#анонимно Ассаллому алайкум аъзоёни гурух. Ин лахза хангоми навиштани нома ашки чашмонам беихтиёр равон аст.Дилам мегиряд. 25 сола хастам.Якумбор аз шавхарам чудо шуда як писарча дорам. Бори дуввум ба шавхар баромадаму фикр кардам ки хушбахт мешавам.Аммо...ин бор хусуру хушдомани касалии равони доштаам монеьаи бахтам хастанд. Баьди никох онхо гуфтанд ки ман набояд писарчаамро биерам,гуфтанд мон истад дар хонаи падару модарат. Ман ба хотири бахтам сукут кардам.Дар каддам кудак шуд.Шавхарам гуфт ки кудакро искоти хамл кун,чунки падарам фахмад,маро мекушад.Ду фарзанд аз собик занам басанда аст. Кудакони уро ман парастори мекунам,писараки худам бошад бе оча дар хонаи бобои падариаш,гох дар хонаи волидайни ман мебошад. Дируз бо исрори шавхарам кудакро бо дору афтондам.Дилам мегиряд барои он ки котили тифли ояндаи худам шудам.Хусуру кайсингулам мегуянд ки ман дигар ба хонаи онхо наоям.Ман як хафта аст дар хонаи падарам хастам.Аз шавхарам ичозат пурсида ба дидорбини омадам.Шаахарам мегуяд ки токат кун хонаи ичора мегирам,туро мебарам. Аммо ман дар чорсуйи зиндаги хайрон мондам. Чи маслиҳат медихед ? Бо эхтиром Л
    1 комментарий
    3 класса
    ✓АБДУРОЗИҚ ҲАМ ҶУФТАШРО ЁФТ АбдуРозиқ машҳуртарин блогери тоҷик ки дар Дубай ва Ҳиндустон зисту зиндагони мекунад дар саҳифаи Инстаграмаш имруз хабар дод ки Оиладор мешавад.У гуфт: "Ҳеҷ боварам намеояд ки ишқамро пайдо кардам у маро дуст медорад ва эҳтиром мекунад🧡7 ИЮЛ моро интизор бошед"Бахту тахт ёрашон бод🤲💖🌹🌹🌹
    201 комментарий
    147 классов
    Автобусе, ки дар шаҳри Санкт-Петербург ба дарё чаппа шуд, ронандаи он шаҳрванди Тоҷикистон Қурбон Раҳматови 44 сола будааст. Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш 7 нафар ба ҳалок расидаанд. Ҳамсари ронанда гуфтааст, ки шавҳараш пеш аз садама 20 соат бе танаффус кор карда, баъди ҳамаги 4 соат хоб кардан боз ба кор баромадааст. Аниқтараш ӯро аз ҷои кораш занг зада гуфтаанд, ки зуд ба кор барояд. Айни ҳол ронанда боздошт шуда, нисбати ӯ корҳои тафтишотӣ идома дорад.
    1 комментарий
    5 классов
    Сотим Холиков Блогерони точик аз кудакшон сар карда то хамон ришсафедшон арусбозиро чунон рекламае карданд,ки гумон мекуни ин як чузи фарханги точики бошад. Ин як намуди тахкир бар духтари точик асту халос. Онхо бо чунин сахнахояшон духтари точикро тахкир доранд. Дар фарханги точик Арусро ба малика ë шохдухтар тасвир мекарданд, модарон барои рузи Арусии духтарашон аз хурди таери медиданд, имруз ин асоциацияи блогерон ин вожаро ба кучагардон мубадалл карданд.
    2 комментария
    4 класса
    Маслиҳат дихед
    13 комментариев
    4 класса
    Бахром Джумаев ВАЪДАХИЛОФ Духтареро дӯст доштам… Чунон дӯст доштамаш, ки ногуфтанист. Ишқ қувваи бузурге доштааст. Аз шахси танбал ба шахси чаққон табдил ёфтам. Корҳои фармудаи волидонро зуд иҷро карда ба сӯи кӯча метохтам. Сари кӯчаро ҷои муқаддас меҳисобидам. Каъбаи ман он ҷо буд. Танҳо дар сари кӯча ман варо бо тасодуф аз дурӣ боре дида метавонистам. Бо шавқ шабҳо китобҳои ошиқӣ мехондам. Бо дӯстон шӯхӣ мекардам.. Мехостам, ки бо ман дӯстонам танҳо дар бораи вай сухан гӯянд. Мехостам, ки ӯ аз дарди ишқи ман бохабар шавад Мехостам, ки доимо варо бубинам. Мехостам, ки барояш шеърҳои ошиқӣ бихонам. Мехостам боре сӯям нигарад. Мехостам боре сӯям табассум кунад. Мехостамҳои зиёде…аммо боре натавонистам ба сӯяш сухане гӯям. Забонам лол мешуду барои баромадан аз ҳолати ногувор худро аз ӯ дур мегирифтам. Ҳатто пас аз хатми мактаб намехостам ба шаҳр барои давом додани хондан равам. Тарсам он буд, ки аз ӯ дур мешаваму дурӣ гаронам меафтад… Аммо муваффақ шуд боре ба танҳоӣ ёбамаш. Ҳамсӯҳбат шудем. Аз мушкилтарин имтиҳони ҳаёт гузаштам. Барояш изҳори муҳаббат кардаму фаҳмидам, ки ӯ ҳам маро дӯст медоштааст. Ӯ маро маслиҳати давом додани хонданро дод ва ваъда кард, ки интизор мешавад. Аниқтараш соли оянда ӯ ҳам пас аз хатми мактаб ба шаҳр барои давом додани хондан меравад. -Ваъда медиҳӣ? -Ваъда медиҳам… Умед, орзу, ниятҳо, нақшаҳои зиёду гуногуне. Вақти таътил ба деҳа рафта варо дида натавонистам. Фаҳмидам, ки холаи беморашро дар деҳаи дигар рафта нигоҳубин мекардааст. Як соли дароз варо интизор шудам. Надидам ҷилваи духтареро. Зебогии дигареро. Дар пеши назарам таншо ӯ буду халос. Сол ба охир расид. Баҳона ёфтаму ба деҳа нарафтам. Умедвор будам, ки ба шаҳр меояд. Интизор шудам… Аммо хабаре омад: варо ба деҳаи ҳамсоя ба шавҳар доданд… Дар хонаи иҷора танҳо будаму се шабонарӯз берун набаромадам. Ман будаму дунёи алам. Дунёи ғам. Дунёи тагурӯшуда. Дунёи танҳоӣ. Дунёи умеди барбодрафта. Ҳатто фикри худкушӣ низ аз сарам гузашт. Гирди ин амал тоб мехӯрдам. Нақшаи чи сон иҷро карданро мекашидам. Лек сабабе шуду ба худ омадам. Бо вуҷуди нобарорӣ худро ба даст гирифтам. Аниқтараш сухани кӯдаке маро ба дунёи худӣ овард. Ду ҳуҷрае, ки мо донишҷӯён ба иҷора гирифта будем, дар як тарафи кунҷи ҳавлӣ ҷой дошт. Якчанд хонаи дигар ба тарафи дигари ҳавлӣ буданду дар он ҷо соҳибхона танҳо зиндагонӣ мекард. Рӯзи севвуми мотами ман буду ба гӯшам овози кӯдакон расид. Фаҳмидам,ки наберагони соҳибхоназан ба меҳмонӣ омадаанд. Онҳо тез-тез хабар гирифта меистоданд. Овоз наздиктар шуду чи гуфтани онҳоро шунидам. Яке мегуфт: Имрӯз дадаам барои ман мошинча меорад. -Ба ман медиҳӣ, ки бозӣ кунам? -Ҳо, ту дада надорӣ, ки бароят мошинча харад. Як мошинча барои ҳардуямон бас… Яке ба сарам фикре зад. Ман агар худкушӣ кунам ҳоли падару модарам чи мешавад? Ман фарзанди мардинаи ягонаи онҳоям.. Тамом! Худро ба даст гирифтам. Рӯзи дигар ба деҳа рафтам. Волидонам аз омадани ман басо шод буданд. Хоҳараконам аз гирдам дур намерафтанд. Шодии ононро дида тамоми ғуссаҳоям фаромӯш шуданд. Ҳарчанд ҷои захми дил соз нашуда бошад ҳам ҷаҳони рӯҳиам дигар шуд. Ақидаҳоям дигар шуданд. Дигар ба сари кӯча надавидам. Медонистам, ки Каъбаи ман вайрон гашта… Таътил тамом шуду боз ба шаҳр баргаштам. Се моҳ баъд тасодуф варо дар шаҳр дидам. Худаш танхо буд. Ҳамсӯҳбат шудем. Шавҳараш донишҷӯ будаасту варо низ ҳамроҳ ба шаҳр овардааст. Волидони домод доранда будаанду барои онҳо ҳавлиеро харида додаанд. Узр пурсид. Гуноҳро ба сари волидонаш бор кард. Фаҳмидам,ки ҳавлии харидаи онон дар ҳамсоягии ҳавлии иҷорагирифтаи мост. Гуфтамаш:- Ман туро бахшидаам. Ту гунаҳгор нестӣ. Волидонатро низ айбдор макун. Онҳо хушбахтии туро мехоҳанд. Ман мехоҳам,ки ту хушбахт бошӣ… -Ман мехоҳам бо ту вохӯрам… -Ман ҳам мехоҳам бо ту вохӯрам… -Пагоҳ… -Пагоҳ… -Ваъда медиҳӣ? -Ваъда медиҳам… Ман ваъда кардам. Ин бор ваъдадиҳӣ навбати ман буд. Аммо пагоҳ нашуд. Пагоҳ шуд, аммо вохӯрии мо нашуд. Пагоҳ ман ба ҷои ваъдагӣ наомадам. Худи ҳамон рӯз хонаи иҷораро иваз кардам. Чанде баъд ҷои хонданро низ иваз кардам. Донишкадаро… шаҳрро…Аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Хӯҷанд рафтам… Солҳо гузаштанд. Бо вуҷуди ҳамдеҳа буданамон дигар варо надидам. Вале шунидам, ки бо ҳамон шавҳараш зиста соҳиби чанд фарзанд шудаанд. Ман ҳам соҳиби зану чанд кудак шудам. Ва гоҳ-гоҳ он ваъдахилофӣ ва фирори кардаи хешро ба ёд оварда онро бобарор меҳисобам. Зери лаб аз сабабгори ишқи нокоми хеш узр мепурсам: Бубахш, ман хушбахтии туро мехостам… Бахромбек
    4 комментария
    13 классов
    Рачабали Фаизуллоев ЯК РУЗИ БОРОНИ ( кисса) Борон мисли дируза сахт меборид.Аз тиреза ба шохрохи мошингузар нигох карда ба андеша рафтам: - Ба ин табиати афсункор чи шуда бошад? Имруз пагох мохи аввали тобистон медарояду хеч не ки мо аз бориши бемахали борон халос шавем.Чую захбурхо хама пури об.Ба хамин андешахо банд будам, ки хамсарам дар болои сар камзулчаи сиёхаш ба хона даромад. - Мардак, хамин заил мешини дар хона, хез як берун баро, чуи назди хавли обаш зиёд шуда аз турба баромадаст, ба хатаки гашничу укробам мезанад.Ман дилу бедилон аз хона баромада, ба чустучуи бел рафтам. Оби чуибори назди хавли дар хакикат бисёр омада хасу хаспорахои худро дар трубаи оббаро махкам кардаст. Чанд дакика андармони тозакунии чуи шуда, шип- шилта шуда ба хона даромадам. - Мардак, мегум имсол тобистон намешавад,- сару либоси тари маро дида гуфт занак. - Кори Худованд худаш, ту аз кучо медони?- куртаи таршудаамро аз танам кашида гуфтам ба очаи кудакхо - Соли гузашта дар мохи маи аз шиддати гарми дар таги кондисанер менишастем, хозир чи, берун хунук, хона хунук,- бо худ гур- гур мекард занак. Андешахои очаи кудакхо аз як чихат дуруст аст. Соли гузашта бегохихо болои кати хавли нишаста, дар хавои салкини шабона шом мехурдем. Чирчиракхо то як поси шаб суруд мехонданд. Холо чирчиракхо он тараф истад, ягон парранда аз хавои борони дар шохи дарахтони хавлибог наменамоянд. Кисми дуюми руз абрхои пурдахшати сиёх дар осмон паидо шуда раъду барк ба амал омад.Аз садои пурдахшати он кудакон тарсида аз хоб бедор шуданд. - Дада, чаро тандуру чарогак дар осмон мезанад?- пурсид бачаи панчсолаам Бехруз. - Вакте абрхо бо хам бармехуранд, хамин хел ходисаи осмони ба амал меояд,- фахмондам ба Бехруз. - Рост аст инсонро дарёб кунад мекушад,- аз накли ман шавкманд шуда пурсид духтарам Раихона - Чараёни таъсири раъду барк садхо маротиба зиёдтар аз кувваи барк аст,- гуфтам ба Раихона. Барои хамин дар чунин хавои номусоид аз хона ба берун баромадан мумкин нест. Кудакон хеле кунчков хастанд.Онхо хама чизро донистан мехоханд.
    1 комментарий
    3 класса
    Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик Ҳама ончиро ки баъзе сарояндаҳо зери мусиқӣ мехонанд намешавад суруд гуфт. Гапҳои кӯчабозориро зери мусиқӣ иҷро кардан набояд суруд ном дошта бошад. Номи муносибтаре барои он шояд ҳарзасароист. Ҷумлаҳои берабту низом, ки бо лаҳҷа ва дағалу нофорам иҷро шудаву бӯйе аз вазну қофия набурдаанд. Азбаски дар таҳхонаи шоубизнеси тоҷик аз ин “чормағзҳои пуч” ғарам-ғарам хобидаасту ҳамвора ҷувол-ҷувол аз ин ҳарзаҳо ба он илова мешавад, тасмим гирифтем онҳоро ба бахшҳо ҷудо карда, ба баҳсу баррасӣ кашем... Қуръа ба ҳарзаҳое бо номи “зангирӣ” уфтод. Мавзӯе, ки бозораш ҳамеша доғ аст ва ба ном сурудҳову намоҳангҳои ба ин мавзӯъ бахшидашуда миллионҳо бинандаву шунаванда доранд. Табиист, ки ин “луқмаи лаҳм” аз назари ҳарзасароҳои лайкгадову бинандагадо пинҳон намемонад... Аксар вақт каллаи урёни ҳарзатаронаҳоро бо кӯлоҳи ҳаҷву танз пинҳон кардан мехоҳанд “Дон жуан” – асосгузори зангиримания? Як бандаи хокӣ аст бо номи Рафоат, ки насабаш Ҷамшед аст. Ҳамоне ки бо навору суҳбатҳои бепардааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ доимо гирди номаш гапу калочаи зиёд буд ва ҳоло ҳам ҳаст. Ҳамоне ки дар наворе барои ин корҳояш аз тамоми мардум узр хост. Боз як бандаи хокии дигар аст, ки Дӯстмурод ном дорад. Ҳамоне ки бо тахаллуси “Дон жуан” замоне масхарабозӣ ва ҳунарнамоӣ мекард, бале ҳамоне ки вақте матн менависад, ҷумлаҳояш пури иштибоҳанд. Хулоса, тухми “клипсериалҳо”-ро дар мавзӯи зангирӣ дар замини нимашӯразадаву нимаҳосилхези санъати поп ҳамин ду бандаи Худо коридаанд. Ва нақши онҳо дар бузург шудани дарахте ки ҳарзамева медиҳад, андак нест. Ин ду ва ду-дуҳову як-якҳои дигаре буданд, ки матнҳои харобро мисли аҷриқи баҳорӣ ба кишзори санъати попи тоҷик паҳн сохтанд. Дӯстмуроду Рафоат чанд сол пеш сериоли зангирӣ доштанд, ки иборат аз 7 ё 8 қисм буду “Зангир нестум” ном дошт. Бо намоҳангҳое, ки бемаънитару бемаззатар аз ҳамдигар буданд, дар осмони ҳарзандагӣ ғул-ғула афканданд. Намунае аз қисмати аввали он: Дӯстмурод: “Тра чанд бор гуфтум оли ма зангир нестум Акам дар расияҳай бояд манш бестм Неке рузм надодӣ хурди дилу ҷигарма СМС рӯйи ҳамай вақте хестум ай ховм” Рафоат: “Намеша и баҳона рои кн хостгорора Авал фикри туя кн бад дигари корора Фикри аката накн биёя ай Расия Апаи Гулсумбима метиюмш нсия” Дӯстмурод: “Зангир набудм зангирум кардӣ Дар проблемаҳот занҷирум кардӣ” Барои қалинг бфамон т отаву очата Сабуктарш бгиран, наган ситаву чилта Ки бо бади туймон якҷоя бошем ҳардумон Нашава ки бади туй як ҳафта бад Расия...” Рафоат: “Асалҷон парво накн дар барам бош ҳамеша Очам беинсоф нестай бистада розӣ меша Бо далши расходи туй медони ки ай хдтай Дига арзон накн очам девона меша” Гӯиё ин як силсиласуруди ҳаҷвист, аммо аз шуниданаш эҳсоси гиря зӯрӣ мекунад, то табассум. Талош шуда, ки дар намоҳанг лаҳзаҳои хандадор истифода шавад, дуруст мисли ҳамон филмҳое, ки замоне Дӯстмурод бо гуруҳаш месохтанд ва дар онҳо талош мешуд, ки бинандаро бо сару либосу нағмаву усули булаҷабу беаҷабашон хандонанд. Шояд эҳсос карда буданд, ки ҳарфҳое, ки истифода мешаванд чандон хандаи одамро намеоранд? Ба назар мерасад, бештари бинандаҳо дӯст медоранд, ки аз обгинаи матнҳои подарҳаво ташнагии маънавӣ бишкананд ва бо тамошои намоҳангҳои пастмазмун гуруснагиро рафъ кунанд. Сериолҳои “Зангирум”-и Азизбек Нафари дигаре, ки “зангирӣ” як бахши муҳими “эҷодиёташ”-ро ташкил медиҳад Азизбек Ҷӯраев аст. Ӯ ин мавзӯъро мисли сериолҳои туркӣ силсила кардааст. Чӣ тавр силсила ҳам накунад, вақте намоҳангҳояш то беш аз 9 миллион бор тамошо мешаванд? Матни серияи аввали “Зангирум” бо каме шарҳи сенарияи намоҳанги ӯро, ки мисли ҳамаи намоҳангҳояш бо як муқаддимаи дуру дарози бемаънӣ сар мешавад, пешниҳод мекунем. Аз чор як дақиқаи расои намоҳанг ба сабзигузорӣ даруни калуши модару занги телефонии ошиқу маъшуқ, ки масъалаи хостгорӣ рафтани волидони писарро баррасӣ доранд, мегузарад. Матннавис барои навиштани матни ин тарона худро зиёд азият надодааст, ҳар ҷумлае, ки дар зеҳнаш расида, онро навиштааст: “Очам мега Азизбекҷон бхе Расия бра У дхтари бойи бадай ҳеҷ намегира тра Намедонм чи кор кнм очамда ма чӣ бгум Оҳ очаҷон, ҷон очаҷон зангирум” Инҷо як зан, ки нақши модари ӯро мебозад: “Э бачаҷон пота чени курпат дароз кн Оташ бой, очаш бой, қалингоша фикр кн Очашда, оташда бугу ки ма зангирум Наметан, наметан вой тда” Ва Азизбек: “Зан, зан, зангирумо, зангирум, зангирум Зангир, зангир, зангирумо, зангирум, зангирум Зангирумо зангирум вой зангирум... Эй асалак бобом мега бро бра Расия Дар бепули дхтаршона наметиян насия Алам дорум чанҷо рафтум намегиран мада кор Намедонум ки чи кунум, зангирум” Ва Фараҳноз Шарифова, ки нақши хушдорашро иҷро мекунад, мастона мехонад: “Т зиқ наша дар хонамон се чор мошинча Отам бой акам бой хонада ма эркача Отата очата бгу биян хостгорӣ Розиян, метиян ҷон т да” Ва боз фазо “занборон” мешавад: “Зан, зан, зангирумо, зангирум, зангирум Зангир, зангир, зангирумо, зангирум, зангирум Зангирумо зангирум вой зангирум” Ин намоҳанги булаҷаб зернависи русӣ ҳам дорад, ки пур аз ғалати грамматикӣ буда, маълум нест мухотаби он кӣ аст? Серияи дуюми ин “заннома” ҳам бо муқаддимаи бемаънитар аз серияи аввал шурӯъ шуда, пасон бо қатор кардани як қатор ҷумла дар зери мусиқӣ ба он суруд гуфтаанд: “Оҳ саракум дард мекуна пчир-пчира сар мекуна Э тағаҷон т мара бфам дар саракм монд дарду ғам Ва марде, ки нақши падари хушдорашро бозӣ мекунад: “Ҷанг ҷанг ҷанг мекна хдма гаранг мекна Ҳоли ягон гапш бгум бо вағ-ваға сар мекна” Фараҳноз: “Ҳамаи корора мекнм Авқоту хамира мекнм Дили очама т биёв дигаша ма ҳал мекнм” Азизбек: “Дили очат сита мега Тилову ҳам нқра мега Барой болои дастархон Бо шаст кило писта мега” Фараҳноз: “Хай хай хай чи кнам Ба гуфти т чи кор кнм Хезм равм пеши очам Қалингома кам бкнм?” Азизбек: “Не асалак т мара бфам Инсоф даркорай кам кам Коре накнен бади туй Бгардм ба миёни хам” Фараҳноз: “Оҳ очаҷони ҷони ма Вой дилу ҷони ҷони ма Қалинга иқа кам кнен Барои Азизбекҷони ма” Модараш: “Дхтарма т намезани Чашмта ай у намекани Агар ягон нағма карди Қаврта ба дастот меканӣ” Ва Азизбек: “Рақс, рақс, рақс мекнем Хрсандии сахт мекнем Дар рузи тӯи ҳардумон Аҳлидина ҷаҳд мекнем” Ин ҳарза қисми сеюм ҳам дорад, ки аз дуи аввал дида бемазза аст, аммо бо ин ду иктифо мекунему асабҳои нимахаробро барои сурудҳои дигар ҳифз мекунем. Дар ҷаҳон ҳар чиз чизе ҷазб кард, Гарм гармеро кашиду сард сард. Мавлоно Азизбек по монду Равшан по бардошт Равшан Анаев бо Азизбек як себи дукафонанд. Албатта чеҳраҳояшон монандӣ надорад, инҷо гап сари “эҷодашон” меравад. Чӣ дар матнҳо ва чӣ дар мазмуни намоҳангҳо монандиҳои зиёдеро мешавад мушоҳида кард. Ҳатто номи сурудҳояшон як аст. Мисли болоҳо тамоми “репертуар”-и ӯро тагу рӯ намекунем, танҳо барои намуна як пораро пешниҳод мекунем, зеро эҳсос мекунем ки ҳар чӣ бештар торҳои асабҳоятон тарангтар мешавад. Намуна аз таронаи “Зангирум”: “Зангирум, зангирум накунум хафа Дигаркаса мегирум талхат мекафа” Аҷиб ин аст, ки дар намоҳанги ин суруд ду тан аз занҳунармандони хушсалиқаи тоҷик нақшофарӣ мекунанд. Онҳое ки ҳунари хуби нақшофарӣ ва мухлисони зиёде доранд. Хеле аҷиб аст ки онҳо чӣ гуна бо матни ин тарона эътироз накардаанд? Ва қисмати дигари “репуртуар”-и “пурғановат”-аш аз калимаҳои подарҳаво “Зан бтен” аст: “Эй очаҷон зангир шидум Дар тоқагӣ дилгир шидум Разветка кн ҳамсояра Ба духтаруш ошиқ шудам Зан бте, зан бте, зан бте очаҷон Ма мерам Расия ба мешен пушаймон Ҷурама бин ки зан гирифт Оҳ дили ма алов гирифт Охир то кай тоқат кунум Оҳ ҷигарум зардов гирифт” “Занномаҳо”-и Даянчу Хайриддину Ҷонибек... Дар рӯйхати сӯхтаву пухтаҳои зан Даянч Ҷумъаевро ҳам пайдо мекунед, ки суруди “Зан мегум”-аш пур аз “зан мегум” аст. “Зан мегум, зан мегум, зан мегум Эй очаҷон, эй очаҷон зан мегум Очаҷон мара фаҳмен, охи маҳам бачаюм Ҷогаи гарм мехом, токая дар кӯчаюм Очаҷон як духтарака сахти бад дӯст медорум Медонум ма дар ӯ ҳам ганда-ганда мефорум” Ва инҷо дӯстдухтари ӯ: “Осақолӣ кай меёен, мара яке шӯ натан Ҳоли акат ай пештай, мегуй ки навбата метан? Даянч: “Мада фарқ надора ма бояд зан бигирум, Деги майда тез ҷӯшид, дига тоқат надорум” Кӯзаи оби Азизбеку Равшану Даянч аз як чашма пуроб мешавад. Шеваи сароидан, мусиқӣ, мазмуни намоҳангҳояшон монанданд. Ҳатто қаҳрамонҳои намоҳангҳояшон ҳам. Ҳамон як зан дар ҳамаи намоҳангҳо ё дар нақши модари ин бачаҳои дар ҳасрати зан ё модари дӯстдухтарҳояшон қарор дорад. Ва барои имрӯз аз силсилаи чандбародарон (Азизбеку Равшану Даянч) охириниро муаррифӣ мекунем, ки Ҷонибеки Ҷӯрабек ном дорад. Ба фарқ аз сеи боло, ки сину солашон иҷозат медиҳад, ки нолишҳои безанӣ сар бидиҳанд, аз даҳони инаш ба қавли маъруф ҳанӯз “бӯи шир меояд”, аммо ӯ ҳам суруди “зангирӣ” дорад: “Отаҷон, бобоҷон гуш кнен зан мегум Да пиёлаи чоюм о маҳам қанд мегум Мефорам ки қатим як арусча боша Хонаи дарунги кунем мегум ҷоша” Як сарояндаи дигар аст, ки Хайриддин ном дорад. Намешавад агар аз ӯ ҳам дар ин матлаб ёд накунем. Зеро ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин суруди бемазза зиёд маззадор шудааст: “Номш контактмда занакҷон, Мебинмш мегира кайфом. Ганда ширинаки т ҳайвон Номша наген зиёд меша дардом...” Дардҳои мо ҳам аз ин ҳарзаҳои бесарунугу бесарусомон зиёд мешавад, аз ин хотир бе он ки таронаҳои дигаре аз ин силсиларо кафлез бизанем, сарпӯши деги ҳарзаатоларо сахт мебандем. Нуктае ки бояд таъкид шавад, ин аст ки бештари ҳарзасароён сарояндаҳои тӯйгарданд, аммо доираи мухотабонашон танҳо дар доираи як маъракаи хурсандӣ дар кадом як деҳаи кӯҳистону кадом як тӯйхонаи замонавии маркази пойтахту шаҳрҳои кишвар маҳдуд намешавад. Саҳфаҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки намунаҳои мо ҳам аз он буд, миллионҳо бинанда доранд. Миллионҳо нафар ин “шоҳкорҳо”-ро мебинанд, “лаззат” мебаранд ва шояд ҳам онҳоро намунаи як фарҳангу санъати баланд меҳисобанд. Пайнавишт. Шояд баъзеҳо эрод мегиранд, ки инҳо таронаҳои ҳаҷвисту набояд хӯрдагирӣ кард. “Занакҷон”-и Ҳасани Чилла ба ҳаҷв наздик аст, вазну қофияи дуруст дорад, ҳарфҳояш ҳам ба ҳадди ифрот кӯчабозорӣ нестанд, барои ҳамин аз рӯйхат уфтод. Аммо куҷои он чизе ки болотар гуфтем ҳаҷв аст? Завқи мо ки набояд то ин дараҷа, то зери таҳхонаи безавқӣ биравад. Ё нодуруст гуфтам? __________ Муаллиф: Маҳбуби Ганҷалӣ, махсус барои “Asia-Plus”
    2 комментария
    4 класса
    Чамолиддини Фахриддин ЯК СУОЛ Мантиқист, ки бархе духтарон пеш аз шавҳар кардан ба домодшаванда шартҳо мегузоранд. Масалан, ман баъди туй ҳам бояд чун пештара дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол бошам, ҳар вақт дилам хост ба ину онҷо равам ва ё ман барои он хондаам, ки кор кунам ба ҳамин монанд... Оё зангирҳо бо чунин шартҳо розиянд, ки ба онҳо оиладор шаванд?
    8 комментариев
    6 классов
    Нурмуҳаммад Раҳимӣ Аҳамияти омӯзиши фанни физика Талабагони синфҳои болоиро ба ноҳияи Зафаробод ба пахтачинӣ бурданд. Рӯзҳои авали кор бе ягон ҳодиса паси сар шуданд. Субҳи дигар талабагон аз дари даромадгоҳи ҷои зисташон баромада шоҳиди манзарае шуданду бозгашта ба хона даромаданд. Як ноқили барқ аз симчӯби канори роҳ канда шуда ба роҳ афтода буду имкони убур карда гузаштани он вуҷуд надошт. Вақте ҳодисаро ба муаллиме , ки талабагонро роҳбарӣ мекард, расониданд, ӯ хандакунон ба макони ҳодиса ҳозир шуда, талабагонро танқид кардан гирифт. -Ҳой бесаводҳо! Агар дар мактаб фанни физикаро нағзтар мехондед, имрӯз ба ин ҳолат намеафтодед. Ҳар одаме ки мактабро хуб хонда бошад, ҳама мушкилиро ба осонӣ ҳал мекунад. Нигоҳ кунед бесаводҳо барқ аз маводи латтагӣ ва аз маҳсулоти резинӣ сохташуда намегузарад, аз ин хотир бо чунин чизҳо ноқили барқро натарсида гирифтан мумкин буд. Муаллим ҷомаеро аз куҷое оварда ба дасташ печониду хост ноқили дар роҳ афтодаро бо ҳамон гирифта канори роҳ партояд. Талабагон ҳама канор истода ин манзараро тамошо мекарданд. Аммо сарфи назар аз ҷомабанд кардани дастонаш, барқ муаллимро бардошта канори роҳ ҳаво доду ба бахти муаллим ноқил зуд аз дасташ раҳо шуд. Муаллим оҳу воҳ карда аз ҷояш хестанӣ шуда, талабагонро ба ёрӣ даъват кард. Бесаводҳо аз пушти Шумо шуда қариб ки мемурдаме! То дод назанам ба фикри ягонтаи Шумо ёрдамкунӣ ҳам намеояд Яке аз талабагон аз китфи муаллим бардошта барои хестанаш кӯмак карду бо ханда: -Муаллимҷон, маълум мешавад ки Шумо ҳам дар вақташ мактабро нағз нахондаед, вагарна ба ин ҳол намеафтодед, гуфта, ҳама талабагонро ба ханда даровард.
    2 комментария
    10 классов
#анонимно Ассаллому алайкум аъзоёни гурух. Ин лахза хангоми навиштани нома ашки чашмонам беихтиёр равон аст.Дилам мегиряд. 25 сола хастам.Якумбор аз шавхарам чудо шуда як писарча дорам. Бори дуввум ба шавхар баромадаму фикр кардам ки хушбахт мешавам.Аммо...ин бор хусуру хушдомани касалии равони доштаам монеьаи бахтам хастанд. Баьди никох онхо гуфтанд ки ман набояд писарчаамро биерам,гуфтанд мон истад дар хонаи падару модарат. Ман ба хотири бахтам сукут кардам.Дар каддам кудак шуд.Шавхарам гуфт ки кудакро искоти хамл кун,чунки падарам фахмад,маро мекушад.Ду фарзанд аз собик занам басанда аст. Кудакони уро ман парастори мекунам,писараки худам бошад бе оча дар хонаи бобои падариаш,гох дар хона
Сотим Холиков Блогерони точик аз кудакшон сар карда то хамон ришсафедшон арусбозиро чунон рекламае карданд,ки гумон мекуни ин як чузи фарханги точики бошад. Ин як намуди тахкир бар духтари точик асту халос. Онхо бо чунин сахнахояшон духтари точикро тахкир доранд. Дар фарханги точик Арусро ба малика ë шохдухтар тасвир мекарданд, модарон барои рузи Арусии духтарашон аз хурди таери медиданд, имруз ин асоциацияи блогерон ин вожаро ба кучагардон мубадалл карданд.
