Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 19:40

Дар ИИАО мехоҳанд биржаи иттиҳодиро таъсис диҳанд.

Президенти биржаи Санкт-Петербург Артемев ба муовини сарвазири Русия, Александр Новак пешниҳод кард, ки механизми савдои биржаи ИИАО+ таъсис дода шавад.
Интизор меравад, ки дар биржаи нав ширкатҳо аз кишварҳои узви ИИАО – Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон, инчунин кишварҳои шарик тиҷорат кунанд.
Дар ИИАО мехоҳанд биржаи иттиҳодиро таъсис диҳанд. - 957121974683
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 19:15

Тоҷикистон хароҷот барои тартиботи ҳуқуқӣ ва мудофиаро афзоиш медиҳад

Тибқи лоиҳаи буҷаи соли 2025, барои мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҳуқуқӣ беш аз 4,7 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки қариб 1 млрд сомонӣ нисбати нишондоди соли ҷорӣ зиёд аст.
Ҳиссаи хароҷоти ин соҳа ҳудуди 2,8%-и ММД дар соли оянда дар назар аст.
Тоҷикистон хароҷот барои тартиботи ҳуқуқӣ ва мудофиаро афзоиш медиҳад - 957121647003
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 18:50

Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшт афзуду нархаш ҳам боло меравад

Дар ҷумҳурӣ зарфи ҳаш моҳи гузашта қариб 149 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.
Ба гузориши Агентии омор ин нишондод , дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2023-ум 10,8% бештар аст.
Бо вуҷуди ин арзиши гӯшт дар Тоҷикистон ҳамоно гарон буда, як кг ба ҳудуди 100 сомонӣ мерасад.
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшт афзуду нархаш ҳам боло меравад - 957120612251
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 18:25

Иқтисодиёти Тоҷикистон суръати баланди рушдро нигоҳ медорад.

Мувофиқи маълумоти Бонки авруосиёии рушд, имсол рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар бояд 8%-ро ташкил диҳад.
Ин дар ҳолест, ки коҳиши тавлиди истихроҷи маъдан ва коҳиши сармоягузорӣ дар назар аст, афзуд манбаъ.
Иқтисодиёти Тоҷикистон суръати баланди рушдро нигоҳ медорад. - 957120449691
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 17:50

Тоҷикистон ва Чинро беш аз пеш тарҳи "Як камарбанд як роҳ" пайваст мекунад

Ба шарофати ин иқдом, кишварҳо робитаҳои худро дар бисёр самтҳо фаъолона таҳким бахшида истодаанд, гуфт коршинос Маъруф Абдуҷабборов.
Масалан, Пекин лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистонро фаъолона дастгирӣ мекунад ва шумораи зиёди тоҷикон дар Чин забони чиниро меомӯзанд ва таҳсил мекунанд, гуфт вай.
Тоҷикистон ва Чинро беш аз пеш тарҳи "Як камарбанд як роҳ" пайваст мекунад - 957117576091
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 17:25

Таҳрики толибони Покистон* даст доштан дар таркиши мошини пулис дар корвони сафиронро рад мекунанд

Умуман, то ҳол ҳеҷ яке аз гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки дар кишвар фаъолият мекунанд, масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст, хабар медиҳад Associated Press.
*Ташкилот барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
Таҳрики толибони Покистон* даст доштан дар таркиши мошини пулис дар корвони сафиронро рад мекунанд - 957118516635
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 16:50

Барномаи сармоягузории давлатӣ дар Тоҷикистон соли оянда коҳиш хоҳад ёфт

Тибқи тарҳи буҷа, ки Вазорати молияи Тоҷикистон ба ҳукумат пешниҳод кардааст, барноми сармоягузории давлатӣ наздики 10,7 млрд сомонӣ ё худ 723 млн сомонӣ кам пешбинӣ шудаст.
Аз ин маблағҳои грантӣ 6,4 млрд ё 286 млн сомонӣ кам ва маблағҳои қарзӣ қариби 4,3 млрд сомониро ташкил медиҳад.
Барномаи сармоягузории давлатӣ дар Тоҷикистон соли оянда коҳиш хоҳад ёфт - 957117879707
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 16:25

🚀Ҳайати кайҳоннавардони рекордгузор ба даштҳои Қазоқистон фуруд омаданд.

