Таърихи таҳаввули фарҳанги сайёҳӣ ва соҳибкорӣ нишон медиҳад, ки минтақаву кишварҳои гуногуни олам вобаста ба дараҷаи сатҳи иқтисодиашон дар марҳилаҳои мухталифи замонӣ инкишоф ёфтаанд. Агар мо бихоҳем ин падидаро дар мисоли Шарқу Ғарб муқоиса кунем, мебинем, ки мамлакатҳои Ғарб дар ин масъала аз нигоҳи замон хеле пештаранд, яъне фарҳанги соҳибкорӣ вақте дар он сарзаминҳо рушду нумў мекард, дар Шарқ (махсусан Осиёи Марказӣ) дар сатҳи ибтидоӣ қарор дошт. Албатта, мо гуфтанӣ нестем, ки таърихи чандинҳазорсолаи Шарқ аз фарҳанги соҳибкорӣ бехабар буданд, балки фарҳанги соҳибкорӣ ба маънии ҷадидаш дар он рўзгорҳо сатҳи дигарро соҳиб буд. Ин қазияро агар мо дар мисоли мулоҳизаҳои маорифпарварони ибтидои садаи ХХ-и тоҷик ҷустуҷў кунем, яке аз дардҳои азими ҷомеаро дар он рўзгор ҷаҳолат ва дурии мардум аз фарҳангу маърифати пешрафта ташкил медиҳад. Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Абдуррауфи Фитрат ва дигар равшанфикрон дар осорашон аз ин норасоӣ бисёр нолидаанд. Махсусан, дар «Баёноти саёҳи ҳиндӣ» ва «Мунозара»-и Фитрат ин нукта такрор ба такрор ёдрас шуда, роҳҳои аз вартаи нестӣ халос шудани мардуми Шарқ танҳо ба воситаи баланд бардоштани сатҳи маънавии мардуми ин диёр ва огоҳӣ ҳосил намудан аз омилҳоест, ки пиёда намудани онҳо боиси пешравии кишварҳои гуногун дар олам гаштаанд.
Илова ба Фаронса ва Амрико дигар кишварҳои мутараққии олам низ тамоюли робитаҳои гуногун бо Тоҷикистони соҳибистиқлол доранд ва ин падида низ моро водор месозад, ки дар омўзишу таълими забонҳои хориҷӣ, хосса забонҳои мамлакатҳои аз нигоҳи иқтисодию иҷтимоӣ пешрафта муносибати ҷиддӣ дошта бошем.
Мамлакатҳои мутараққии олам аз нигоҳи тамаддун ва фарҳанги ғанӣ асрҳост, ки мавриди эътибор ва таваҷҷўҳи оламиён гаштаанд.
Сайёҳӣ ҳамчун падидаи фарҳангӣ асосан дар асри XIX оғоз шудааст. Дар ибтидо асосан ашрофзодагон ба сайёҳат мебаромаданд. Ин амал, тавре аз таърихи фарҳанги форсу тоҷик ҳам бармеояд дар бедор кардани ҷаҳонбинӣ ва маърифати мардум нақши муҳим бозидааст. Табаддулоти фикрии Аҳмади Дониш маҳз пас аз сафар карданаш ба Петербург сар шудааст. Мирзо Сироҷи Ҳаким пас аз сайёҳат кардан китоби пуразише зери унвони «Тўҳфаи аҳли Бухоро» навишт, ки дар ин китоб омилҳои қафомонии аморатро дар қиёс бо дигар кишварҳо хуб нишон медиҳад. Дар адабиёти асри нуздаҳи Эрон китоби пурарзиши Зайнулобиддини Мароғаӣ бо номи «Саёҳатномаи Иброҳимбек» барои бедор кардани ҳисси худшиносии мардуми Шарқ хизмати беандоза кардааст. Тавре устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо» менависад, ин китоби рўимизии ҳамаи равшанфикрони аморати Бухоро ба ҳисоб мерафт. Дар садаи ХХ бо дигар шудани сохторҳои иҷтимоӣ ва бо рухсатии меҳнатӣ таъмин кардани коргарон, сайёҳӣ авҷ гирифт.
Дар асрҳои миёна Фаронса мисли аксар кишварҳои дигари олам ба тадриҷ ташаккул меёфт ва аз замони ҳукмронии Франсискаи I то Инқилоби бузурги Фаронса чандон таҳаввулоте дар ҷодаи иқтисодиёти иҷтимоиёти ин кишвар ба назар намерасид. Дар аҳди ҳукмронии Наполеони I инкишофи беҳтари иқтисодиёти ин кишвар оғоз мешавад ва Аркаи Триумфалӣ, Хонаи маъюбон маҳз дар ҳамин давра сохта шудаанд. Ин ташаббуси созандгӣ дар аҳди Наполеони III пештар меравад. Фаронса мамлакати мутараққии индустриалӣ мебошад ва аз рўи ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ дар байни давлатҳои мутараққии капиталистӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Яке аз падидаҳои назаррас дар ин кишвари мутамаддин, ки ҳамеша таваҷўҳи сайёҳони оламро ба худ ҷалб мекунад, мавҷуд будани қасру ёдгориҳои таърхие мебошанд, ки то ба имрўз мардуми олам таманнои дидан аз онҳоро менамояд.
Аз солҳои навадуми садаи ХХ сар карда, Фаронса дар рўйхати минтақаҳои туристӣ ҷойи аввалро мегирад. Роҷеъ ба аҳамият, шароит ва усули ташаккули фарҳанги сайёҳӣ дар ин кишвар муҳаққиқон ба тафсил нақл кардаанд. Чӣ омил боиси ҷалби аксари мардуми олам ба ин кишвари афсонавӣ гаштааст? Пеш аз ҳама нотакрорӣ ва зебоиҳои минтақаҳои гуногуни ин кишвар. Тавре муҳаққиқон зикр кардаанд, ҳар як минтақаи ин сарзамин ба як кишвари алоҳида монанд аст. Ҳар як минтақаи ин кишвар анъанаи хос, фарҳанги таомпазии махсус ва ҳатто шеваи гуфтори махсуси худро доро мебошад. Даромади солонае, ки Фаронса аз ҳисоби сайёҳон ба даст меорад, нисбат ба даромади солонаи кишоварзӣ зиёд аст. Ҳар сол беш аз 80 млн. сайёҳон аз гўшаю канори олам ба ин сарзамин барои истироҳату тамошо кардан меоянд, ки дар қиёс бо Испания (49,5 млн.), Америка (44,5 млн.), Италия (39,1 млн.), Хитой (33,2 млн.) хеле пешрафта мебошад.
Диққати сайёҳони оламро беш аз ҳама ёдгориҳои таърихии Фаронса ба худ ҷалб менамояд, ки ҳар кадом новобаста ба гузашти айём то ба имрўз нигоҳдорӣ карда мешаванд. Таблиғу тарғиби тамаддунро фаронсавиҳо бо воситаҳои гуногун ба роҳ мондаанд. Як воситаи таблиғи ин ҷода интишор кардани буклету роҳнамоҳое мебошанд, ки ройгон ба сайёҳон тақсим мешаванд. Дар чунин буклетҳои ранга оид ба таърихи ҳар як асари таърихӣ ва маконҳои гуногуни Фаронса маълумоти мухтасар дода мешавад, ки пас аз мутолиа ва маълумот ҳосил кардан ҳар фард майли зудтар дидани онҳоро менамояд. Масалан, манораи Эйфел, ки соли 1889 аз ҷониби муҳандис Эйфел Густав сохта шудааст, 317 метр баландӣ дорад. Аз болои ин бурҷи баландтарини олам, сайҳон метавонанд ба масофаи то 70 км Фаронсаро ба хубӣ тамошо намоянд.
Тамошои ёдгориҳои таърихии ин кишвари мутамаддин сайёҳонро бо таърихи бою пурҳодиса ва фарҳангу маънавиёти ғании онҳо ошно месозад. Масалан, яке аз қадимтарин биноҳои таълимӣ дар Аврупо биноест, ки соли 1253 аз ҷониби рўҳонӣ Роберт де Сорбонна бунёд ёфтааст. Дар ин бино ҳамаи хоҳишмандон, ҳатто камбағалон ҳам имкони омўзиши илми худошиносиро доштанд ва дар асрҳои чордаҳ яке аз марказҳои асосии худошиносӣ дар Аврупо гашта буд. То кунун ин бинои таърихӣ ҳамчун муассисаи таълимӣ хизмат дорад ва дар баробари ансамбли иншооти гуногуни таълимӣ, ҳамчунин бузургтарин китобхона ҳам дар ин макон ҷойгир шудааст.
Шиддат ёфтани тамойюли сайёҳони олам ба Фаронса пеш аз ҳама ба манзараҳои гуногуни зебо, дастовардҳои ғании таърихию бадеӣ, иқлими мусоид, хизматрасонии хуби нақлиёт ва маданияти баланди меҳмонпазирӣ вобастагӣ дорад. Фаронсавиҳо мардуми меҳнаткаш ва дар айни замон ҳаётдўстанд. Онҳо метавонанд аз зиндагӣ ком ситонанд. Ташаккули фарҳанги соҳибкорӣ ва сайёҳӣ дар Фаронса вобастагӣ дорад ба сатҳи маърифати сокинони он. Мафҳуми фарҳанг дар худ унсурҳоеро аз қабили шуур, идрок, маданият, маърифат ва амсоли ин ниҳон медорад. Аз рўи тадқиқоти сотсиологӣ 35% мардуми ин кишвар ҳар сол беш аз панҷ китоб мехонад. Ин аст, ки дар қиёс бо аксари давлатҳои мутамаддини олам Фаронса рўз ба рўз рў ба тараққӣ ва инкишоф дорад.
Мутобиқи дастури Пешвои миллат дар Паёми ироанамудааш санаи 26.12.2019 ба Маҷлиси Олӣ, ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба касбу кораш бояд на кам аз панҷ китоб мутолиа намояд. Албатта, бо анҷом додани ин кори хайр маърифати мардуми мо боз ҳам инкишоф меёбад.
Омўзиши фарҳанги сайёҳии Фаронса барои ба вуҷуд овардани фарҳанги баланди сайёҳӣ дар кишвари мо аҳамияти хоса дорад. Аз рўи маълуоти оморӣ, пештар, миқдори сайёҳон дар Тоҷикистон ҳар сол ба 15 000 мерасид, ки ин хеле кам аст. Аммо бо ташаббуси Пешвои миллат солҳои 2019-2021 эълон гардидани солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон ин тамоюл хеле инкишоф ёфта, шумораи сайёҳон ба мамлакати мо солҳои охир ба садҳо ҳазор нафар расидааст.
Соҳаи сайёҳиро дуруст ба роҳ мондан ва ба дараҷаи талаботи байналмилалӣ расонидан як роҳи наҷоти миллат ва ғанӣ гардонидани буҷаи кишвар ба ҳисоб меравад. Як омили ба роҳ мондани сайёҳӣ дар кишвари мо ҳамоно табиати афсункорамон мебошад. Табиати кишвари мо аз табиати Фаронса ҳеҷ камӣ надорад. Бо соҳибистиқлол гаштани кишварамон мо имкон дорем, ки барои таблиғи фарҳангу маданиятамон тамоми чораҳоро биандешем ва хурсандибахш аст, ки солҳои охир дар пойтахти кишварамон як қатор меҳмонхонаҳои сатҳи ҷаҳонӣ бунёд ёфтанд, ки ин оғози ташкили сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.
Дигар омили дуруст ба роҳ мондани фарҳанги сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар кишвари мо огоҳӣ ҳосил кардан аз таърихи кишварҳое мебошад, ки имрўз бо доштани сатҳи иқтисодии баланд шўҳрат доранд. Таърихи таҳаввули иҷтимоиёт ва иқтисодиёти Фаронса, ки дар марҳилаҳои гуногун мушкилиҳои зиёдеро паси сар намудааст, метавонад мавриди омўзиши дақиқ қарор бигирад ва аз омўзиши таҳаввулоти иҷтимоиёти ин кишвар мо метавонем барои бунёди ҷомеаи навини Тоҷикистон, ки марҳилаҳои аввали бунёдро паси сар дорад, баҳра бардорем. Солҳои охир дар Тоҷикистон маркази фарҳангии «Бохтар» (Бактрия), сафоратхонаи Фаронса кушода шудааст, ки барои расонидани маълумоти зарурӣ ҷиҳати такомули маърифату маънавиёти соҳибкориву бедор кардани ҳисси масъулиятшиносӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии иқтисодии ҷавонони мо мусоидат менамоянд.
Эмомов И.Б., Пиров Қ., дотсентони кафедраи забонҳои хориҷии
Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев