Зери чунин унвон санаи 22 майии соли ҷорӣ бо ибтикори бахши кор бо ҷавонони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, бахшида ба таҷлили “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” дар толори фарҳангии донишкада чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур устодону донишҷӯён ва кормандони донишкада, инчунин намояндаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Абдуллозода А.А. иштироки фаъол намуданд.
Чорабинии мазкурро муовини ректори донишкада оид ба корҳои тарбия Ҷабборов Б.Б. ифтитоҳ намуда қайд кард, ки боиси ифтихору фарањмандист, ки дар љомеаи имрўзаи мо мартабаи насли љавон њамчун ќувваи пешбаранда ва созандаи љомеаи навин афзалият пайдо кардааст. Роњбарияти олии мамлакат аз дастовардњои пайвастаи љавонони Тољикистон дар самтњои гуногуни хољагии халќи мамлакат-илм ва маориф, фарњанг, сиёсат, варзиш, иќтисодиёт ифтихор намуда, ба ин ќишри љомеа њамчун неруи тозаю бунёдкор ва пешбаранда эњтироми хоса доранд. Њамин аст, ки бо ибтикори Сарвари давлат, Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон њамасола санаи 23 май њамчун Рўзи љавонон таљлил карда мешавад.
Дар њаќиќат, имрўз, ки анќариб 70% ањолии Љумњурии Тољикистонро насли љавон ташкил медињад, пас метавон гуфт, ки ин ќувва дар њаќиќат пешбаранда, созанда, бунёдкор ва сарчашмаи зиндагии шоистаи њар як сокини мамлакат мебошад. Месазад, ки мо бо љавонони худ ифтихор дошта бошем ва онњоро ба сўи дарёфти ќуллањои нав ба нав роњнамун созем.
Сипас, мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Абдуллозода Амирҷон Амир баромад намуд. Мавсуф иброз дошт, ки Тоҷикистон дар байни кишварҳои дунё аз лиҳози синну соли аҳолӣ давлати ҷавон ба ҳисоб меравад. Ин қишри ҷомеа дорои имкониятҳои бузурги зеҳнию ҷисмонӣ буда, соҳиби нерӯи созандагиву бунёдкорӣ, илму дониш, донандагони забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои моусир ба ҳисоб мераванд.
Боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар хеле калон мебошад, зеро Пешвои миллат борҳо иброз менамоянд, ки мо соҳиби давлати мустақил ҳастем ва фарзандони мо, яъне наврасону ҷавонон бояд ба хотири таҳкими Истиқлолият ва пешрафту тараққиёти давлат инчунин, ба кишварҳои муттамадин баробар гардонидани Тоҷикистон дорои донишу маҳорат, ҷаҳонбинии васеъ, донандаи хуби забонҳои хориҷӣ, техникаю технологияи муосир, ахлоқи ҳамида ва ватандӯсту ватанпарвар бошанд, қайд намуд, Абдуллозода А.А.
Дар идомаи чорабинӣ дастаи ҳаваскорони ансамбли “Соҳибкор”-и донишкада ва хонандагони литсейи донишкада низ табъи ҳозиринро бо қироати ашъори ватандўстона, рақсу суруд болида гардониданд. Саҳначаи театрикунонидашудаи тарбиявии омоданамудаи донишҷӯён низ аз ҷониби аҳли толор хеле хуш пазируфта шуд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев