳзаҳои зиндагӣ бо гапҳои қабеҳаш диламро сиёҳ кард. Ба гуфти домод, гӯё фата пӯшидани ман обрӯйи ӯро дар байни бачаҳо ва мардони маҳаллаашон резондааст. “Бо ин кафани пӯшидааш маро дар назди ҷӯраҳоям шарманда кардӣ. Бачаҳо “арӯсат девонача будаст-ку” гуфта, маро масхара карданд” гуфта, дар шаби аввал домод маро ду-се шаппотӣ зада, таъкид кард, ки ҳаргиз ин корамро намебахшад. Ҳамин тавр ҳаёти оилавии ман аз рӯзи авв бо талхи сар шуд. Зиндагиямро се моҳ шу бошад ҳам, то ҳол шавҳарам фата пӯшиданамро намебахшад. Шабе нест, ки диламро сиёҳ накунад. Ҳайронам, ки чӣ ко кунам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, гӯшамро ба карӣ зада гардам ё аз баҳри чунин ҳаёти пур аз дарду ранҷ гузашта, ба хонаи падару модарам баргардам? Бознашр аз Оила
    106 комментариев
    37 классов
    Ишқи ду ҷавон (Дунёи бегонагон) Қисми 43. Мард аз пеш, саг аз думболам буд. Бо равшании чароғаш хеле роҳ паймуда ба кулбае расидем. Дуртар аз кулба як асп ва боз дуртар ароба ба чашм расид. "Боз ба кадом замон расидам" гуфтам дар дил. Вале чароғи равшан ва телевизори ҳамвори кулбаро дида дилам ором гирифт. Мард аввал чой пешниҳод кард, сипас таклиф кард, ки дар курсӣ шинам. Дар девор шохи калони гавазн овехта шуда буд. Тахмин кардам мард ҷангалбон аст. - Канӣ, нақл кун, - гуфт мард, - Чӣ ҳодиса рӯй дод? - Хостам роҳро кӯтоҳ кунам, - гуфтам, - аммо баръакс... Ба автобус дер кардам, ба ноҳия рафтанӣ будам... - Кай ба роҳ баромадӣ? То Грачёвка дур будани "роҳро” ба инобат гирифта: - Дина саҳар, - гуфтам. - Хеле роҳ гаштӣ, - гуфт мард ва дар болои миз чанд кулчақанд гузошт, - беҳтараш автобусро мунтазир мешудӣ. Ҳоло ҳаракати автобусҳо ба вақти зимистона нагузаштааст, - гуфта аз киса телефони тугмагиашро гирифт, - имрӯз бисту дуюм, ҳоло ҳашт рӯзи дигар ҳаст. - Мумкин аз телефонатон занг занам, - пурсидам ман, - ҳамсарамро огоҳ кунам, телефони худам гум шуд. Мард телефонашро ба дастам дод: - Алоқа суст, дар берун кор карданаш мумкин, ба болои ароба баро. Телефонро гирифта ба берун баромадам, ки саг ғуррос зад. Аз фурсат истифода бурда ба санаи телефон нигаристам: 22.11.22. Соат 22:11. Хурсандии маро ҳадду канор набуд, охир ман дар замони худам қарор дорам, каме дуртар деҳа, боз каме дуртар "Дом Павла".... Ва ана Ойгул, ана Зоя Павловна. Имшаб хоб намеравам, бо саг дӯст мешавам... Ҷангалро бонӣ мекунам... - Ҳаст алоқа? - гуфта ҷангалбон баромад. - Рақамаш дар хотирам нест, - гуфта телефонро баргардонилам. Мардро сахт ба оғӯш гирифтам. Мард дар ҳайрат шуд. - Шумо маро аз марг наҷот додед, - гуфтам, - намедонам некиатонро чӣ тавр баргардонам? Гумон кардам тамом, умрам ба охир расид... - Ин қадар воҳима кардӣ? Саг туро намехӯрд. - Саг не, гургу шағол мехӯрд. - Канӣ ҳамон гургу шағол? Соли гузашта як харгӯшро бо азоб ёфтам, тирам ба нишон нарасид, ҳамон ҳам гурехт. Ба фикрам дар ин беша аз ману сагу аспам дигар касе нест. Даро ба хона. Мехостам бо мард сӯҳбати доманадор дошта бошам, ҳамаи саргузаштҳоямро нақл кунам. Аммо худдорӣ кардам, аз ду сар бовар намекунад ва маро ақлбохта гумон мекунад. Ойгул чӣ? - Ин қадар вақт дар куҷо будед? - гуфта гиря мекунад, - Ман шуморо гумон кардам, ки тӯъмаи гургу паланг шудед. - Гургу паланг? Гургу паланг тӯъмаи ман мешаванд. Пазмон шудед? - Хеле... Ҷангалбон бароям дар як кунҷи кулбааш ҷо дод. - Ташаккур - гуфтам, - Ман хобиданӣ нестам. Маро бо сагатон Елисей ошно кунед, сагро дӯст медорам... агар нагазад. - Елисей агар газанда мебуд, туро дар ҷангал пора мекард, ҳатто ман огоҳ намешудам, - гуфта ҷангалбон аз яхдонаш каме гӯшту устухон гирифт. - То ин ҷо барқро чӣ гуна овардед? - Бо симчӯб. Коргоҳ як қадам. - Чӣ хел коргоҳ? - Коркарди чӯбу тахта. Надидӣ? - Надидам. - Вай танҳо рӯзона кор мекунад. Ман ҳам посбони коргоҳ ва ҳам ҷангалбон. Субҳ автобус кормандонашро меорад, бегоҳ гашта мебарад. Пагоҳ метавонам туро бо автобуси коргоҳ гуселонам, вале автобус то Грачевка намеравад. - Корманди бисёр дорад? - Ягон даҳ-дувоздаҳ нафар будагист. Ман нашуморидам. Кор кардан мехоҳӣ? - Агар қабул кунанд. - Қабул мекунанд, бо Витя маслиҳат мекунам. Калидашро дорам, мехоҳӣ тамошо кардан? - Мехоҳам. - Рафтем, аздусар хоб надорам. Ҳарду берун баромадем. Саг ҳам ба мо ҳамроҳ шуд. - Устухонро надодем-ку, - гуфтам ман. - Пас аз баргаштан. То коргоҳ ягон дусад метр масофа буд. Мо аз дари иловагии дар паси коргоҳбуда вориди он шудем. Аммо саг аз зери девор гузашт. - Роҳашро медонад, - гуфт ҷангалбон, - тез-тез омада хабар мегирад, маоши посбонро ба саг доданам лозим. - Бо гӯшт таъмин мекунед-ку, - гуфтам, - ҳамту не Елисей? Аммо саг ба суханони ман аҳамият надода, дар канори соҳибаш мегашт. Мо аз дарвозаи асосии цех, ки дар худ боз дари хурд барои одамон буд, даромадем. Ҳамагӣ дар як қатор дастгоҳҳо гузошта шуда буданд. Ҷангалбон ба шарҳи дастгоҳҳо гузашт. - Дастгоҳи аввал пӯсти дарахтро мегирад, - гуфт ӯ, - дуввумаш ба тахта ҷудо мекунад, севумаш ранда мекунад. - Тахтаро ранда ҳам мекунанд? - Алҳол барои сохтмони маъбад супориш гирифтаанд, Витя ҳамин тавр гуфт. - Витя кист? - Витя директор. Аз ин коргоҳ партов намебарояд, Ана дар дастгоҳи охирин тахтаҳоро майда карда, хишт месозанд, "авроҳезум" ном дорад. - Аз "авроҳезум" хариданам мумкин? - Албатта. Хонаро бо чӣ гарм мекунӣ? - Бо ҳезуму ангишт. - Ту ба ман муроҷиат кун, Витя ба ман арзонтар медиҳад. - Коргоҳро кӣ мерӯбад? - Худи кормандон. - Чунон тоза, ки хонаи истиқоматӣ барин. - Дар ин масъала Витя сахт талаб мекунад. Дарҳоро маҳкам карда, боз ба кулба баргаштем. - Мумкин устухонро ман ба саг диҳам? - Аз дасти ту намехӯрад., - гуфта ҷангалбон аз хона устухонро баровард, - канӣ, як имтиҳон кун-чӣ? Устухонро гирифта ба саг додам, як бӯй кашиду ба соҳибаш нигарист. - Дидӣ, - гуфт ҷангалбон, - ишораи маро интизор. Хӯр, - гуфт ба саг. Саг устухонро гирифту каме дуртар рафта нишаст. Луқмаашро миёни ду дасташ гирифта хӯрд. - Боз доред устухон? Ин дафъа бе иҷозати шумо ҳам аз дасти ман мехӯрад. Ҷангалбон боз як бурда устухон баровард. Ин дафъа худи саг аз дастам устухонро оҳиста гирифта ба сӯи беша рафт. - Устухонро куҷо бурд? - пурсидам ман. - Бурда дар ягон ҷо мегӯронад, ҳамчун захира. Аммо гург захираро намедонад, сайдашро то ба охир мехӯрад. Ту намехобӣ? - Не, шумо бемалол истироҳат кунед. Ҷангалбон ба хона даромаду овозаш баромад: - Соат чор мешавад, ман ҳам хоб надорам. - Хоб надошта бошед, рафтем, - гуфта ба хона