03.2017 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ даври ҷамъбастии Озмуни «Беҳтарин шеър ва ҳикояи Наврӯзӣ» ва «Фестивали донишҷӯёни навовар ва ихтироъкорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин чорабинӣ иштирок намуда, дастовардҳои хешро ба намоиш гузоштанд. Тибқи муқаррароти пешниҳоднамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон малакаҳои донишҷуён дар самтҳои техникаю технология, информатика, иқтисодиёт ва беҳтарин шеър ва ҳикояи Наврӯзӣ санҷида шуд. Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро 6 нафар донишҷуёни фаъол муаррифӣ намуданд. Боиси ифтихор аст, ки донишҷуёни донишкада-Сатторов Саидшоҳ, курми 4-уми ихтисоси Технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт ва Ғаюрзода Эмоммуҳаммади Сӯҳроб, курси 1-уми ихтисоси таъминоти ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ дар бахшҳои информатика ва беҳтарин шеъри Наврӯзӣ бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. http://dsx.tj/view.php?catID=14&id=353
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев