Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 16:00
01:02
Иранцы
19 просмотров
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 15:54

Дар Сангвор ду сайёҳи русро аз даруни сел берун оварданд.

КҲФ мегӯяд, дар километри 2-юми роҳи мошингарди Лабиҷар-Сангвор-Дарвоз сел омад.
Сел замоне омад, ки дар роҳи мазкур ду сайёҳи рус дар ҳоли ҳаракат буданд ва онҳо дар иҳотаи сел монданд.
Зикр гардид, ки кормандони хадамоти роҳи ноҳияи Сангвор сайёҳони русро аз даруни сел берун оварданд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 14:10
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 13:25
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:10

Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба далели омодагӣ ба ҳамлаҳои террористӣ дар Беларус боздошт шуданд.

Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Беларус Наталя Сахарчук хабар дод.
"Кормандони Сарраёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва коррупсияи ВКД бо дастгирии Дастаҳои махсуси вокуниши фаврӣ дар шаҳри Минск ду шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир намуданд, ки қасд доштанд дар Тоҷикистон амалҳи террористӣ анҷом диҳанд", - шарҳ дод ӯ ба РИА Новости.
Сахарчук афзуд, онҳо аллакай ба ватанашон истирдод шуда, ба кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД Тоҷикистон супурда шудаанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:05

Дар Душанбе Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил шуд.

Дар чорабинии варзишӣ раиси пойтахт, президенти Ассосиатсияи футболи Осиёи марказӣ Рустами Эмомалӣ иштирок кард.
Ҳамчунин, собиқ футболбози дастаи Челсии Англия ва капитани мунтахаби Нигерия Ҷон Оби Микел ҳамчун меҳмони фахрӣ ширкат дошт.
Бояд гуфт, нахустин маротиба Рӯзи ҷаҳонии футбол бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ тавассути қатъномаи СММ қабул гардид ва акнун дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил мешавад.
Дар Тоҷикистон 12 шаҳру ноҳия Фестивали футболро баргузор кард.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:25

Дар Душанбе Форум "Барои сулҳ ва дӯстӣ" оғоз шуд.

Дар он ҷавонони фаъол аз 50 созмони кишварҳои ИДМ табодули таҷриба мекунанд.
Дар худи рӯзи аввал Шӯрои ҷавонони Тоҷикистон ва маркази волонтёрони Беларус Ёддошти ҳамкорӣ имзо карданд.
Форум дар давоми ҳафта дарсҳои гуногун, мубоҳисаҳо ва чорабиниҳои фарҳангиро ваъда медиҳад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 19:00

Бунёди аввалин корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти панелҳои офтобӣ дар Данғара.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” барои бунёди аввалин корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти панелҳои офтобӣ санги асос гузошта, бо лоиҳаи иншооти сохташаванда шинос шуд.
Мувофиқи лоиҳа, корхонаи саноатӣ дар 4 марҳила бунёд гардида, баъд аз татбиқи пурраи лоиҳа беш аз 8 ҳазор нафар дар чор марҳила бо кор таъмин карда мешаванд, ки 95% фоизашро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳад.
Фаъолияти корхонаи мазкур ба истеҳсоли таҷҳизоти панелҳои офтобӣ равона карда шуда, ҳаҷми сармоягузории он дар чор марҳила 2 млрд долларро ташкил медиҳад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:30
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:00

Ҷуғрофиёи фаъолияти афроде, ки паси ҳамлаи террористӣ дар Крокус буданд, васеътар аз ИДМ аст

Ҷуғрофиёи фаъолияти афроде, ки паси ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл буданд, васеътар аз ИДМ аст.
Дар ин бора директори Хадамоти истихбороти хориҷии Русия Сергей Наришкин изҳор дошт.
Вай ба хусус ба сӯиқасд ба ҷони Роберто Фитсо таъкид кард.
«Сӯиқасд ба ҷони сарвазири Словакия, ки барои элитаи либералӣ нописанд аст чӣ гуна аст? Гуноҳи ӯ танҳо дар он аст, ки аз манфиатҳои миллии кишвар ва мардумаш дифоъ кард”, - гуфт ӯ.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:30

Русия ният дорад муносибатҳои бародаронаро дар ИДМ нигоҳ дорад ва тақвият диҳад.

Сарвазири Русия Михаил Мишустин дар мулоқот бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои ИДМ ба ин масъала таъкид кард.
Вай ҳамчунин қайд кард:
🔹Дар ИДМ бояд низоми мустақили пардохт таъсис дода шавад.
🔹Танҳо тавассути талошҳои муштараки кишварҳои ИДМ метавон бар тзидди аҳримҳо муқовимат кард.
🔹ММД-и кишварҳои Иттиҳод дар соли 2023 3,8% афзоиш ёфт, дар ҳоле ки Иттиҳодияи Аврупо ҳамагӣ 0,5% рушд кардааст.
🔹Барои Иттиҳод муҳим аст, ки муколамаро бо дигар иттиҳодияҳои АвруОсиё афзоиш диҳанд.
🔹 Маскав пешниҳоди эълон кардани Ишқободро шаҳри имкониятҳои нави варзишӣ дар ИДМ дастгирӣ хоҳад кард.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:00
01:54
Сергей Наришкин
91 просмотр
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:42

Идораи динии мусалмонони Русия омода аст аз ташаббуси манъи пӯшидани ниқоб пуштибонӣ кунад.

Муфтии Маскав Илдар Аляутдинов ба хабаргузории РИА Новости гуфт, ки агар мақомот алоқои пӯшидани ниқоб ва афзоиши хатари ифротгароиро муайян намояд, ин кор сурат мегирад.
Қаблан раиси Шӯрои ҳуқуқи башар Валерий Фадеев дар бораи манъи сарпӯшҳое, ки рӯйи занони мусалмонро пурра мепӯшонад, изҳори назар карда буд.
Чунин пешниҳодҳо низ қаблан дар бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ шуда буд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:00

Дар Ғарғараи Данғара майдони Парчам пайдо шуд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Ғарғараи деҳоти Корез майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур майдони парчам аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони ватандусту ташаббускор бунёд гардидааст.
Пояи Парчами давлатӣ бо баландии 54 метр қомат афрохта, дарозии матои Парчами миллӣ 14 метр ва паҳноии он 7 метр мебошад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:30

Нишасти изтирории ҳавопаймои ширкати русӣ, ки ба Хуҷанд парвоз мекард.

Ҳавопаймои ширкати русии «Уралские авиалинии», ки ба Тоҷикистон парвоз мекард, ба таври фаврӣ масири парвозашро дигар карда, дар фурудгоҳи шаҳри Самара нишасти изтирорӣ анҷом додааст.
Қайд карда шудааст, ки ҳангоми парвоз аҳволи як мусофир бад шудааст. Бинобар ҳамин халлабон тасмим гирифтааст, дар фурудгоҳи ғайримуқаррарӣ нишасти изтирорӣ анҷом диҳад.
Зимни фуруд ҳеҷ як мусофир осеб надидааст ва нафари беморро дар фурудгоҳи Самара пизишкон пешвоз гирифтанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:00

Намоиши филмҳо аз хазина «Мосфилм» дар Ҳафтаи синамои Русия дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ҳафтаи синамои Русия баргузор мешавад.
Ҳафтаи синамо 24 май оғоз шуда, то 29 май дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд идома хоҳад кард.
Дар ҳафтаи синамо филмҳои машҳури замони Шӯравӣ ва муосири Русия, ки аз ҷониби «Мосфилм» офарида шудаанд, намоиш дода мешаванд.
Ба тамошобинон дар Душанбе шаш фильм, аз чумла филмҳои коргардонҳои Элдар Рязанов, Леонид Гайдай, Карен Шахназаров ва Сергей Бондарчукронамоиш медиҳанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:30

Қазоқистон созишнома бо Тоҷикистон дар бораи пули миллиро бекор кард

Ҳукумати Қазоқистон созишнома бо Тоҷикистон дар бораи табдили мутақобилаи арзҳои миллиро бекор кард.
Қарори ҳукумат дар бораи лағви созишномаи байни Қазоқистон ва Тоҷикистон дар бораи табдили мутақобила ва устувории қурби танга ва рубли тоҷикӣ содир шудааст.
Дар ин санад гуфта мешавад, ки Созишномаи дар Душанбе 16 декабри соли 1999 басташуда миёни ҳукуматҳо ва бонкҳои миллии Қазоқистон ва Тоҷикистон дар бораи табдили мутақобила ва ба эътидол овардани қурби танга ва рубли тоҷикӣ бояд қатъ карда шавад.
Ба Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дастур дода шудааст, ки тибқи қонун ҳукумати Тоҷикистонро дар бораи тасмими бекор ка
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:00

Мавсими нави Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон дар Рӯзи ҷаҳонии футбол оғоз мешавад.

Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон нақшаҳои мавсими навро муайян карда, маросими қуръакашии тақвими бозиҳои қаҳрамонӣ байни дастаҳои занонаро баргузор намуд.
Барои медалҳо дар ҳафтумин чемпионати Тоҷикистон, ки 26-уми май оғоз мешавад, даҳ дастаи занона мубориза мебаранд.
🔸 «Душанбе» (Душанбе)
🔸МДМВ «Вахш» (Бохтар)
🔸МДМВ (Кӯлоб)
🔸«Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ)
🔸«Бешкент» (Носири Хусрав)
🔸«Ситора» (Шаҳринав)
🔸«Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов)
🔸ММФ «Канд» (Конибодом)
🔸«Бунҷикат» (Шаҳристон)
🔸ММВФЧА «Хуҷанд» (Хуҷанд).
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:30

ДОИШ* ҷангҷӯёнашро аз Ироқ ва Сурия ба Афғонистон интиқол медиҳад.

Дар ин бора директори Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Руслан Мирзаев зимни суханронӣ дар ҷаласаи раисони Додгоҳҳои олии кишварҳои ин созмон изҳор дошт.
Вай тамоюли афзоиши шумори сохторҳои террористӣ дар Афғонистонро чолишҳои ҷиддие барои амнияти кишварҳои узви СҲШ донист.
🔸Як сол пеш Мирзоев шумори гурӯҳҳои исломгаро дар Афғонистонро ба истиснои ДОИШ* 13714 нафар тахмин зада буд.
*гурӯҳи мамнӯъ дар қаламрави Русия
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:00

Кишварҳои ИДМ бояд кори муштаракро барои ҳифзи сарҳадҳои ҷанубӣ Иттиҳод пурзӯр намоянд.

Директори ФСБ-и Русия Александр Бортников дар нишасте дар Бишкек ба ин таваҷҷӯҳи хос зоҳир кард.
Аз ҷумла, вай гуфт, Русия ҳамкориҳои зич бо кишварҳои Ховари Миёна, Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ дар мубориза бо терроризм шурӯъ кардааст.
Показать ещё