"Если у нас нет мира, это потому, что мы забыли, что принадлежим друг другу." Мать Тереза
02:27
Satin&Tarane
122 просмотра
Ностальгия — сильная вещь. Особенно сильно она одолевает нас тогда, когда нам необычайно плохо и одиноко..
03:29
Рачабали Фаизуллоев ЯК РУЗИ БОРОНИ ( кисса) Борон мисли дируза сахт меборид.Аз тиреза ба шохрохи мошингузар нигох карда ба андеша рафтам: - Ба ин табиати афсункор чи шуда бошад? Имруз пагох мохи аввали тобистон медарояду хеч не ки мо аз бориши бемахали борон халос шавем.Чую захбурхо хама пури об.Ба хамин андешахо банд будам, ки хамсарам дар болои сар камзулчаи сиёхаш ба хона даромад. - Мардак, хамин заил мешини дар хона, хез як берун баро, чуи назди хавли обаш зиёд шуда аз турба баромадаст, ба хатаки гашничу укробам мезанад.Ман дилу бедилон аз хона баромада, ба чустучуи бел рафтам. Оби чуибори назди хавли дар хакикат бисёр омада хасу хаспорахои худро дар трубаи оббаро махкам кардаст. Чанд
Нурмуҳаммад Раҳимӣ Аҳамияти омӯзиши фанни физика Талабагони синфҳои болоиро ба ноҳияи Зафаробод ба пахтачинӣ бурданд. Рӯзҳои авали кор бе ягон ҳодиса паси сар шуданд. Субҳи дигар талабагон аз дари даромадгоҳи ҷои зисташон баромада шоҳиди манзарае шуданду бозгашта ба хона даромаданд. Як ноқили барқ аз симчӯби канори роҳ канда шуда ба роҳ афтода буду имкони убур карда гузаштани он вуҷуд надошт. Вақте ҳодисаро ба муаллиме , ки талабагонро роҳбарӣ мекард, расониданд, ӯ хандакунон ба макони ҳодиса ҳозир шуда, талабагонро танқид кардан гирифт. -Ҳой бесаводҳо! Агар дар мактаб фанни физикаро нағзтар мехондед, имрӯз ба ин ҳолат намеафтодед. Ҳар одаме ки мактабро хуб хонда бошад, ҳама мушкилиро б
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик Ҳама ончиро ки баъзе сарояндаҳо зери мусиқӣ мехонанд намешавад суруд гуфт. Гапҳои кӯчабозориро зери мусиқӣ иҷро кардан набояд суруд ном дошта бошад. Номи муносибтаре барои он шояд ҳарзасароист. Ҷумлаҳои берабту низом, ки бо лаҳҷа ва дағалу нофорам иҷро шудаву бӯйе аз вазну қофия набурдаанд. Азбаски дар таҳхонаи шоубизнеси тоҷик аз ин “чормағзҳои пуч” ғарам-ғарам хобидаасту ҳамвора ҷувол-ҷувол аз ин ҳарзаҳо ба он илова мешавад, тасмим гирифтем онҳоро ба бахшҳо ҷудо карда, ба баҳсу баррасӣ кашем... Қуръа ба ҳарзаҳое бо номи “зангирӣ” уфтод. Мавзӯе, ки бозораш ҳамеша доғ аст ва ба ном сурудҳову намоҳангҳои ба ин мавзӯъ бахшидашуда миллион
Хотирахои дури дур. Нависандаи зиндаро дидем. Дуруд азизони сахифаам.Аввалан сулху салох ба хонадони шумо. Инак хотирахоям аз солхои гузашта идома доранд. Солхое,ки мо донишчу будем, нисбати шоирону нависандагон бисёр эхтиром доштем. Чунки дар хонаводаи бисёрихо китобхонаи шахси буд ва хурду калон китобхои бадеи мутолиа мекарданд,интернет набуд,кинохои хиндиро танхо дар кинотеатрхо тамошо кардан имкон дошту халос. Ману дустам шодравон Гулру Бердиева боре барои коре ба нашриёти Адиб омадем.Он солхо нашриёт дар чоррахаи Дом печат карор дошт.Дар рохрави нашриёт нохост устод,нависандаи шинохта Кароматтулохи Мирзоро дидему лахзае аз хаячон карахт шудем.Аз телевизиони Тоҷикистон зиёд мусохибахояшр
Показать ещё