даромадам. - Ба куҷо? - Ба Грачёвка. - Ақлатро хӯрдӣ? Ман соати ҳафт коргоҳро ба Витя месупорам. Ба ноҳия рафтанам даркор, ба Кондор ем меорам. - Кондор кӣ? - Кондор-аспи вафодорам. - Аспи вафодор зимистон дар куҷо мехобад? - Дар анбори Витя, соли гузашта ҳам дар ҳамон ҷо буд. - Оё дуруст аст, ки асп рост истода мехобад? - Не, рост истода истироҳат карданаш мумкин. Аспҳо ҳам ману ту барин мехобанд, аммо якпаҳлӯ. Онҳо аз се ё чор соат беш хобида наметавонанд, ҳатто хуррак мекашанд, - гуфта ҷангалбон хандид. - Мумкин аст бо Кондор шинос шавам? - Рафтем, - гуфт ҷангалбон, - аз ту рамиданаш мумкин. Аспи сурх дар назар ниҳоят бузург метофт, ман аспро бори аввал аз наздик медидам. Сумаш баробари чойники дар хобгоҳ доштаамон, пояшро мебардошту ба ҷангалбон дароз мекард. - Дидӣ, салом додан мехоҳад. Сари калонашро навозиш кардам, лаҳзае чашмонашро хуморӣ карда истод. - Кондор, Кондор, аз ман наҳарос, маро Грачевка мебарӣ, - гуфтам, - қоидаҳои ҳаракати роҳро медонӣ? - Медонад, - ба ҷои асп ҷавоб дод соҳибаш, - аксар вақт ба ихтиёраш мемонам, маро рост то ба хона мебарад. Мехобам дар ароба. Як рӯз ҳамин тавр шуд, бедор мешавам, ки дар назди дарвозаи ҳавлӣ истодаам. Инҳо танҳо забон надоранду халос, ақлашон аз баъзе одамҳо хубтар кор мекунад. Аспро хеле навозиш кардам, дур шудан мехостам, гарданашро ёзонда гӯшамро сабук даҳон мекард. - Боз навозиш кун мегӯяд, - гуфт ҷангалбон. Аммо субҳ медамид, субҳи умед, субҳе, ки дер интизораш будам. Субҳе, ки ғайричашмдошт чизе нашуд, кам монд ба дидори Ойгул, вақти кору масъулият мерасад. Вақти гуфтугӯ бо волидон ва ҳамсарам Нилуфар мерасад. Боз зиёд будани корамро сабаб оварда волидонамро тасаллӣ медиҳам, Нилуфарро ором мекунам... Таъмири хонаи Зоя Павловнаро идома медиҳам, то даме, ки соҳибхона зинда аст, софдилона хизматашро ба ҷо меорам. Аз пулу мол андеша намекунам, муддати чанд вақт чизе надоштам, аммо рӯзам гузашт, аз гуруснагӣ намурдам. Ҳар чӣ дорам, шукр мекунам, зиёд талаб намекунам... - Наҳорӣ мекунем, - гуфт ҷангалбон, - Ман коргоҳро ба Витя месупораму бармегардам. Дастонамро шуста наҳории хоксорона омода кардам. Чой, кулча ва шакар дошт ҷангалбон. Бо вуҷуди солхӯрда буданаш, ҷангалбон хеле пурқувват буд. Аробаро дар асп мустаҳкам баст. Аробаеро, ки ман то чанд қадам натавонистам кашола карда, як такон доду сӯи асп кашид. Ароба барои идора кардани асп махсус нишастгоҳ дошт, дар ҷои ронанда ду нафар бе мушкилӣ ҷо мегирифт. Дар паҳлӯи ҷангалбон баҳузур нишастам. Асп мунтазири фармони соҳибаш буд, баробари кашола кардани банд, ба ҳаракат омад. Ману ҷангалбон ва аробаро бе ягон мушкилӣ кашола карда мебурд. - Асп дар ҳақиқат пурқувват, - гуфтам аспро баҳо дода, - ин қадар борро мекашад. - Беҳуда қувваи мошинро бо қувваи асп чен намекунанд, - гуфт ҷангалбон, - як мошин доштам "Запорожец", сӣ қувваи асп буд, солҳои аввал хуб кор мекард, ягона камбудиаш - багаж дар пеш буд. Наметавонистам бори бисёрро ҷо дода. Бо мурури вақт нуқс пайдо мекард, камтар мегаштам, дар ҷояш меистод. То сард шудани муҳаррик мунтазир менишастам. Радиатор надошт, овозаш баланд буд, ба кор меандохтам, ҳамсояҳо бедор мешуданд. - Аз ман яксаду чилу панҷ қувваи асп дорад, - гуфтам, - шукр нағз мегардад. Аммо имрӯз мебинам, ки худи асп беҳтар аст. На садои муҳаррик, на ҳарҷи сӯзишворӣ, на ҳуҷҷатомодакуниҳо. - Не, мошин албатта беҳтар, асп ҳам ба худ муносиб хароҷотҳо дорад. Мошинро худат идора мекунӣ, бо кадом суръат мехоҳӣ-меронӣ, дар куҷо хоҳӣ-мегузорӣ. Бо аспу ароба наметавонӣ дар шаҳр гашта, қароргоҳ барои онҳо нест. Суръати ҳаракати аспу ароба суст. Бо мошин то хона дар ним соат мерасам, бо асп дар се соат ё бештар. Аспу ароба ҷои бисёрро ишғол мекунад. Бо мошин кафонокӣ рафта метавонӣ... Хулоса мошин беҳтар, дар умум шояд хароҷоти ҳарду як бошад. Мошинро наронӣ-сӯзишворӣ талаб намекунад, асп бошад, ҳар рӯз се-чор маротиба хӯрок мехӯрад. Ҷони зинда аст, бемор мешавад, мемирад... Бечора... - ҷангалбон як оҳи чуқур кашид, - то ин ҷонвар як аспи дигар доштам, хеле хизмат кард. Вафодор буд бечора, пурқуввату чолок, мепарид агар пару бол медошт. Як субҳ мехезам, дароз кашида мурдааст.... Дар марги падарам ин қадар нагириста будам... Зимистон буд, заминҳо ях баста, қариб як ҳафта барояш гӯр кофтам... Федя гуфт, ки трактор оварда чуқурӣ мекобад, розӣ нашудам. Одам барин гӯронидам ва чил рӯз дар азо будам. Кондорро Федя тӯҳфа кард, чархҳои аробаро нав кард... То ба ҳол шахсеро вонахӯрда будам, ки дар марги як ҳайвон ин қадар ба риққат омада бошад, ба назар чунин мерасид, ки ҷангалбон то имрӯз ба аспи собиқаш месӯзад. Бинобар, мавзӯъи гуфтугӯямонро дигар кардан хостам. - Дар деҳа, дар оилаатон чанд нафаред? - Ман дар саҳро, кампир бо набера танҳо. - Волидони набера дар куҷо? - Дар Маскав, моҳе як маротиба хабаргирӣ меоянд. Мехоҳӣ, ман туро бо кампир шинос кунам? Буз дорем, аз шираш менӯшӣ. - Ташаккур, дафъаи дигар. Шумо рақами телефонатонро медодед, занг мезадам бо масъалаи "авроҳезум". Мард аспашро канори роҳ гардонида қарор дод. Аз киса қаламу коғаз бароварда рақами телефонашро навишт. - Агар хато накарда бошам-ҳамин, - гуфт ӯ. Боз хеле роҳ паси сар шуд ва роҳи мумфарш баромад. - Ин тарафаш наздик, - гуфт ҷангалбон, - медонистагистӣ? - Не, намедонам. Ман набудам дар ин ҷоҳо. Кӯча бароям бегона буд. - Ҳозир ба роҳи калон мебароем, ту ба дасти чап мегардӣ, ман ба рост. Ягон ду километр меравӣ, аз рост деҳаи Грачевка мебарояд. Таҳаммул надоштам, мехостам аз ароба худро ҳаво диҳаму ба сӯи деҳа тозам. Асп шитоб надошт ё монда шуд, қадамашро мешумурд. То кӯча ҳам расидем, дасти мардро сахт фишурда ваъда додам, ки албатта аз ӯ хабар мегирам. Аз ароба фаромада каме гаштам, ки истгоҳ намудор шуд. Ин ҳамон истгоҳе, ки то харидани мошин аз он истифода мекардам. Ниҳоят ба кӯчае, ки "Дом Павла" қарор дошт, гашта, то қувва доштам, давидам. Аллакай бинои чорошёнае, ки Зоя Павловна ва Ойгулро сарпаноҳ аст, намудор гашт. Худро аз дарвоза не, аз паси бино, ки мошинам қарор дошт, ба ҳавлӣ гирифтам, то маро набинанд. Аз давиданҳову ҳаяҷон нафасам базӯр мебаромад. Дар паси хона дақиқае дам гирифтам. Дидам, ки дар назди партовгоҳ ҷавоне аробаро дошта меистад. "Ин кӣ бошад? Корманди нав? Кадом партовро баровард? Ё Алинур омада бошад? Дар ҳақиқат бо Ойгул муросо кардааст... "Ҷавон бе ҳаракат меистод, гӯё хоб буд. Оҳиставу бесадо наздаш рафтам. Ҷавон сурати маро дошт. - Ту