Олег Кононенко ва Николай Чуб, инчунин Трейси Дайсони амрикой ба Замин баргаштанд.
Барои Кононенко ин парвози панҷум буд. Ӯ аввалин шахсе шуд, ки ҳамагӣ 1111 рӯзро дар кайҳон гузарондаст.
Николай Чуб ва Олег Кононенко рӯзи 15 сентябр ба кайҳон баромада, рекорд барои як парвозро гузоштанд, ки 374 рӯзро ташкил дод.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 15:45

Бар асари ҳамлаи исроилиён дар ҷануби Лубнон дасти кам 50 нафар кушта ва ҳудуди 300 нафар маҷрӯҳ шуд

Дар ин бора шабакаи телевизионии Al Mayadeen бо такя ба вазорати тандурустии Лубнон хабар додааст.
Исроил пештар гуфта буд, ки ба ҳадафҳои Ҳизбуллоҳ ҳамлаҳои густарда анҷом медиҳад.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 15:15

Мавқеи Русия дар масъалаи озмоишҳои ҳастаӣ тағйир наёфтааст

Маскав метавонад онро гузаронад, аммо агар Иёлоти Муттаҳида аз онҳо худдорӣ кунад, Русия ҳам нахоҳад гузаронд, гуфт муовини вазири корҳои хориҷӣ Рябков
Вай хотиррасон кард, ки инфрасохтори озмоишгоҳи ҳастаӣ дар Новая Земля комилан омода аст.
Мавқеи Русия дар масъалаи озмоишҳои ҳастаӣ тағйир наёфтааст - 957117481371
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 14:45

Донишҷӯй дар синфхона омӯзгори этика ва эстетикаро латукӯб кард

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи давтаии тиҷорати Тоҷикистон барои содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гуфта мешавад, ки вай дар дохили синфхонаи донишгоҳи мазкур, омӯзгори фанни "Этика ва эстетика"-ро дашном дода, латукӯб кардааст ва феълан ҳодисаи мазкур мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Донишҷӯй дар синфхона омӯзгори этика ва эстетикаро латукӯб кард - 957116926363
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 13:55

Оё Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ ногузир аст? Ҳадди ақал Камала Ҳаррис наметавонад онро пешгирӣ кунад

Ин фикрро Трамп дар шабакаи иҷтимоии Truth Social изҳор кардааст.
"Вай ҳатто ба одитарин савол ҷавоб дода наметавонад. Ин девонагӣ аст! Агар вай ин корро карда натавонад, пас чӣ гуна метавонад дар боздоштани ҷанги сеюми ҷаҳонӣ Иёлоти Муттаҳидаро намояндагӣ кунад? Ҷавоб оддӣ аст: наметавонад!" — навишт сардори собики Қасри Сафед.
Қаблан ӯ гуфта буд, ки Ҳаррис, баръакс, ИМА-ро ба ҷанг бо Русия мебарад ва аммо худаш метавонад дар давоми 24 соат ба низоъ дар Украина хотима диҳад.
Оё Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ ногузир аст? - 957115016347
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 13:25

Владимир Зеленский пас аз ҳамлаи ҷангҷӯёни украинӣ ба вилояти Курск роҳи ташдидро интихоб кард

Дар ин бора муовини аввали намояндаи доимии Федератсияи Русия дар СММ ба РИА "Новости" изҳор дошт.
Ӯ гуфт, ин "ҷавоби беҳтарин" ба ҳар касе, ки умед дошт, ки Киев барои сулҳ кушиш мекунад, гуфт Дмитрий Полянский.
Владимир Зеленский пас аз ҳамлаи ҷангҷӯёни украинӣ ба вилояти Курск роҳи ташдидро интихоб кард - 957114283931
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:55

Бахши лаҳзаҳои ногувори Байден: Кӣ буд, ки бояд муаррифияш кунам?

