Машав ботин шақӣ зоҳир ту мулло,
Дарун, берун ту яксон шав чу тилло.
Бузургандеша кун бо илм амал кун,
Найи майда ту ҳар мушкилӣ ҳал кун.
Дар олам чанд рӯзӣ не ҳамеша,
Макун ту ҳеҷ дилозорӣ пеша.
Бузургандеш
Ҳараккат кунад ҳар чӣ бо роҳи хеш,
Чи санги бадахшон чи гову чӣ меш.
Чи реги биёбон чи обу чи бод,
Чи инсу фаришта чи зулму чи дод.
Чи зарроту вақту хазону баҳор,
Чи ваҳшу паранда чи муру чи мор.
Чи умру чи маргу чи борону барф,
Чи нақшу чи шеъру калима чи ҳарф.
Чи мурғу чи моҳи чи баргу чи дав,
Чи фошу ниҳону чи куҳна чи нав.
Чи ҳар ҷон ба ҷониби Ҷонони хеш,
Чи ҳар дил ба ҷониби дилбар ба пеш.
Ба роҳи сақар меравад аҳли он,
Ба ҷаннат равад ҷаннатӣ хуш бидон.
Чи исёну тоат чи бухлу сахо,
Чуни рафта роҳу равиш аз қазо.
Бузургандешон равон роҳи хеш,
Зи роҳаш нагардад касе то ҳамеш.
Равише қазо дода бар кулли шай,
Дар он ҷон диҳанду ба онанд ҳай.
Бузургандеш