Эй падар, огуши гарматро таманно мекунам,
Гар дихи панде даруни синаам чо мекунам.
Айни тифли тарки ман кардию мондам бепадар,
Чун калон гаштам, кунун ин киса ифшо мекунам.
Тифлаке гуяд падар, дил мешавад саршори гам,
Хасрати руи туро хар лахза эхё мекунам.
Гар надидам мехрубонихои гарматро падар,
Сабзаи мехрат ба оби дида парво мекунам.
Ку падар?-гуям, дихад модар чавобам: дар сафар,
То ба кай бо ин сухан худро тасало мекунам?
Гар ба дил дори, мухабат бо садоям чур шавад.
Ман бароят эй падар, дунёи худ во мекунам.