16 апрели соли равон дар доираи Нақша-чорабиниҳои Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат конфронси илмӣ-назариявии устодону донишҷӯёни Донишкада дар мавзӯи "Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ифтитоҳ гардид.
Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректори донишкада оид ба илм ва инноватсия дотсент Хоркашов И.С. оғоз намуд. Зимни ифтитоҳи конфронс Хоркашов И.С. қайд намуд, ки соли ҷорӣ ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии азизамон таҷлил карда мешавад ва аз нуқтаи назари таърихӣ шояд марҳилаи на он қадар тӯлонӣ бошад. Аммо, аз лиҳози иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангӣ ин 30 соли пур аз таҷриба, саъю талош, ҷасорату матонат, умеду ормон ва фидокории мунтазами халқи арҷманди мо бо роҳбарии Пешвои муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар оянда низ идома хоҳад ёфт. Зикр гардид, ки дарвоқеъ агар манзараи солҳои 1990-1992-ро ба хотир орем, пас маънии ҳаёти ҷомеа на дар рушд, балки дар зинда мондан ва ё эмин доштани ҳаёти худ, раҳоӣ бахшидани оилаву фарзандон аз вартаи ҳалокат буд. Табиист, ки дар саргаҳи пешгирии ин ҳама нооромиҳо маҳз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистод. Заковати модарзодӣ, ақли расо, ҷаҳонбинии фарохи илмӣ, ҷасорату матонат, масъулиятшиносию ташаббускорӣ, иродаи қавӣ дар иҷрои вазифаҳои гузошташуда, нозукбинию дурандешии сиёсӣ барин хислатҳои шахсӣ ба Вай имкон дод, ки ҳамчун Сарвари сиёсӣ ба арсаи сиёсат қадам ниҳад. Бо назардошти саҳми боризи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон донишкада тасмим гирифт конфронси илмии мазкурро дар Нақша-чорабиниҳои донишкадавӣ, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд.
Сипас, тибқи барномаи конфронс дар ҷаласаи пленарӣ маърӯзаҳои мудири шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ, номзади илмҳои таърих, дотсент Ғафуров А.М., профессори кафедраи ҷомеашиносии Донишкада Ҳотамов Намоз Басарович ва донишҷӯи Донишкада Абдураҳмонов М. шунида шуд.
Ҷаласаи бахшҳои конфронс барои устодон ва донишҷӯёну магистрантон дар алоҳидагӣ тӯли ду руз идома хоҳанд ёфт.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев