Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 17:12
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 15:28
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 14:27
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:41

Яке аз бузургтарин амалиёти ҷангӣ дар таърихи инсоният "Багратион" 23 июни соли 1944 оғоз ёфт.

Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:41

🔥 Хушхабари дигар аз дунёи бокс.

Баҳодур Усмонов шоми навбатии бокс дар Екатеринбургро бо пирӯзӣ поён дод.
Ба гузориши Федератсияи бокси Тоҷикистон дар доираи мусобиқоти RCC Boxing Promotions ӯ бар Довуд Алаеви шикастнадида дастболо шуд.
Усмонов дар корномааш ҳамакнун 8 пирӯзии бидуни бохт дорад.
Ҳамин тавр, муштзани тоҷик бори чаҳорум буд, ки бо варзишкори шикастнадида вориди набард шуду ғалаба кард.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:40

Дар Ростов тоҷикон хотираи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ доштанд. Дар Змиевская балка н

Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:34

Дар Ростови тоҷикон хотираи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ доштанд.

Дар Змиевская балка намояндагони диаспораҳои гуногун, аз ҷумла намояндагони маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони "Ватан" ба маҷмааи ёдгорӣ гул гузоштанд, хабар медиҳад сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:39

❗️Муин Ғафуров бо усули хоса ҳарифашро шикаст дод.

Ӯ бо Кюн Хо Кан аз Кореяи Ҷанубӣ вориди сабқат шуда, пирӯзӣ ва роҳашро барои набардҳои навбатӣ дар UFC ҳамвор кард.
Ин бурд ва набарди сеюми ӯ пас аз ду бохти пайиҳам дар ин созмон буд. Дар сурати мағлубият вай аз идомаи сабқатҳо маҳрум мегашт.
Аммо бахт ба рӯйи намояндаи дигари Тоҷикистон Муҳаммадҷон Наимов нахандид - дар даври сеюм ӯ аз Фелипе Лимаи бразилӣ бо роҳи буғӣ кардан шикаст хӯрд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:25

Оё ҳангоми ҳаҷ фавтидан савоб дорад?

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, ба @Sputnik_Tajikistan гуфт, аз ин ки аҷсоди афроди фавтида ба ҳангоми адои ҳаҷ ба ватан баргардонида намешаванд, набояд ин хулосаро кард, ки фармуда ё ҳикмати хосе дар ин ҳаст.
Ӯ гуфт, тибқи қавонини Арабистони Саудӣ ҳар кас, ки ҳангоми адои ҳаҷ мемирад бояд дар онсарзамини муқаддас дафн шавад.
Бархеҳо бар ин боваранд, ки агар мусулмон ҳангоми адои ҳаҷ бимирад, мустақим ба ҷаннат меравад ва ҳам тамоми гуноҳони ӯро Худованд мебахшад, вале Абдулқодирзода гуфт, ки ин чунин нест.
"Дар Қуръон ба сароҳат омадааст, ки ба ҷони худ ҷабр накун ва инсон ҳар куҷое, ки бимирад, дар он дунё вобаста ба амал
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:00

Дар Брест хонандагони мактабҳои миёнаи тоҷик "Поезди хотира"-ро пешвозгирифтан.

Онҳо ҳамроҳи ҳамсолони худ аз дигар мамлакатҳхои ИДМ бо хатсайри махсус сафар карда, аз ҷойҳои фаромӯшнашавандаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дидан мекунанд.
Аз ҷумла Оромгоҳи аскари номаълум дар Москва, ёдгориҳои Ленингради муҳосирашуда ва муҷассамаи "Ватан даъват мекунад!" дар Волгоград тамошо мекунанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:55

Милитсияи Душанбе ҷавондухтарро барои нашри аксҳои нимурёни худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастгир кард.

Алайҳи ӯ ба кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрвандон шикоят намуданд ва дар асоси шикояти онҳо ин духтар дастгир шуд.
Ӯ 26 сол дорад ва ба хотири зиёд кардани ҳамвандон дар шабакаҳои иҷтимоии худ наворҳои нимурёну ғайриахлоқиро нашр мекард.
Феълан нисбаташ маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ ба суд ирсол шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 11:55
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 10:40

Шумораи зиёди сайёҳони тоҷик Ӯзбекистонро интихоб мекунанд.

Дар 5 моҳи соли равон беш аз 871 ҳазор нафар азТоҷикистон ба Ӯзбекистон ташриф оварда, хабар медиҳад Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
Ин кишвар дар байни қирғизҳову қазоқҳо низ маъруф аст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 09:58
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 21 июня в 18:05

Парда Қосим овозхони шинохтаи Тоҷикистон даргузашт.

Марҳум унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон дошта, дар 76-солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Иллати марги ӯ ва ҷанозааш ҳоло эълон нашудааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 21 июня в 17:10

Дар Тоҷикистон чор рӯзи охири моҳи июн истироҳатӣ аст.

Ва ин ҳам ба хотири Рӯзи Ваҳдати миллӣ аст, ки 27 июн ҷашн гирифта мешавад.
Ба иттилои Федератсияи иттифоқҳои касаба рӯзи 22 июн, ки шанбе аст, рӯзи корӣ буда, аз рӯзи 27 то 30 июн рӯзҳои истироҳатӣ эълон шудааст.
Маълумоти пурратар дар тасвирбаёни @Sputnik_Tajikistan
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 21 июня в 16:20

Тоҷикистон ба ҳалқаи энергетикии Осиёи Марказӣ баргашт.

Далер Ҷумъа дар ҷаласаи СҲШ гуфт, Тоҷикистон ба системаи ягонаи энержӣ, ки соли 2009 аз он хориҷ шуда буд, дубора пайваст мешава.
"[Лоиҳа] имкон медиҳад, ки имкони пурраи ҷараёнҳои мутақобилан судманди барқ] истифода шавад ва ҳамзамон эътимоднокии системаи энергетикии минтақаро тақвият бахшад", - гуфт вазир.
Қаблан онҳо нақша доштанд, ки ин системаро дар ғарби кишвар дубора васл кунанд ва дар мавриди бунёди хатти нав дар марз бо Узбакистон низ музокирот сурат гирифта буд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 21 июня в 15:40

Тоҷикистон фурӯши “либосҳои хориҷӣ”-ро расман манъ кардааст.

Пас аз тасвиб дар парлумон ин қонунро Эмомалӣ Раҳмон имзо кард.
Ҳоло дар кишвар на танҳо баргузории идгардак, балки ворид ва тиҷорати “либосҳои бегона”, умдатан ҳиҷоби арабӣ низ ғайриимкон аст.
📄 Ҳадаф аз ворид намудани тағйироту иловаҳо ҳифзи фарҳанги миллӣ, ҷилавгирӣ аз хурофот ва исрофкорӣ дар ҷашну маросимҳо мебошад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 21 июня в 14:00

Тоҷикистон қасд дорад, 70% барқи "Роғун"ро фурӯшад.

Аммо ин кор танҳо пас аз ба иқтидори пурра расидани нерӯгоҳи мазкур амалӣ мешавад, изҳор дошт Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон дар нишасти вазирони энержии кишварҳои СҲШ дар Остона.
Ба таъкиди ӯ, 70% нерӯи барқ ба кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла ба Ӯзбекистону Қазоқистон, ки аллакай дар ин самт ёдошти ҳамкорӣ имзо шудааст, содирот хоҳад шуд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 21 июня в 13:15

Ятимов тамринҳоро дар дастаи "Ростов" шуруъ кард.

Собиқ дарвозабони тими "Истиқлол" бо дастаи футболи "Ростов" шартномаи панҷсола тасвиб намуда буд.
Маблағи гузариши дарвозабони тоҷик зиёда аз $250 000 ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, Рустам Ятимов беҳтарин дарвозабон ва беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар соли 2023 мебошад.
Показать ещё