Президенти ИМА ҳангоми нишасти матбуотӣ бо сарвазири Ҳиндустон, Нарендра Модӣ ба хотирпарешон шуд ва фаромӯш кард, ки киро бояд ба ҳозирин муаррифӣ кунад.
Кӣ буд, баъди ман, пурсид аз ҳозирин Байден ва Модӣ бо табассум аз ҷояш хесту дасти Байденро фишурд.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:25

Қисме аз аъзои хонаводаи Исломовҳо аз нияти ҳамла ба "Крокус" огоҳ буданд

Баъзе аъзои оилае, ки ба иштирокчиёни ҳамлаи бар "Крокус" мошин фурӯхтаанд, аз ҳамлаи террористии дарпешистода огоҳ буданд.
Инро шаҳодати шоҳидон тасдиқ мекунад, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба маводи парванда.
Сухан дар бораи оилаи Исломовҳо меравад, ки то ҳол ба гуноҳаш иқрор нашудаанд.
Қисме аз аъзои хонаводаи Исломовҳо аз нияти ҳамла ба "Крокус" огоҳ буданд - 957113020315
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:55

Шатранҷбозони тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот чандин медали биринҷӣ ба даст оварданд

Мусобиқа дар Будапешт барпо гардид.
Натиҷаи умумӣ чунин аст:
♟Ҷойи 63-юм дар байни 189 дастаи мардона;
♟Ҷойи 70-ум - байни занон.
    Шатранҷбозони тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот чандин медали биринҷӣ ба даст оварданд - 957112977563
    Шатранҷбозони тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот чандин медали биринҷӣ ба даст оварданд - 957112977307
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:05

Сафири Тоҷикистон ҳангоми ҳамлаи террористӣ дар Исломобод ба дипломатҳои хориҷӣ ҳузур надошт

Сафири Тоҷикистон дар Покистон, Юсуф Шарифзода дар ҳайати сафирони кишварҳои хориҷӣ, ки барои ширкат дар як форуми гардишгарӣ ба водии Свот сафар мекард, ҳузур надошт, иттилоъ дод Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон. Дар роҳи ин ҳайат таркиш рух дода будаст.
Қаблан расонаҳои покистонӣ хабар дода буданд, ки мошини ҳомили як ҳайати сафирони хориҷӣ, ба шумули Русия, Португалия, Эфиопия, Индонезия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Эрон ва дигарон тавассути мина мунфаҷир шудааст.
Ин ҳайат рӯзи якшанбе барои ширкат дар форуми рушди гардишгарӣ дар дараи Своти вилояти Ха
Сафири Тоҷикистон ҳангоми ҳамлаи террористӣ дар Исломобод ба дипломатҳои хориҷӣ ҳузур надошт - 957112622491
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:30

Эрон воситаҳои алоқа ва дигар дастгоҳҳоро баъди таркишҳо дар Лубнон тафтиш мекунад.

Корпуси сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ баъд аз як силсила инфиҷори ин гуна дастгоҳҳо дар Лубнон истифода аз ҳар гуна васоили фаннии иртиботро ба нерӯҳои худ мамнӯъ кардааст, иттилоъ дод хабаргузории Reuters.
Ин ниҳод на танҳо асбобҳои алоқа, балки тамоми таҷҳизоти техникиро мавриди тафтиш қарор медиҳад.
Эрон воситаҳои алоқа ва дигар дастгоҳҳоро баъди таркишҳо дар Лубнон тафтиш мекунад. - 957111296411
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:55

Додситонӣ камбуди кори бархе аз комиссияҳои даъвати ҷавононро гуфт

Ба иттилои додситонии ҳарбии гарнизони Душанбе, санҷишҳои прокурорӣ нишон медиҳанд, ки дар фаъолияти баъзе комиссияҳои давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳамоно якчанд мушкилиҳо, аз қабили наомӯхтани шахсияти даъватшавандаҳо, дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ набудани баъзе аз шаҳрвандон ҷой доранд.
Муоинаи нодурусти тиббӣ, сари вақт ҳозир нагардидани ҷавонон ба комиссияҳои даъватӣ ва баъзе кирдорҳои коррупсионӣ низ аз камбудиҳои дигар гуфта шуданд, ки ҳамаи дастандаркорон муҷозот мешаванд, афзуд манбаъ.
Додситонӣ камбуди кори бархе аз комиссияҳои даъвати ҷавононро гуфт - 957110928795
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:15

Артиши Исроил ба иншооти "Ҳизбуллоҳ" дар Лубнон ҳамлаҳои густурда анҷом медиҳад

Дар ин бора котиботи артиши ин кишвар хабар медиҳад.
Дар ҳамин ҳол паёмадҳои харобиовари ин ҳамалот дар шабакаҳои иҷтимоии Лубнон пайдо мешаванд.
  • Класс!0
Показать ещё