кистӣ? - пурсидам аз ӯ. - Ман ту ҳастам, - гуфт ҷавон аз забони ман. - Дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ? - боз пурсидам аз ӯ. - Дар андеша ҳастам. Ба хона баргардам ё ба беша равам? То кӯча роҳ дур нест, бешаро миёнабур карда дар ним соат баргаштанам мумкин... - Не, дар назарат чунин метобад, ин бешаҳо канор надоранд, беҳтараш ба хона баргард. - Чор салиб дорам, аз тиллои холис. Бурда мегӯронам, ҳангоми зарурат бурда мефурӯшам. - Салиб аз ту нест, соҳиби салиб дар тобут мехобад. Сониян, салиб аз имони мо нест, ба эътиқоди дигарон дахолат накун. - Чашмонатро пӯш ва пас аз ҳафт сония дунёро чӣ тавре, ки ҳаст, қабул кун. Чашмамро пӯшидам, аз куҷое садои ҳуд-ҳуд омад. Ҳафт маротиба паи ҳам хонд. Чашмамро кушодам, ки ҷавон нест. Ба гирду атроф нигаристам, ҳама оромӣ. Аробаро гирифта ба назди бино омадам. Бино чӣ тавре буд, дигар тағйир наёфтааст, ҳамагӣ нӯҳ тиреза иваз шуда буд, ҳатто чойники мисӣ, ки субҳ рӯямро бо оби ширгармкардаи Ойгул шуста будам, дар ҷояш буд. Як чакра борон дар сарам зад. Ба осмон нигаристам, абрҳои сиёҳ парешон гашта, осмони кабуд падидор мешуд. Бо зинаҳо боло шудам. - Ойгул? - Лаббай? - аз ҳуҷраи Зоя Павловна садояш баромад. - Шумо дар ҳамин ҷо? Ойгул сарашро аз дар баровард: - Зоя Павловна ҳам ба шаҳр рафтанӣ, кӣ будани набераашро донистан мехоҳад. - гуфт ӯ. - Як дақиқа шуморо мумкин? Ойгул дарро пӯшида барун баромад. Ӯро сахт ба оғӯш гирифтам. - Шуморо хеле пазмон шудам, - гуфтам. - Дар даҳ дақиқа? - Нав даҳ дақиқа шуд? - Шумо ҳам омода шавед, қабули духтур соати ёздаҳ, - гуфта Ойгул ба телефонаш нигарист. - Ман телефонамро гум кардам. - Ана, дар болои ҷойгаҳатон мехобад. Ба ҳуҷраи худам гузаштам, телефон дар ҷояш буд... (поёни қисса) муаллиф Ю. Ашуров Таҳияи М. Юсупов
    21 комментарий
    11 классов
    Марусяро дидӣ, Маҳинаро фаромӯш накун! Дугонаи наздике дорам, ки шавҳараш дар кишвари рус зани рус гирифтааст. Бечора дугонаам билет харида, ба ҷустуҷӯи мардакаш рафта, бо зани руси шавҳараш даст ба гиребон шуда, хуб рӯйканиву мӯйканӣ мекунад, ки чаро шӯйи маро гирифтӣ. Он хонуми малламӯй ҳам паст наомада гуфтааст, ки ба умед нашав, шавҳарат мазаи оғӯши гарму ширини маро чашид, дигар худатро кушӣ ҳам, ба назди ту барнамегардад. Маҳина аз ин суханони палонҷаш сахт ба ғазаб омада, чунон Марусяи шавҳардуздро задааст, ки агар ҳамсояҳояш ба ёрӣ намеомадаанд, яқин дар зери мушту лагади дугонаи ман мемурдааст. Вақте Маҳина ба Тоҷикистон баргашта, ин ҳодисаро ба ман нақл кард, ҳуш аз сарам парид, ки чӣ тавр дугонаам ҷуръат карда дар ватани худаш он зани русро лату кӯб намудааст, охир милисаҳо фаҳманд, шояд ӯро чанд сол зиндон мекарданд. Маҳинаро хеле дилбардорӣ намуда, ба хонаам баргаштам, вале бечора то ҳол ба худ наомада истодааст. Ба хотири шавҳараш аз ким-киҳо пул қарз гирифта ба Русия рафт, вале кораш омад накард. Ба ҷойи ҳамроҳи шавҳараш хушу хурсандона ба хона баргаштан зандории шӯяшро шунида, баръакс девонатар шуда омад. Шавҳари беинсоф ақаллан як бор занг зада аҳволпурсӣ намекунад. Ман ҳайронам, магар оғӯши занҳои рус дар ҳақиқат шакарак дорад, ки мардҳои мо дигар ёди зану фарзандонашон намекунанд? Охир, инсоф доред, Марусяро дидед, Маҳинаро фаромӯш мекунед? Мунзифа, аз н. Шаҳринав. Бознашр аз Оила
    26 комментариев
    20 классов
    ЯК ДАСТА ГУЛИ БАҲОР БОШАД МОДАР, САБРИ ДИЛИ БЕҚАРОР БОШАД МОДАР.
    1 комментарий
    63 класса
    Ишқи ду ҷавон (Дунёи бегонагон) Қисми 41. Бо азобе кафшро пӯшиданӣ будам, ки Лена як ҷуфт попӯши Фёдорро овард. Барои киштича се дона батарея истифода мешуд, як нусхаашро ҳамчун намуна гирифта кӯча баромадем, ки Фёдор ҳам бо аспу як халта моҳӣ омад. - Имрӯз шикор хуб-ку, - гуфт Лена. - Аз Серёгаро ҳам гирифтам, - гуфт, - фардо ба хонааш хошок мебарам. Шумо ба куҷо? - Камтар роҳ гардем, - гуфт Лена, - пояш хунук задагӣ барин. - Дима канӣ? - Хобидааст. Камтар ист, мо бармегардем. Мағоза асосан аз хӯрокворӣ иборат будааст, ки дар яке аз ҳавлиҳои сокини деҳа ҷойгир шудааст. Ба фурӯшанда батареяро нишон додем. - Дорам , - гуфт хушбахтона, - чанд дона лозим? Барои мо се дона лозим буд, аммо фурӯшанда гуфт, ки "қуттиҳо ду донагӣ доранд". Шаш дона гирифтем. Лена боз як дона нон ва як маска гирифт. - Шир аз ферма, маскаро худат тайёр карда наметавонӣ? - пурсидам дар роҳ. - Ҳамкорам гуфт, ки аз як сатил шир як маска намебарояд, ба мо танҳо се литр медиҳанд. - Маошат чанд пул? - Дигар илоҷ надорам, шикоят карда наметавонам. Мебинӣ, дар деҳа дигар ҷои кор нест. Мо шаш нафар ширдӯшон кор мекунем, гов бошад ҳамагӣ яксаду сӣ сар. - Ферма дар куҷо? - Аз деҳа берунтар. Ба фикрам хароҷоташро базӯр рӯпӯш мекунад. Даҳ нафар мард ва мо шаш нафар занҳо, хошокро мехаранд аз ноҳияҳои гирду атроф. Кори ферма-кор не, танҳо машғулият. - Пас, барои ман дар деҳа кор нест?! - Одамон чӣ тавр зиндагӣ мекунанд? Масалан Фёдор дар саҳро кор мекунад, трактор аз худаш, касе ҳар кор фармояд, рафта иҷро мекунад, пулашро мегирад. Фасли зимистон бекор, моҳӣ медорад ва ба ноҳия бурда мефурӯшад. - Ман Фёдорро пештар дар куҷое дидагӣ барин, симояш дар хотирам нест, аммо овозаш ба ман касеро ёдрас мекунад. Ҳеҷ наметавонам ба хотир оварда. - Ту пештар дар ноҳияи мо будӣ? - Чӣ ном дорад ноҳия? - Краснокамск. Дарё Кама ном дорад. - Як велосипед доштам, номаш Кама буд. Краснополянск дар куҷо? - Ман намедонам, нашунидаам. Краснокамск шаҳри бузург нест, мо дар ноҳияаш. - Агар ман чизеро нақл кунам, бовар мекунӣ? - Нақл кун аввал. - Ба фикрам Фёдор маро бори дуввум наҷот медиҳад. Бори аввал маро ҳангоми аз ҷангал баромаданам гирифта ба беморхона бурд. Лекин ин дертар, пас аз се сол дар ҳаёти ӯ рух медиҳад. Дар беша раҳгум задам, як шабу ду рӯз дар беша мондам. - Ин кай буд? Фёдор дар хотир дорад? - Не, ин ҳодиса дар ҳаёти ӯ пас аз се сол... Исто, ман чӣ мегӯям? Ҳозир соли нуздаҳ... Соли бисту ду... Маро бо трактор ба беморхона бурд. - Бобо, Фёдорро гӯям, як бор туро ба духтур барад. - Не, лозим нест, ман сиҳат ҳастам... - Бобо, сардӣ ба сарат ҳам асар гузоштааст. - Биё, имшаб ҳамроҳам хоб кун, ман ҳамаашро ба ту мефамонам. Димаро ҳам гир. - Ту сиҳат нестӣ Бобо. - Дидӣ, ту ҳам бовар надорӣ. Ба назди дарвоза расидему қарор гирифтем. Лена ба симоям хеле бодиққат ва ҷиддӣ нигарист, шояд бемориамро муайян кардан мехост. - Нагӯ, ки духтури шинос дорӣ, - гуфтам. - Надорам духтури шинос. Маро хуб мешунавӣ? - Мешунавам. - Маро хуб мебинӣ? - Ту аз ман формулаҳои математикиро пурс, то субҳ дар дафтар менависам, маълумоти олӣ дорам... - Пас чаро суханонат подарҳаво? Дар назди Фёдор ҳар гуна гапро назан, ки бароварда дафъ мекунад. Аз куҷо овард, ба ҳамон ҷо баргашта мебарад. - Хуб - гуфтам, - мумкин бегоҳ ҳамроҳ тановул кунем? - Бо кӣ? - Бо ту... - Ҳама баробар тановул мекунем. Танҳо илтимос, дар назди... - Фаҳмидам ман. Дима ҳанӯз мехобид. Фёдор моҳиҳоро чок карда дарунашро тоза мекард. Наздаш рафта то имкон доштам кӯмак кардам. Рӯдаву шикамбаҳои моҳиҳоро ҷамъ карда, аз рӯи нишондоди худаш дар сатили махсус гирифтам. Моҳиҳоро дар як ящики тахтагӣ чида, дар болояш намак пошидам. - Сатилро чӣ кор кунам? - :пурсидам аз Фёдор, ки аллакай дастонашро мешуст. - Аз дарвоза берун гузору дарвозаро маҳкам кун. Сагҳои кӯча то саҳар мехуранд. Дима бедор шуда, аллакай киштича дар дасташ буд. - Раҳмат барои батарейка, пагоҳ ба об сар медиҳем, - гуфт хурсандона. Маълум буд, ки Лена батареяҳоро аз номи ман тақдим кардааст. "Аввал моҳӣ сонӣ хӯрок хӯрдан"-и Фёдор сабаб доштааст. Пеш аз хӯрок Фёдор аз шароби истеҳсоли худ менӯшид, маро ҳам даъват кард. - Дардатро сабук мекунад, - гуфт ӯ, - нағз мехобӣ. Аммо ман дигар намехостам, ки хобам бараду дар дигар замон пайдо шавам. Аз чанд замоне, ки будам, беҳтарин аш имрӯза буд, ҳарчанд ранҷ мекашидам, аммо кадом қуввае маро дар ин хонадон нигоҳ медошт. Димаро аз рӯзи аввал фарзандвор дӯст доштам, боз метарсидам, ки Лена охирин занест, ки ҳамроҳаш метавонам муносибат дошта. Фёдор дар намуд аз ман бузургсол буд, аммо суратамро дар оина дида, меандешидам, ки даҳ сол аз ман кӯчак аст. Акнун ба фарқияти на танҳо вақт, балки ба синну соли атрофиён намерасидам. Агар Лена панчоҳсола бошад, писараш даҳсола, Фёдори бародараш аз ӯ хурд, ҳоло зан надорад. Ба нафақа баромада зан мегирад ин шахс? Қадаҳро ба даст гирифтаму ба Дима нигаристам, ӯ андармони машғулияти худ, гӯё мехостам, ки нӯшиданамро набинад. - Фёдор, ман туро имрӯз ҳамчун бародар пазируфтам, гуфтан мумкин ту маро аз марг наҷот додӣ. Аз ту ва Лена то абад миннатдор хоҳам буд. Намедонам чӣ тавр подоши некиатонро баргардонам, танҳо метавонам дар ҳаққатон таманноҳои нек кунам. - Гуфтам фаромӯш кун, - гуфт Фёдор, - дар ҷои ман дигар кас ҳам ҳамин хел амал мекард, хӯш, барои саломатӣ, ҳеҷ гоҳ дигар бемор нашав ва ба чунин вазъият нафаро. Шароб бадбӯ ва ниҳоят мушкил ба гулӯ рехт. То бодирингро ба даҳон бурдам, қариб нафасгир шудам. Инро Лена хуб дарк кард. - Барои ту кифоя, - гуфт. - Камтар мушкил гузашт, - гуфтам нафасамро бароварда. - Пештар ҳам нӯшида будӣ? - пурсид Фёдор. - Албатта - гуфтам, - лекин аз ин хелаш бори аввал менӯшам. - Ин дафъа камтар дараҷааш баланд шуд, бехабар мондам, - хандид Фёдор. - Бехабар не, - гуфт Лена, - худат махсус ҳамин хел сохтӣ. Аз шароби мағоза нӯшида маст намешавад, - гуфт ба ман нигариста. Аз тарси он, ки сархуш шуда суханҳои ноҷо назанам, пас аз хӯрок дарҳол ба хонаи бароям ҷудошуда гузаштам. Фёдор ҳам ба хонаи худ рафт. Сарамро ба болин намегузоштам, мехостам худро бо арғамчин ба ягон ҷо бандам, то гум нашавам. Поямро маҳс кардам, миёнамро то расидани дастам молиш додам. Чароғи ошхона ҳам хомӯш шуд. Боз тани танҳо бо фикру андешаҳои худ мондам. Курсиро гирифта боз дар назди тиреза гузоштам, гӯш андохтам, ки оё сагони кӯча аз сатили гузоштаам мехуранд? Кӯча ором буд. Равшании чароғи дар симчӯби кӯча овехташуда то ба хона медаромад. Русия ҳамаи кӯчаҳои мавзеъҳои аҳолинишинашро шабона бо равшанӣ таъмин мекунад, аз кадом ҳисоб ҳарҷи онро мепӯшонад, бароям торик буд. Дар зодгоҳам рӯзона ҳам барқ надоштем, дуздиву ғоратгарӣ дар авҷ. Субҳ мехезӣ, ними дороият ба яғмо рафтааст... Даратро маҳкам куну ҳамсояро дузд нагир. Дузд ба дар не, аз девор меояд. Дузд шиносат, рафиқат ва оне, ки дар куҷо будани молу амволатро медонад, дузд аз ноҳияи ҳамсоя намеояд... Дари хона кушода шуду касе даромад. - Ман дар ин ҷо, - гуфтам. - Мумкин аст ҳамроҳат хобам? - овози Дима баромад. - Модарат чӣ мегӯяд? - Напурсидам, ба хоҷатхона гуфта омадам. - Агар модарат розӣ шавад биё, вагарна ба суроғат мебарояд. Дима рафту дарҳол баргашт. - Розӣ шуд, - гуфт ва ба диван баромад. Курсиро гирифта наздаш рафтам. - Имрӯз ба мактаб рафтӣ? - пурсидам аз ӯ. - Ба автобус дер кардам. - Мактаб дар куҷо? Бо автобус меравӣ? - Автобуси мактаб мебарад. - Чаро бо дигар автобус нарафтӣ. - Гуфтам-ку дер шуд. - Ба соати якум дер кардӣ, ба дувумаш мерафтӣ. - Петя нарафт, ман ҳам нарафтам. - Дидӣ, аз рафиқонат қафо мондӣ. Акнун вайҳо аз ту бештар медонанд. - Пагоҳ меравам, варзиш дорем. - Агар имрӯз варзиш мешуд, мерафтӣ? Ба автобус дер намемондӣ? - Не, - гуфт Дима, - Дер намемондам. - Агар дарсҳоро хуб нахонӣ, маллоҳ шуда наметавонӣ. Мехоҳӣ маллоҳи зӯр шавӣ? - Мехоҳам. - Маллоҳ дурӯғ намегӯяд, модарашро намеранҷонад, нағз мехонад, бо рафиқонаш дӯст мешавад. Дарро оҳиста касе ба ангуштонаш зад. - Мо бедор, - гуфтам. - Дима дар ҳамин ҷо? - овози Лена баромад. - Ҳамроҳам, - гуфтам. - Дима баро! - хитоб кард Лена. - Ман ҳамин ҷо мехобам, - гуфт Дима. - Ту аз модарат иҷозат нагирифтӣ? - Ба ҳоҷатхона гуфта баромад, - гуфта Лена хост Димаро ҳамроҳаш барад. - Бигузор хобад, - гуфтам, - ман аз танҳоӣ метарсам. - Ман чӣ? Наметарсам? Бархез, - гуфта аз дасти Дима кашид. - Илтимос, ба ҳолаш гузор, - гуфтам аз дасти Лена дошта. Лена дасти фарзандашро раҳо карда дар кунҷи диван нишаст. - Маро деви дарё гирифта барад майлаш? - пурсид Лена аз Дима. - Дев аз дарё намебарояд, ту ҳам биёву бо мо хоб кун. Лена хандид, маро ҳам ханда гирифт, аммо тавонистам онро дар торикӣ пинҳон дошта. - Кайҳо ваъда дода будӣ, ки ба ман додарча мехарӣ, - гуфт норозиёна Дима, - модари Петя овард-ку. - Хоҳарча биёрам? - хандид Лена, - Женя хоҳарча дорад-ку, дидӣ? - Женя духтар, ман писар. Ман ба духтар киштиамро нишон диҳам? Духтарҳо зочабозӣ мекунанд. - Димаро чизе ба хотираш зад ва ҷаста аз ҷо бархост - Ман либоси маллоҳиамро пӯшида меоям. - Пагоҳ, - гуфта Лена аз дасти Дима доштанӣ шуд, аммо ӯ худро ба фарш ҳаво дода сӯи хонааш давид. Лена аз пасаш рафтанӣ шуд, лекин ман ӯро нигоҳ доштам. - Ба ихтиёраш гузор, - гуфтам, - Дима гуфт, ки бибиаш ҳамин ҷо хоб мерафт, дар беморхона гуфт, аммо ман фаҳмидам, ки ӯ... - Бале, дуруст фаҳмидӣ, пас аз сари модарам Дима танҳо монд, гоҳ-гоҳ назди ҳамсинфаш Петя меравад, дар деҳа ҳамсоли зиёд надорад, як духтарча ва Петя. Бо духтарҳо алоқа надорад, зиқ мешавад дар хона. - Ба воя расад, бештар бо духтарҳо муносибат мекунад, - гуфтам хандида, - аз таҷрибаи худам мегӯям. Лена ҳам хандид. - Чароғро гиро кунам? - пурсид ӯ, - дар торикӣ либоси маллоҳиро чӣ тавр мебинем? - Гиро кун, - гуфтам. - Дар деҳа одам торафт кам мешавад, - гуфт Лена, - ҷавонон ба шаҳр мекӯчанд, пештар чӣ хел хуб буд? Бегоҳӣ ба кӯча мебаромадем, писарҳо футболбозӣ мекарданд, духтарҳо андармони бозии худ. Мардон шашкаву шоҳмот, занҳо дар нишастгоҳ рафтори ҳамаро муҳокима мекарданд. Дар симчӯб радио овезон буд, суруд мехонд... Ҳозир ҳама ёбоӣ барин, дар кӯча одамро намебинӣ... Рости гапро гӯям, Фёдор хуб кард, ки туро ба хона овард. Суханҳои подарҳаво мезанӣ, ё дигар... Метавонам бо ту сӯҳбат карда. Гӯш дорӣ ҳеҷ не... (давом дорад) Муаллиф Ю. Ашуров Таҳияи М. Юсупов
    2 комментария
    14 классов
    Ишқи ду ҷавон (Дунёи бегонагон) Қисми 42. Маро ханда гирифт, аммо фурсати хандидан нашуд, Дима либоси маллоҳиашро пӯшида омад ва дар назди дар мисли аскарҳо рост истод. Миёнашро бо тасма мустаҳкам бастааст, дар тан либоси маллоҳ ва дар сар сарпӯши беайвони кабудро ба як тараф хамонда пӯшидааст. - Маллоҳи тайёр-ку, биё ба оғӯш гирам, - гуфта дастонамро кушодам. Дима калон-калон қадам гузошта наздам омад. Ӯро ба оғӯш гирифтаму аз пешонааш бӯсидам. - Ватанро ҳимоя мекунӣ? - пурсидам аз ӯ. Дима сар ҷумбонд. - Аз кӣ? - Аз фашистон! - Дуруст, фашист-душман, - гуфтам. - Шуд, либосатро иваз карда биё, - гуфт Лена, - хобиданамон лозим. Дима шитобон ба хонааш рафт. Ҳамроҳи Лена то дер аз ҳар боб сӯҳбат кардем, Димаро дар ҷойгаҳам хобаш бурд. Лена хоҳиш кард, ки бурда дар ҷойгаҳаш хобонам. Озод бардошта ҳамроҳи Лена ба хонааш бурдем. Лена табассум карду "хоби хуш" талабид, ғайриихтиёр аз рухсори ожангдораш бӯсида, ҳуҷраро тарк кардам. Боз танҳо будам, поямро хеле маҳс карда дар ҷойгаҳ ёзидам. Чӣ шуд, ки дар як лаҳза маро хоб бурд. Чашм кушодам, ки аллакай берун равшан шудааст, аммо ман дар хонаи Лена мехобам. Кай омада ин ҷо хобидам, дар хотир надоштам. - Баро, наҳорӣ тайёр, - овози Лена аз ошхона баромад. Варами поямро маҳс кунам гуфта дидам, ки нишоне аз варам боқӣ намондааст, поям мисли пештара, дард ҳам надошт. Хурсанд шуда берун баромадам. Дар ошхона духтаре ба Лена монанд, қаҳва омода мекард. Хоҳар доштани Ленаро намедонистам. - Лена канӣ? - пурсидам аз духтар. - Ана ман, - гуфт ӯ, - гуфтам бисёр нанӯш. Наздиктараш рафта бовар надоштам, ки ӯ Лена бошад. - Хеле ҷавон шудӣ, - гуфтам. - Нав мебинӣ? - хандид духтар, - дастатро шуста биё, ба ман дер мешавад. - Ба рӯят ягон чӣ молидӣ? - Ба ферма зебо шуда равам? - ҷиддӣ гуфт духтар. Ба гирду атроф нигаристам, хона-хонаи Лена. - Мо ҳарду шаб якҷоя будем? - Дидӣ, дар хотир надорӣ! Наметавонам дигар тоқат карда, ҳар рӯз як гапи нав... Дар ҳайрат будам, чӣ тавр духтари зебо бо мани пир зиндагӣ дорад? Ба ванна рафта ба оина нигаристам: "Не, боз ҳаминаш насерасид, гашта ман ҳам ҷавон будам". Баромада ба ҳуҷраам нигаристам, кампире мехобид. Чанд сол ба қафо рафтам? - Дима канӣ?, - аз духтаре, ки худро Лена мегуфт, пурсидам. - Кадом Дима? Кадом Дмитрий? - шӯрид духтар, - маро аз субҳ зиқ накун, бароям зарар дорад. Дидам, ки шиками духтар каме дамида... - Пас, Дима ҳанӯз дар батнат? - Кӯдакамонро Дима ном гузоштӣ? - Бале, - гуфтам ва баргашта ба ванна даромадам. Дар назди оина хеле истодам, аз дидани сурати худам нафратам меомад. Намедонистам бо ин духтар чӣ тавр муносибат кунам, дина унс гирифта будем бо ҳамдигар. Наход ман бо ӯ то ҳол зиндагӣ дошта бошам? Дар ин синну соле, ки аз тақвими ҳақиқӣ бармеояд, ман бояд чандсола бошам? - Баромадӣ? - боз пурсид духтар, - Чӣ кор мекунӣ дар назди оина? Ба ту ҳам дер мешавад! - Ман ба куҷо рафтанӣ будам? - пурсидам аз ванна баромада. - Дар хотир надорӣ? Бо Федя қитъаи охиринро шудгор мекунӣ, пас аз ду рӯз барф меборад. - Федя дар куҷо? - Вай наҳорӣ карда шуд, дар хонааш будагист. - Имрӯз бисту дуюми ноябр? Духтар аз болои миз телефони тугмагиашро гирифта як назар карду боз ба ҷояш гузошт. - Бисту дуюм... Бисту дуюм? - бо ҳайрат пурсид аз ман, - бояд ба қабули духтур мерафтам. - Соати ёздаҳ? - Фарқ надорад, - духтар қаҳваашро пурра нӯшида ба хонааш даромад ва дар як лаҳза либоси гармашро ба бар карда баромад. - Чӣ шах шудӣ? - боз пурсид аз ман, - цигил-цигил ай лю-лю. Ман аввал ба ферма меравам, сипас рост ба духтур. Ба сари миз омадаму саргаранг мондам, қаҳва аллакай хунук шуда буд. Бо як нафас дам кашида берун баромадам. Ҷавоне тракторро ба кор андохта мунтазири ман буд. Ин Фёдор бояд бошад, танҳо даҳ сол ҷавонтар, маро чунин ҷавон дида дар ҳайрат мешудагист. Аммо ӯ дарро кушода суол дод: - Термосро гирифтӣ? Баргашта ба ошхона рафтам, термоси дар рӯи миз бударо гирифта, як маротибаи дигар ба кампир нигаристам, ҳанӯз мехобид. - Ба бибӣ кӣ нигоҳ мекунад? - пурсидам аз Фёдор дар паҳлӯяш ҷо гирифта. - То ин дам кӣ нигоҳ мекард? - гуфту тракторро ба ҳаракат даровард. Деҳа дар пас монд, ба саҳроҳои беканор расидем. Саҳро аз як тарафи роҳ то беша мерасид, аз дигар ҷониб то ба дарё. Дарёи Кама, чӣ тавре, ки Лена гуфта буд... Ва ману Дима бояд киштичаашро дар ҳамин дарё мерондем. Аммо имрӯз ӯ ҳанӯз ба дунё наомадааст... Аҷаб корҳое, дилгир шудам аз дар дигар замонаҳо бедор шудану ба худ омадан. Роҳи гурез надорам... Фёдор тракторро ба самти беша гардонд ва хеле пеш рафт. Заминҳо ҳамвор ва аллакай шудгоршуда буданд. - Имрӯз агар хотима диҳем, пулро бегоҳ меоранд, бегоҳ ба Лена занг зада мегӯӣ, ки "хӯрок напазад". Як шиша аз шароби қимат ва як шиша аз май мегирем, май барои Лена. - Лена наменӯшад, - гуфтам, - вай ҳомила. - Наход? Муборак шавад! - гуфта Фёдор маро ба оғӯш гирифт. - Эҳтиёт кун, роҳро нигар, - гуфтам. - Натарс, дар саҳро садама нест, мо соҳиби саҳро! Ҷияндор мешавам? Офарин! - Чӣ, то ҳол хабар надоштӣ? Шикамчааш дамида мондааст-ку?! - Аҳамият надодаам, - Фёдор зери лаб сурудеро замзама карда, мошинро ин-тарафу он тараф мегардонд. Хурсанд буд. Мехостам гӯям, ки номаш Дима мешавад, аммо худдорӣ кардам. Наздиктари беша расидем. - Ана ҳамин қитъа, - гуфту қарор нагирифт ва роҳашро идома дод. - Мо ба куҷо? - гуфта пурсидам. - Плугро пайваст кунем, ё бе плуг шудгор кунем? Зери аввалин дарахти бузурги тӯс плуг мехобид. Ман аз трактор фаромадам, Фёдор тракторро қафонокӣ ронда ба плуг ҷафс кард. Ҳарду плугро бо азобе ба трактор насб кардем. Диққати маро беша ба худ ҷалб мекард. Ин ҳамон манзарае, ки... Чанде пеш ё солҳои минбаъда аз ҳамин макон берун омада будам. Айнан ҳамон дарахтон, ягон фарқият надоранд. Дил мегуфт таваккал вориди беша шавам ва рост аз дасти тақдир гираму пеш равам. Дар паҳлӯи Фёдор менишастам, паҳноии замин ниҳоят васеъ, ҳар дафъа сӯи беша мерафтему бармегаштем. Вақте сӯи беша мерафтем, ба пеш менигаристам, ҳангоми аз беша дур шудан ба пас. Русҳо як мақол доранд: "Гургро ҳарчанд парвариш кун, боз сӯи беша менигарад." Айни ҳол ман ҳамон гург будам, ки тӯъмаам дар беша мондааст. Ман омода будам, ки боз ду рӯзи умрамро дар беша гузаронам, ранҷ кашам, аммо аз ин ҳаллосзаниҳоям аз замони гузашта ба оянда ва ё баръакс, халос шавам. Ман дигар қудрати дидани пешомадҳои ғайриинтизорро надоштам, мехостам аз ҷойгаҳи хобидаам саломат дар замонам бархезам, намехостам ҳар рӯз атрофиёнам иваз шуда истанд. Бароям тӯъмаи шеру паланг будан беҳтар буд, назар ба оне, ки имрӯзҳо дар сарнавишт доштам. - Бо ин сурат имрӯз наметавонем корро хотима дода, - гуфт Фёдор, ки аз субҳ Федя гашта буд. - Барои чӣ? - Масоҳат ҳоло калон. - Ба фикрам нимашро шудем-ку. - Не, сеяки замин нав шуд, ман соли гузашта ҳам ин ҷоро шудгор карда будам. Ҳо ҳамон арчаи хушкида, ченаки ман аст. Федя дигар чӣ гуфт, намешунидам. Ин магар ҳамон арчае нест, ки дар миёни решаҳояш монда будам? Агар дар зераш нишебӣ бошад, ин аниқ ҳамон арча. Вай ҳам хушкида буд... - Худат ронда ист, ман як бешаро хабар гирам, - гуфтам ба Федя вақте боз ба беша наздик расидем. - Чӣ гум кардӣ дар беша? - Заҳр танг овард. - Ана, дар қафои трактор гузар. - Не, наметавонам, ба ҳар ҳол ба ту язна мешавам, - гуфтам хандида. - Хайр майлаш, танҳо дур нарав, - гуфту дар наздикии беша истод. Фаромада ишора кардам, ки тракторро ронад. - То баромаданам як бор рафта меоӣ, - гуфтам. Федя тракторро гардонида корашро идома дод. Ман бошам зери арча давидам. Бале, ин ҳамон арчае, ки зераш лағжида будам, ҳатто нақши дастонам ҳоло истодаанд. Шохаҳои часпидаам, решаҳои ба ҳам печида дар нишебӣ... - Алвидоъ Фёдор, - гуфта тахмин ба пеш давидам. Аз байни шохаҳои шикаста, аз болои решаҳои берундамида мепаридам, бо тамоми суръат медавидам. Медонистам, ки имрӯз наметавонам аз он сӯи ҷангал баромада, ҳар дақиқаву ҳар сонияро ғанимат медонистам. Хеле рафтам, аллакай маро Фёдор наметавонист пайгирӣ кунад. Монда мешудам, ба дарахте такя мезадаму боз роҳамро идома медодам. Ҳаво хушк, заминҳо хушк, ин ба ман имконият медод, ки бисёр наафтам, дар ҳамин ҳолат ҳам меафтидам, аммо сабук дар болои қабати ғафси хазон. Манзараҳо такрор меёфтанд ё дар назар чунин метофт. Аз тарси он, ки дар як майдон давр нагардам, ҳар гуна нишонаҳо гузошта роҳамро идома медодам. Ҳис кардам, ки гурусна мемонам, ҳар чӣ мевамонанд дар дарахт буд, ба даҳон мехастам, зеро шаб дар пеш буд, шаби дарози рӯзҳои охири тирамоҳ... Аз куҷое садои аккоси сагро шунидам. Қарор гирифта, гӯш андохтам ки садо аз кадом тараф меояд. Зеро саг дар ҷоест, ки одам ҳаст. Маълум кардан мушкил буд. Лаҳзае гӯш андохтам, садо аз дуродур меомад, муайян карда натавонистам, тахмин боз ҷониби аккоси саг рафтам. Рӯз бегоҳ мешуд, садои саг ҳам намебаромад дигар. Бар нақша доштам, камтари дигар пеш меравам, то он даме, ки чашм роҳро дида тавонад. Сари роҳ барои худро дар дарахт бастан алафҳо ҷамъ меовардам. Яке аз дарахтҳои бузургро интихоб карда, аввал каме дар зераш шишастам, то истироҳат кунам. Дар дарахт худро баста хобидан, табиист, ки ноқулай, ҳам барои мувозинатро нигоҳ доштан қувва сарф мешавад. Торикӣ ҳам фаро расид, часпида боло баромадам, "як шаб-ҳазор шаб нест" худро тасаллӣ медодам ман. Дар шохаи баландтарин, ки метавонист маро бардорад, қулайтар нишастам. Аз дуродур равшании чароғро дидам, ки гоҳ пайдо мешуд, гоҳ ғайб мезад. Ғайб заданаш аз ҷумбидани шохаи худам нишаста буд. Аввал гумон кардам, шояд кирми шабчароғ бошад. Не, чароғи барқӣ месӯхт. Агар дар торикӣ то чароғ нарасам, субҳ расиданам ба гумон буд, метавонистам боз раҳгум зада. Аз дарахт фаромада, тахмин ба самти чароғ рафтам, зеро аллакай дар поён вай наметофт. Роҳгардӣ дар торикӣ миёни шохаҳо ва болои решаҳо душвор буд. Лозим меомад ҳам ба зери по нигарам ва ҳам ба пеш, эҳтиёткорона пеш мерафтам, ки якбора саг аккос зад, аз миёни шохаҳо шохае дастрас карда натавонистам, ки худро ҳимоя кунам. Ҳар лаҳза садои саг баланд мешуд, медонистам, ки торафт ба ман наздик мешавад. Бехабар мондам чӣ тавр саг худро дар болоям ҳаво дод, гурсос ба замин афтодам, рӯямро бо кафи дастонам пӯшида худро мисли сангпушт ба дарун кашидам. Саг аз банди поям мекашиду аккос мезад. Аз гургу шағол дида саг айни ҳол бароям беҳтар буд, медонистам, ки ҳоло соҳибаш мерасад. Саг як маром аккос мезаду вазнашро пурра ба болоям партофта буд. Дигар маро хатар таҳдид намекард. Ноҷумбон дар интизори омадани соҳиби саг будам. Ниҳоят овози мардона: - Елисей, ба наздам, - гуфта фарёд кард. Аммо саг аккос мезаду соҳибашро наздаш мехонд, мехост маро ба соҳибаш таслим кунонад. - Кист дар ин ҷо? - гуфт мард. - Ман, - гуфтам, - сагро гиред. Мард бо чароғи дастиаш маро равшан кард: - Фу Елисей, - гуфт. Аммо саг аз ман дур намешуд. - Кистӣ ту? - маро ба по рост гузошта чароғашро дар рӯям рост кард мард, - шабона дар беша чӣ кор мекунӣ? - Раҳгум задам, - гуфтам. Гуфтугӯи ҳардуямонро шунида саг ҳам ором шуд, дар гирдам гашта танҳо маро бӯй мекашид. - Аз куҷо меоӣ? - Сагро гиред, бемалол мефаҳмонам, - гуфтам. - Натарс, ман дар ҳамин ҷо. - Ба ман деҳаи Грачёвка лозим буд. - Грачёвка? Хеле дур рафтӣ. Аз пасам биё, - гуфта мард пас гашт. (давом дорад)
    3 комментария
    11 классов
    Ишқи ду ҷавон (Дунёи бегонагон) Қисми 39. ... Саидалӣ дар ароба чанд буханка нонро оварда дар болои партов холӣ кард. - Ту чӣ кор мекунӣ? Чаро нонро оварда дар ин ҷо мепартоӣ? Аз хотират рафт рӯзҳои гуруснагиат? Ба як бурда нон зор буданат? - Гузаштанд вай рӯзҳо, дигар барнамегарданд. - Бовар дорӣ? Чархи гардун, имрӯз дорӣ пагоҳ не, кӯр мешавӣ. - Ман доротарин шахс дар курраи замин ҳастам, барои Люда "Мосфилм"-ро бо тамоми коргаронаш харидам. Ҳозир ман режиссёр, ҳама мунтазири ишораи ман ҳастанд. - Кино ин ҷо чӣ дахл дорад? - Даҳ "Оскар" аз мо шуд, Люда-ситораи синамо. Чаҳор тобути таҳхона пур аз тилло будааст. Нав якаш нима шуд, биё ягон дона бароят мебахшам, барои хотира. - Ман аз ту нонро мепурсам, убол аз хотират рафт? - Ношуд будӣ, ношуд мемонӣ. Ин нонҳо барои ту, то дами маргат мерасад. Ойгулро бошад, ман мегирам, ба болои Люда. Люда розӣ. - Ойгулро ба ҳолаш гузор ва аз назарам дафъ шав. - Натарс, чаро меларзӣ? - Хунук хӯрдам. - Бин, чӣ гуна нотавон шудаӣ, қудрати аз ҷо хестанро надорӣ, лекин ман ба ту, ба хотири Люда кӯмак мерасонам. Туро дар паҳлӯи Зоя мехобонам, шумо муносиби ҳамдигар ҳастед.... Бедор шудам, ки андаруни қаиқ ҳанӯз торик, аммо аз берун садои ду мард меояд: - Захираи барои зимистон ҷамъкардаам то баҳор мерасад. Моҳиҳои имрӯз доштаамро ба ту мебахшам. Гӯсолаҳоро ҳамсару духтарам бонӣ мекунанд, танҳо дар дастрас кардани хошок мушкилӣ мекашам. Чӣ мешуд, ки дар ҳамин масъала ба ман кӯмак кунӣ? - Чанд гӯсола дорӣ? - пурсид дуввумӣ. - Дувоздаҳто. - Ба гӯшт супор, дар сармо молат на гӯшт мегирад на равған. Ба хошоки харидаат зиён мекунӣ. - Чанд харидор омад, нархи арзон пешниҳод кард надодам. Вазни зинда дусадрублӣ. Хостам қаиқро каме бардошта нигарам, аммо маълум шуд, ки ду нафар дар болои он нишастаанд. Агар тӯрро ба об партофта бошанд, метавонанд то бегоҳ нишаста, ман бошам аз сардӣ ҷон медодам. Аз дарун киштиро ба ангушт задам: - Кӯмак кунед, мемурам.. Ҳарду як лаҳза хомӯш шуданд, сипас "овоз аз ҳамин ҷо" гуфта як тарафи қаиқро бардоштанд. - Ту кистӣ? Чӣ кор мекунӣ дар ин ҷо? - гуфта яке аз онҳо пурсид: - Аввал ёрӣ диҳед, ки рост шавам, - гуфтам дастамро боло карда. Яке қаиқро бардошта истод, дигаре аз ҳарду дастам дошта берун кашид. Аз дасти яке дошта бо азоб рост шудам. Вақте қаиқро гузоштанд, дарҳол дар болояш нишастам. Зери қаиқ ноқулай буд, шояд барои ҳамин тамоми ҷисму ҷонам дард мекард. - Ту аз куҷо пайдо шудӣ? - пурсид яке. - Раҳгум задам... - Аз кучоӣ, ба куҷо равона будӣ! - Ба Краснополянск рафтанӣ будам. Намедонам ҳоло дар куҷо? Се рӯз пиёда гаштам, на пул дорам, на бурдаи нон.. - Краснополянск? - ҳарду ба ҳамдигар нигаристанд, - ин дар куҷо? - Агар медонистам, мерафтам охир... Ягон бурда нон доред? Нав дидам, ки дар як тараф дуртар аз мо ду асп баста шудааст, яке рафта аз наздаш термос бардошта омад. - Чойи гарм нӯш, - гуфта чой рехта дод. - Се рӯз мегӯӣ? Аз кадом самт омадӣ? - Аз куҷо медонам, бароям аллакай фарқ надорад. - Реги либосатро афшон, ман туро ба хона мебарам, - гуфта дигаре либосамро афшонд, - либосат ҳам тар. Шамол нахӯрда бошӣ. Бо кӯмаки ҳарду ба асп савор шудам, дар аспи дуюм яке аз онҳо нишаст ва ваъда дод, ки тез бармегардад. Намедонам чӣ қадар роҳ гаштем, деҳа намудор гашт. Хонаи марде, ки ҳамроҳам мерафт, аввалин ҳавлӣ буд. Даромадан ҳамон писарашро даъват кард: - Дима, баро ин тараф. - Шумо чӣ ном доред, марди хуб? - пурсидам дар ҳоле, ки ҳамин ҳоло аз болои асп афтиданам мумкин буд. - Фёдор Иванович, - кутоҳ ҷавоб дод мард, сипас боз як маротиба фарёд кард, - Дима! Ёрои мустаҳкам нигоҳ доштани узангуро надоштам, ҳатто банди асп аз дастам баромада поён рафта буд. Ниҳоят худи мард аз аспаш фаромада банди аспи худро низ раҳо кард ва маро гуфт, то ба китфаш бор шавам. Мард пурқувват буд, маро озод бардошта ба хонааш даромад. Зане, ки ҳатто симояшро надидам, кӣ будани маро пурсид: - Раҳгум задааст, се шаб зери қаиқи мо хобидааст, - гуфта маро дар болои дивани нарм хобонд. - Дорӣ ягон чиз? - пурсид аз зан. - Аввал ширҷӯш медиҳам, - гуфт зан. - Дима канӣ? - Ба хонаи рафиқаш рафт. - Ман назди Серёга меравам, ин ҷавон истироҳат кунад, баъд маслиҳат мекунем. Чашм кушодам, ки зани солхӯрдае дар сарам истодааст, дар дасташ коса. - Камтар шир овардам, нӯш, - гуфт. Бархоста қулайтар нишастам ва аз дасти зан косаро гирифта ширро нӯшидам. - Ба танат мувофиқ либос овардам, иваз кун, - гуфта зан дарро аз берун пӯшида баромад. Либоси худам лойолуд будааст, пас аз иваз кардан дидам, ки ҷойгаҳро расфо кардаам. Шир каме дар танам қувват бахшид, аммо тамоми баданам дард дошт. - Шудӣ? - овози зан аз берун омад. - Шудам, - гуфтам базӯр овозамро бароварда. Зан омада либосҳои кӯҳнаамро ҷамъ карда гирифт. - Ба фикрам каме хобидам, - гуфтам. - Панҷ дақиқа хобидӣ, - табассум кард зан. - Маъзарат мехоҳам, - гуфтам, - ҷойгаҳро ифлос кардам. - Метавонӣ хеста? - пурсид зан, - рӯпӯшашро иваз кунам. - Метавонам, дар назди шумо ва шавҳаратон як умр қарздор ҳастам. - Фаромӯш кун, - гуфт зан, - аммо Фёдор шавҳарам нест, вай бародарам аст. - Дима чӣ? - Дима фарзанди ман. Зан меҳрубон буд, мулоим сухан мегуфт, бинобар хостам каме дар наздам бошад. - Истироҳат кардан намехоҳӣ? - пурсид ӯ. - Не, чанд муддат бо касе сӯҳбати самимӣ надоштам. - Ҳозир ман либосатро дар мошини ҷомашӯӣ ҳавола карда бармегардам, - гуфту аз дар берун шуд. Дар назар зан панҷоҳсола метофт, "Дима агар писараш бошад, ҳамсоли худам будагист, ҷӯра мешавам" гуфтам дар дил. Зан курсиеро ҳамроҳаш оварду дар рӯ ба рӯям нишаст. - Хӯш, нақл кун, чӣ тавр раҳгум задӣ? - Ин қисса дароз, агар фурсат дошта бошед, нақл мекунам. - Маро "шумо" нагӯ, меранҷам, - гуфт зан. - Хуб, - гуфтам, аммо лозим омад боз дурӯғ гӯям, - маро ду нафар сахт фиреб доданд. Ҳамроҳ дар сохтмон кор мекардем, музди маоши шашмоҳаро гирифта ба хона баргаштан хостам. - Хона дар куҷо? - Дар Краснополянск. - Ин вилояти мо не. - Не, вилояти шумо не, рафиқам мошин дошт, маро гуфт то вокзали роҳи оҳан бурда мегуселонад. Тамоми пул дар сумкаам буд, дар нимароҳ яке аз онҳо гуфт, ки наметавонад дигар тоқат карда, заҳраш танг кардааст. Ману ронанда дар мошин будем, вай рафту барнагашт. Хеле мунтазир шудем, ниҳоят ронанда гуфт, ки аз мошин фаромада, рафиқамонро фарёд кунам. Садояш намебаромад. Паси дарахтон гузаштанашро дида будам. Ба ҷустуҷӯяш рафтам, ки садои мошин баланд шуд. Ба кӯча баромадам, ки аллакай ҳарду ғайб задаанд. - Рақами мошинаш дар хотират буд? - Мутаассифона не, торик мешуд, ба чанд мошин даст бардоштам, наистод. - Вокзал аз мо хеле дур, бо мошин қариб дусоатина роҳ, - гуфт зани зудбовар, - дар вокзал ҳам чӣ кор мекардӣ, пул надошта бошӣ. - Хайр, бало ба пасашон, - гуфтам, - тақвим дорӣ? - Чӣ кор кардан мехоҳӣ? - Ҳисоб кунам, чанд рӯз дар хона набудам. - Дар телефонам ҳаст, - гуфта зан бархост. "Телефон дошта бошад, пас ба замонам наздик мешавам". Зан телефонашро оварду дар сарам рост истод, телефонаш нав, тугмадор не, хурсанд шудам. - Кай аз хона баромада будӣ? - пурсид ӯ. - Иҷозат деҳ ман худам бинам. Телефонро гирифтам, ки аллакай саҳифаи тақвим кушода: - Аз бистуми май, - гуфтам, - эҳе хело шудааст-ку... Аз тақвим баромада санаро дидам: 22.11.2019. "Се соли дигар дар пеш, ба ҳар ҳол наздик мешавам". - Чаро ба андеша рафтӣ? - Ин сурати дар телефон доштаат аз кист? - Ин Дима. Писарам. - Чандсола ин? - Дар синфи чорум мехонад. - Марди калон шудаст-ку, - гуфта телефонашро баргардонидам. - Ба ман монанд? - Монандӣ дорад. - Падараш ҳам ҳамин хел мегуфт. - Падараш ҳоло дар куҷо? - Рафт, - оҳи чуқур кашида гуфт зан, - қаҳр карду рафт. - Ҳеҷ гап не, як рӯз бармегардад. - Вай дигар барнамегардад, хислаташро медонам... Ягон чӣ мехурӣ? - Албатта, лекин мехостам, аввал дастонамро шӯям. - Биё аз пасам, метавонӣ роҳ гашта? - Кӯшиш мекунам, - гуфтам бархоста. Аммо пойҳоям маро итоат намекарданд, ҳангоми иваз кардани либос дида будам, ки ҳарду поям аз зону поён сурх шуда варамида буданд. Пири барҷомонда барин то дар расидам. - Ана ин дар, - гуфта зан дареро ишора кард ва худ ба ошхона гузашт. Шароити деҳа аз шаҳр фарқият дорад, ин ҷо ҳар кас ба имкону маблағаш вобаста хонаашро обод мекунад. Дар шароити Фёдор ванна ва ҳоҷатхона дар як кулбачаи танг ҷойгир шудааст, то дар сармо гарм карданаш осону камхароҷот гардад. Дастшӯяки оддӣ, оина... Ин чӣ сурат аст, ки ба ман менигарад? Наход ҳамин ман бошам? Дарро аз пасам пӯшидам, то маро дигар набинанд. Наход мани бистуҳаштсола чунин сурат дошта бошам? Мӯйҳо мошубиринҷ, рухсора пурожанг.. Не, бо ин сурат маро на Нилуфар қабул мекунаду на Ойгул. Ин чӣ рӯз, ки ба сарам омад? Ин дафъа ба оина менигарам-ҳафтодсола... Дафъаи сеюм шояд ба оина ҳам назар карда натавонам. Поям сиҳат шавад, дигар Краснополянск намеҷӯям, рост ба Тоҷикистон мепарам. Аққалан ягон рӯз бо Нилуфар будан мехоҳам... Фарзандамро дидан мехоҳам. Дар паҳлӯи падар-ҳамсоли падар мегардам. Чӣ қадар вақт гузашта бошад, ман вақти гузаштаи умрамро аз кадом тақвим бинам? Соли сӣ ҷавон будам, соли нуздаҳ пир... Беихтиёр сурати оина ба гиря пардохт, ашки чашмонаш шорид. Рухсорааш боз пурожангтар шуд... Дастамро бо оби сард шустам, рӯямро низ, мешустаму ба оина менигаристам, умед доштам, ки ин ҳама фиреби назар аст. Не, сурати мард дар оина тағйир намеёфт... (давом дорад) Муаллиф Ю.Ашуров Таҳияи М.Юсупов
    1 комментарий
    12 классов
Ранҷи дунё бар кашидам арзиши модар нашуд...
🌊Кафши кӯдакеро дарё бурд, кӯдак рӯи соҳил навишт:
Дарёи дузд...
Он тарафтар марде, ки сайди хубе дошт, рӯи об навишт:
Дарёи саховатманд...
Модаре, ки писараш дар он дарё ғарқ шуда буд, навишт:
Дарёи қотил...
Пирамарде, ки марвориде сайд карда буд, навишт:
Дарёи бахшанда...🌊
🌊МАВҶ ОМАД ВА НАВИШТАҲОРО ШУСТ ВА ДАРЁ ОРОМ ГУФТ:😌
🗣️Ба қазовати дигарон эътино макун, агар мехоҳӣ дарё бошӣ бар он чи гузашт, он чи шикаст, он чи нашуд ҳасрат нахур...👌
🌗ЗИНДАГӢ АГАР ОСОН МЕБУД БО ГИРЯ ОҒОЗ НАМЕШУД...🌓
  • Класс
ЯК ДАСТА ГУЛИ БАҲОР БОШАД МОДАР, САБРИ ДИЛИ БЕҚАРОР БОШАД МОДАР.
Ишқи ду ҷавон (Дунёи бегонагон) Қисми 43. Мард аз пеш, саг аз думболам буд. Бо равшании чароғаш хеле роҳ паймуда ба кулбае расидем. Дуртар аз кулба як асп ва боз дуртар ароба ба чашм расид. "Боз ба кадом замон расидам" гуфтам дар дил. Вале чароғи равшан ва телевизори ҳамвори кулбаро дида дилам ором гирифт. Мард аввал чой пешниҳод кард, сипас таклиф кард, ки дар курсӣ шинам. Дар девор шохи калони гавазн овехта шуда буд. Тахмин кардам мард ҷангалбон аст. - Канӣ, нақл кун, - гуфт мард, - Чӣ ҳодиса рӯй дод? - Хостам роҳро кӯтоҳ кунам, - гуфтам, - аммо баръакс... Ба автобус дер кардам, ба ноҳия рафтанӣ будам... - Кай ба роҳ баромадӣ? То Грачёвка дур будани "роҳро” ба инобат гирифта: - Дина саҳар
Ишқи ду ҷавон (Дунёи бегонагон) Қисми 42. Маро ханда гирифт, аммо фурсати хандидан нашуд, Дима либоси маллоҳиашро пӯшида омад ва дар назди дар мисли аскарҳо рост истод. Миёнашро бо тасма мустаҳкам бастааст, дар тан либоси маллоҳ ва дар сар сарпӯши беайвони кабудро ба як тараф хамонда пӯшидааст. - Маллоҳи тайёр-ку, биё ба оғӯш гирам, - гуфта дастонамро кушодам. Дима калон-калон қадам гузошта наздам омад. Ӯро ба оғӯш гирифтаму аз пешонааш бӯсидам. - Ватанро ҳимоя мекунӣ? - пурсидам аз ӯ. Дима сар ҷумбонд. - Аз кӣ? - Аз фашистон! - Дуруст, фашист-душман, - гуфтам. - Шуд, либосатро иваз карда биё, - гуфт Лена, - хобиданамон лозим. Дима шитобон ба хонааш рафт. Ҳамроҳи Лена то дер аз ҳар боб сӯҳб
  • Класс
Ишқи ду ҷавон (Дунёи бегонагон) Қисми 41. Бо азобе кафшро пӯшиданӣ будам, ки Лена як ҷуфт попӯши Фёдорро овард. Барои киштича се дона батарея истифода мешуд, як нусхаашро ҳамчун намуна гирифта кӯча баромадем, ки Фёдор ҳам бо аспу як халта моҳӣ омад. - Имрӯз шикор хуб-ку, - гуфт Лена. - Аз Серёгаро ҳам гирифтам, - гуфт, - фардо ба хонааш хошок мебарам. Шумо ба куҷо? - Камтар роҳ гардем, - гуфт Лена, - пояш хунук задагӣ барин. - Дима канӣ? - Хобидааст. Камтар ист, мо бармегардем. Мағоза асосан аз хӯрокворӣ иборат будааст, ки дар яке аз ҳавлиҳои сокини деҳа ҷойгир шудааст. Ба фурӯшанда батареяро нишон додем. - Дорам , - гуфт хушбахтона, - чанд дона лозим? Барои мо се дона лозим буд, аммо фурӯш
  • Класс
Ишқи ду ҷавон (Дунёи бегонагон) Қисми 40. - Баро, хӯрокатро овардам, - садои зан аз берун омад. - Мумкин ҳамроҳ хӯрок хӯрем? - пурсидам аз ванна баромада. - Метавонӣ ба ошхона рафта? - Метавонам. Дар ошхона писарчаи тахмин даҳсола менишаст. - Салом Амак, - гуфта дастчаҳои майдаҳакашро сӯям дароз кард. - Салом, - гуфта аввал дасташро фишурдам, сипас ғайриихтиёр ӯро ба оғӯш гирифта аз пешонааш бӯсидам, нав эҳсос кардам ки фарзанди худамро чӣ қадар пазмон шудаам. Натавонистам ашки чашмонамро нигоҳ дошта. - Ба ту чӣ шуд? - гуфта зан маро аз кӯдакаш ҷудо кард, - Дима, ба хонаи худамон гузар, ман туро даъват мекунам. Рӯямро ба дигар тараф гардонидам, ки зан сарамро тоб дод. - Чӣ шуд? Чаро гиря ме
Ишқи ду ҷавон (Дунёи бегонагон) Қисми 39. ... Саидалӣ дар ароба чанд буханка нонро оварда дар болои партов холӣ кард. - Ту чӣ кор мекунӣ? Чаро нонро оварда дар ин ҷо мепартоӣ? Аз хотират рафт рӯзҳои гуруснагиат? Ба як бурда нон зор буданат? - Гузаштанд вай рӯзҳо, дигар барнамегарданд. - Бовар дорӣ? Чархи гардун, имрӯз дорӣ пагоҳ не, кӯр мешавӣ. - Ман доротарин шахс дар курраи замин ҳастам, барои Люда "Мосфилм"-ро бо тамоми коргаронаш харидам. Ҳозир ман режиссёр, ҳама мунтазири ишораи ман ҳастанд. - Кино ин ҷо чӣ дахл дорад? - Даҳ "Оскар" аз мо шуд, Люда-ситораи синамо. Чаҳор тобути таҳхона пур аз тилло будааст. Нав якаш нима шуд, биё ягон дона бароят мебахшам, барои хотира. - Ман аз ту нонр
  • Класс
Показать ещё