🌹🌹🌹Хосияти табобатии барги зулф🍀🍀
(Подорожник)
Барги зулф (лот. Plantago major), гӯши хар, асфағул, забони барра, занбарак, зуф, зуфтурум, филгӯш — навъе аз гиёҳҳои бисёрсола.
Барги зулф гиёҳи шифобахш аст. Дар тибби мардуми Чин 3 ҳазор сол қабл баргу тухми барги зулф-ро барои табобати беморон кор мефармуданд. Бино ба маълумоти Абуалии Сино вараҷа ва дарди гӯшро (агар шираи барги онро ба гӯш чаконанд) рафъ менамояд. Реша, тухм ва барги он қабзияти ҷигар ва гурдаро мекушояд, баргаш хунравиро боздошта, захмҳои кӯҳнаро шифо мебахшад. Абуалии Сино бо барги зулф ҳар гуна варам, захму ҷароҳат, нуқсонҳои ҷигар, гурда, узвҳои нафас, реши рӯда, варами чашм, дарди дандон ва обхӯраро табобат мекар