Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Муаллиф Шахлои Начмиддин
Озода бо хамсабакаш ахду паймон дошт ва баьди хатми донишгох мехостанд,ки издивоч намоянд.Искандар ба хонаи онхо хостгор фиристоду Озодаро ба у фотиха карданд.
Рузе духтари холаи Озода,Мафтуна ба назди у ба хобгох омад.Мафтуна духтари кадбаланди муйхояш тиллоранги чашмкабуд дили хар чавонро ба худ мафтуну шайдо месохт.Бо Озода дер гох сухбат карда нишастанд.Ногах дар так так шуду Искандар ба пеши махбубааш омад чун харвакта барои кахвануши.
Вакте Озода шинос шаа ин язнаи ояндаат Искандар ва ин духтари холаам Мафтуна гуфт,хушу хаели Искандар аз хусни худододи ин духтар якбора рафт.
Ба дил гуфт :чи духтари зебое,Мафтунаи хакики будааст.
Мафтуна салом доду гуфт,ки бевакт шуд меравад.Аммо Озода гуфт ки як шаб исто,субх баьд мерави.
-Не ман бояд равам.Субхи барвакт ба кор меравам.Аз ин чо дури бад аст.
Ин лахза Искандар гуфт ,ман духтари холаатро гусел карда зуд меоям.Озода ,ки нихоят духтари дилсофу самими буд ,чизеро шубха накарда ,майлаш шумо Мафтунаро то истгохи афтобус баред,ман то омаданатон интизор мешавам.
Аммо Искандар хангоми гусели Мафтуна аз хусну чамоли у тавсиф кард ;
-Ин Озода ин кадар духтари холаи хушру доштаасту мо надидем.Е шуморо пинхон карда будааст аз мо.
-Акнун дер шуд.Шумо шавхари ояндаи духтари холаи ман.
-Чаро дер шудааст ,холо туй нашудаем.Нав дар фотиха аст.Агар шумо хо гуед ,ман фотихаро мегардонам.Шояд такдири ману шумо бо хам бошад,чи гуфтед ?
-Намедонам -бо ноз гуфт Мафиуна.
У хам бо дидани ин чавони болобаланди абрупайванд ва чашмони хумори бо як нигох ошикаш шуда буд.
-Шумо кучо кор мекунед ?
-Ман дар колледжи тибби мехонам ва холо тачрибаомузи дар беморхона дорам.Имсол хатмкунанда хастам.
-О чи хубе.Барои модарчонам келини духтур даркор аст.Акнун биеед шуморо то дари хонаи ичораатон барам.
Искандар такси киро карду уро то дари хонааш бурд.Он солхо нав дар муд дар Точикистон телефони оддии Ноки Билайн буд.Ракамхои телефони хамдигарро гирифтанд.Вакти хайрухуш Мафтуна зори кард ,ки то фотихаро гардондан умуман дар бораи у ба Озода чизе нагуяд.
Ва Искандар он бегохи баргашту ба Озода гуфт ,ки майлаш ман хастаам,дар рох чурахоямро дидам ,дар як кафе нишастем ,барои хамин меравам ба хучраам хоб мекунам.Ба ту хоби хуш.
Аммо Озода тамоман дигаргуни ва сардии Искандарро эхсос накард.
Мафтуна рузи дигар бегохи бо Искандар дар кули Комсомол вохурданд.Искандар бо у ду соат сайр карда сипас ба чойхонаи Рохат рафтанд.Сихкабобу ош фармоиш дод.То нисфишаби нишастанд сухбат карда.Мафтуна пурсид ;
-Фотихаро гардонди ?
-Пагох рузи шанбе ,падарам гуфт ки худат рав фотихаро гардон ,мо руямон намешавад ба ин ахмакии ту.Холаамро пул дода зори кардам ,ки рафта бо хуби ин масьаларо хал кунад.
-Баьд кай маро хостгори мекуни.
-Ин масьала хал шавад ,баьд хонаи шумо хостгор мефиристам.
-Як савол ,ту хам дар курси охирини донишгох мехони,чое кор намекуни ,аз кучо ин кадар маблаг дори ?
-Очачонам аз падарам пинхони хар мох таиоми харочотхои маро мепушонад азизам.Ту зик нашав ,баьди хатми донишгох ман ба ширкати тичоратии падар ба кор медароям.Ту бошад баьди туй дар хона мешини ва арусаки зеботарини дуне келини очаи ман мешави.Фахмиди ,ман бадрашкам.
-Дилам хавотир ,агар Озода фахмад ки ту барои ман шуда уро партофтаи ,ба очааш мегуяд ,холаам ганда занаки кинагир.Омада мабодо бо очаи ман ,ки хохараш мешавад ,чанг накунад .Метарсам.
-Чи метарси ,ман хамеша дар пахлуят ку.Охир ман ошики чашмони зебои ту шудам.
Идома дорад
Муаллиф Шахлои Начмиддин

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев