Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:25

Ҳукумати Тоҷикистон кумакпулиро барои камбизоатон аз моҳи равон афзоиш дод.

Аз 1 сентябри соли равон дар баробари 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки аз қабл пардохт мешуд, инчунин барои ҳар кӯдаки то 16-сола ва хонаводаҳое, ки ду ва зиёда маъюб доранд, иловатан 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ 144 сомонии дигар пардохт карда шавад.
Дар баробари ин аз 1 январи соли 2025 андозаи кумакпулӣ барои оилаи камбизоат барои дувоздаҳ моҳ ба андозаи 11 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шудаст. Ин кумакпулӣ дар ҳаҷми 25%-ӣ ҳар семоҳа пардохт мешавад.
Ҳукумати Тоҷикистон кумакпулиро барои камбизоатон аз моҳи равон афзоиш дод. - 957169726107
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:55

Чойхонаи "Харбуза"-ро ба фурӯш гузоштанд: нархаш 35 млн сомонӣ.

Ин чойхонаи миллии маърифро Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ба фурӯш баровардааст ва нархашро беш аз $3 млн муайян кардааст.
Музояда рӯзи 27 сентябр баргузор мешавад.
Бояд гуфт, чойхона бо сармояи Муродалӣ Алимардон сохта шуд ва аввал хусусӣ буд, вале пас аз қарздор шудани "Агроинвестбонк" он давлатӣ шуд.
Чойхона соли 2015 аз сӯи президент ифтитоҳ гардид, вале аз соли 2016 ба ин сӯ фаъолият накард.
Чойхонаи "Харбуза"-ро ба фурӯш гузоштанд: нархаш 35 млн сомонӣ. - 957169331355
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:29

Кумитаи дин дар як ҳафта 9 ҳолати қонуншиканиро ошкор кард.

Ин ниҳод мегӯяд, аз 8 то 15 сентябр масъулони комиссияиҳои доимӣ 663 рейд гузоранданд, ки дар натиҷа ҳолатҳои нақз шудани қонун дар бораи танзими ҷашну маросимҳоро ба қайд гирифтанд.
Манбаъ афзуд, асосан талаботҳои моддаҳои 12 ва 18- и ин қонун аз сӯи шаҳрвандон риоя намешавад.
Кумитаи дин дар як ҳафта 9 ҳолати қонуншиканиро ошкор кард. - 957168861083
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:51

Тоҷикони вилояти Твер ба низомиён дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ кумак расонданд.

Ба фронт автомашинаи "Лада Веста" ва маҷмуи либоси махсуси ҷангӣ расонда шуд.
Гуфта мешавад, ки ин кумаки аввалин ва охирин ҳам барои низомиёни Русия нест.
00:24
Твер
38 просмотров
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:01

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо Кореяи шимолӣ рақобат мекунад

Бозӣ 25 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дар доираи даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 баргузор мешавад.
Тими Кореяи Шимолӣ пас аз ду даври интихобӣ дар садри ҷадвали гуруҳи "Е" қарор дорад.
ФФТ мухлисонро барои дастгирии ҷавонони кишвар даъват намуда, зикр кард, ки даромад ройгон аст.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо Кореяи шимолӣ рақобат мекунад - 957166179739
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 08:49
Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ба мардуми Афғонистон кумак кунад. - 957165882523
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 08:08

Тоҷикистон хостори истифодаи зеҳни сунъӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор шуд

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳамоиши СММ, пешниҳод кард, ки Маҷмаи Умумӣ дар иҷлоси навбатӣ оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳамсозии имкониятҳои нав барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва суръатбахшӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ қатъномаи махсус қабул намояд.
Вай зикр намуд, ки тибқи ҳисоботи дабири кулли Созмони Милал, ҷомеаи ҷаҳонӣ то соли 2030 фақат ба 17 %-и Ҳадафҳои рушди устувор ноил шуда метавонад.
Тоҷикистон хостори истифодаи зеҳни сунъӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор шуд - 957164663707
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 07:49

Нетаняҳу - Гитлери нав асту алайҳи ӯ ва гуруҳи қотилонаш бояд аз зӯрӣ кор бурд.

Ин нуктаро президенти Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон зимни суханронӣ дар нишасти СММ баён дошта, афзуд, ки пеши роҳи нахуствазири Исроилро бояд гирифт.
"Чунон ки иттиҳоди башарият Гитлерро 70 сол пеш боздошт, ҳоло ҳам бо ҳамин талошҳои муштарак бояд Нетаняҳу ва гурӯҳи қотилони ӯро боздорад, мо боварӣ дорем, ки дар шароити кунунӣ масъалаи истифодаи нерӯ бояд тавсия дода шавад", - гуфт ӯ .
Нетаняҳу - Гитлери нав асту алайҳи ӯ ва гуруҳи қотилонаш бояд аз зӯрӣ кор бурд. - 957164095131
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 07:23

Эмомалӣ Раҳмон: Қазияи Фаластин ҳалли низомӣ надорад, бояд давлати мустақил ташкил шавад

Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар маҷмааи умумии СММ баён дошт.
Тоҷикистон бар он назар аст, ки ҳалли ниҳоӣ ва воқеии ин қазия танҳо тавассути иҷрои қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба таъсиси Давлати мустақили Фаластин дар асоси марзҳои соли 1967 имконпазир мебошад, гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Вай изҳори умед кард, ки ҷонибҳои даргир барои оташбас ва роҳандозии музокироти сулҳ иқдом карда, ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати эҳёи суботи пойдор дар Фаластин тадбирҳои муассир хоҳад андешид.
Эмомалӣ Раҳмон: Қазияи Фаластин ҳалли низомӣ надорад, бояд давлати мустақил ташкил шавад - 957163431323
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 07:02

Нархи доллар дар Тоҷикистон поин рафта, арзиши евро афзуд

Ба иттилои БМТ, қимати рубли Русия дар Тоҷикистон бетағйир боқӣ мондаст. Маълумоти бештар дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон.
Нархи доллар дар Тоҷикистон поин рафта, арзиши евро афзуд - 957163011227
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:20
Думаи давлатӣ аз созишнома дар бораи таъсиси маркази "Сириус" барои кӯдакони лаёқатманд дар Тоҷикистон пуштибонӣ кард. - 957149475483
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:38
Шри-Ланкаро голборон карданд, акнун навбати Кореяи Шимолӣ. - 957149433499
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:35

Як сокини Узбекистон барои кӯшиши фурӯши кӯдак барои манзил муҷозот шуд.

Ҷинояткор мехост дар Самарқанд амволи ғайриманқул бихарад, бинобар ин ӯ тасмим гирифт, духтари 13-солаи худро ба 25 ҳазор доллар иваз кунад.
Ин зан аз ҷониби пулис дар ҷои ҳодиса боздошт шудааст. Дафтари матбуоти Додгоҳи олӣ хабар медиҳад, ки вай дар хариду фурӯши одам гунаҳкор дониста шуда, се кӯдакаш ба нигоҳубини давлат супурда шуданд.
Ҳамакнун барои ин кирдор модар 5,2 солро зиндони низомаш шадид мегузаронад.
Як сокини Узбекистон барои кӯшиши фурӯши кӯдак барои манзил муҷозот шуд. - 957147155099
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:55

Аксари сокинони Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунанд.

Дар ин бахш зиёда аз 1,8 млн нафар кор мекунанд, ки ин 60% шумораи умумии коргаронро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Агентии омор.
Дар баробари ин, бахшҳои саноатӣ, аз қабили истихроҷи маъдан ва истеҳсолот фоизи нисбатан камтар аст.
Барои тафсилоти бештар дар бораи шуғли аҳолии Тоҷикистон ба тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон нигаред.
Аксари сокинони Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунанд. - 957146479003
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:00

Теъдоди кушташудаҳо дар Лубнон бар асари ҳамлаи Исроил аз 500 нафар гузашт.

Тибқи маълумоти мавҷуда, бар асари ҳамлаи Исроил 558 нафар дар Лубнон қурбон шуд ва ҳамзамон 1835 тани дигар маҷрӯҳ.
Дар ин бора нашрияи Al Mayadeen бо истинод ба вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки Исроил мавҷи нави бомбандозиро оғоз кардааст.
00:15
Лубнон
127 просмотров
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:55

ИИАО+ мунтазири савдои бидуни миёнарав аст.

Русия ташаббуси таъсиси як платформаи табодулиро кардааст, ки як абзори муҳими кишварҳои ҳамсояи таҳти таҳримот қарордошта мешавад.
Ба гуфтаи коршиноси @SputnikLive Алексей Зубетс, биржаи нав ба Федератсияи Русия имкон медиҳад, ки маводи сӯхтро бо кишварҳои ИИАО ва Ӯзбекистон дар истгоҳҳои роҳи оҳани наздисарҳадии Орск ва Злинка бо имкони худдорӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда муомилот кунад.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба маҳсулоти нафтӣ ва нафту кимиё бо пардохтҳо бо рубл дода мешавад. Иштирокчиён бояд дар ташкилоти ғайрибонкии клиринг суратҳисоб кушоянд.
ИИАО+ мунтазири савдои бидуни миёнарав аст. - 957144380571
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:25

Амрико аз дастгирӣ кардани таҷовузи эҳтимолии Исроил ба Лубнон даст кашид.

Бино ба хабари агентии Рейтер, Вашингтон бар ин назар аст, ки амалиёти заминии нерӯҳои артиши Исроил ба коҳиши шиддат дар Шарқи Наздик мусоидат намекунад.
Намояндаи департаменти давлатӣ қайд кард, ки ИМА бо мавееи Тел-Авив розӣ нест ва ният доранд, ки роҳҳои дигари пешгирӣ кардани шиддати низоъро ҷустуҷӯ кунанд.
Исроил қаблан амалиёти пешгирикунандаи "Тирҳои шимолӣ" алайҳи Ҳизбуллоҳ дар Лубнонро оғоз карда буд, аммо ҷузъиёт ҳанӯз ошкор нашудааст.
Амрико аз дастгирӣ кардани таҷовузи эҳтимолии Исроил ба Лубнон даст кашид. - 957143219611
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:55

Шералӣ Мирзо аз комиссариатҳои ҳарбӣ хост, аз роҳҳои ғайриқонунии даъват ба артиш пешгирӣ шавад.

Вазири мудофиа зимни як ҷаласа гуфт, ки ҳарчанд маъракаи даъват саривақт иҷро мешавад, аммо мушкилоте ҷой доранд, ки бояд ҳал шавад.
Ба гузориши дафтари матбуоти ин ниҳод, вазир хостааст, ки тартиби дуруст ба роҳ мондани бақайдгирии шаҳрвандон, омӯзиши шахсияташон, ба талабот ҷавогӯ намудани нуқтаҳои даъват, интихобу ба сафи артиш фиристодани ҷавонони солиму бардам ва болаёқат роҳандозӣ шавад.
Ҳамзамон пешгирӣ аз ҳама гуна қонуншиканиҳо, ба хусус ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва диққати аввалиндараҷа равона кардан ба сатҳу сифати даъвати ҷавонписарон аз масъалаҳои муҳим будааст, ки риоя
    Шералӣ Мирзо аз комиссариатҳои ҳарбӣ хост, аз роҳҳои ғайриқонунии даъват ба артиш пешгирӣ шавад. - 957142950299
    Шералӣ Мирзо аз комиссариатҳои ҳарбӣ хост, аз роҳҳои ғайриқонунии даъват ба артиш пешгирӣ шавад. - 957142950555
  • Класс!5
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:20

Дар Хатлон аллакай 39 ҳазор тон пахта ҷаъомварӣ шуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилоят хабар дода, афзуд, ки "ба ҳолати 23 сентябри соли равон 39,1 ҳазор тон “тиллои сафед” ҷамъоварӣ шудааст".
Манбаъ афзуд, ҳосилнокӣ ба сари ҳар як гектар ба андозаи 23,9 сентнерӣ рост омадааст.
Зикр гардид, ки хоҷагиҳои пахтакор азм доранд, аз рӯзҳои офтобӣ истифода бурда, то кӯраки охиринро ҷамъ кунанд.
Дар Хатлон аллакай 39 ҳазор тон пахта ҷаъомварӣ шуд. - 957141997979
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 11:50

Театри Маяковский аввалин бор ба шаҳрҳои Иваново ва Кинешмаи Русия ба сафар рафт.

Тамошобинон аз 23 то 27 сентябр фоҷиаи "Зиёда аз вабо"-ро аз руи асари Пушкин тамошо мекунанд. Ин аввалин сафари ҳунарӣ мебошад, ки бо дастгирии Вазорати фарҳанги Русия ташкил карда шудааст.
Инчунин, дӯстдорони театр имкони тамошои комедияи "Панҷ зани Хоҷа Насриддин"-ро доранд.
    Театри Маяковский аввалин бор ба шаҳрҳои Иваново ва Кинешмаи Русия ба сафар рафт. - 957140800923
    Театри Маяковский аввалин бор ба шаҳрҳои Иваново ва Кинешмаи Русия ба сафар рафт. - 957140800667
    Театри Маяковский аввалин бор ба шаҳрҳои Иваново ва Кинешмаи Русия ба сафар рафт. - 957140800411
  • Класс!1
Показать ещё