«Дар тарбияи фарзанд пеш аз ҳама оила нақш мегузорад ва ташаккули хислатҳои баду неки фарзанд аз оила ибтидо мегирад. Бинобар ин, ҳар як падару модар дар тарбияи фарзанд масъулияти бузургеро ба ўҳда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон
Рисолати асосии волидайн ба воя расонидани фарзанди солим ва дорои ақли расо мебошад. Таълиму тарбияи дурусти фарзанд ин масъулияти бузургеро талаб мекунад. Дар ин бобат, волидайн бояд хело ҳам масъулиятшинос бошанд. Яке аз вазифаҳои муҳиме, ки ба ўҳдаи онҳо вогузор аст, ин фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ ва инчунин инкишоф додани зеҳни кўдак, яъне бою рангин гардонидани тахайюлоти маънавии кўдак мебошад. Фароҳам овардани шароити моддӣ ва молиявӣ ин табиист. Чизи муҳиме, ки боиси қайд аст, ин фароҳам овардани шароит, баҳри ғанӣ гардонидани тахайюлоти бадеӣ, яъне ғизои маънавӣ додан ба кўдак мебошад. Фаромўш набояд кард, ки дар таълиму тарбияи духтар назар ба писар моро мебояд, хело ҳам мулоҳизакор бошем, чунки дар урфият мегўянд, агар духтар маълумотнок бошад, миллат маълумотнок мешавад, чунки асосан зиндагӣ, фарҳанги мо аз модар сарчашма мегирад. Бинобар ин волидайнро мебояд ба таълиму тарбияи духтар аҳамияти ҷиддӣ ва хосса диҳанд.
Тарбия ва ташаккули хислатҳои кўдак ҳанўз дар вақти дар батни модар будан оғоз меёбад. Волидайн бояд эҳсос намоянд, ки аллакай онҳо бо муомила, рафтору кирдор ва тарзи суханронӣ ба кўдак таъсир мерасонанд. Волидайнро мебояд хушгуфтор, хушмуомила бошанд, одоби муошират, хушмуомилагӣ бояд риоя карда шавад. Некрафторӣ, некгуфторию некпиндорӣ ҳамаи ин дар ташаккули хислатҳои кўдак таъсири мусбат мерасонанд.
Дар инкишофи шавқу завқ ва шуғли кўдак ва ҳунару истеъдоди беаҳамиятӣ зоҳир набояд кард. Дар такмилу сайқал додани онҳо бевосита фаъолият кардани волидайн хело ҳам зарур аст.
Тарбия ва таълим ба ҳам тавъаманданд. Дар таълими фарзанд волидайн нақши хосса мебозанд. Онҳоро мебояд масъулиятшинос бошанд. Бинобар, ин бо мактабе, ки фарзандашон дар он таълим мегирад, алоқаи зич дошта бошанд. Ҳар сари вақт аз фаъолиятнокии фарзанд дар ҷараёни таълим, яъне аз давомот ва азхудкунии фанҳои таълимӣ аз тарафи фарзандашон огоҳ шаванд. Махсусан, дар азхудкунии фанне, ки фарзандашон мушкилӣ мекашад, бояд кўмаки бевоситаи худро расонанд. Инчунин дар сайқал додани шуғли дўстдоштаи фарзанд аҳамияти хоса зоҳир намоянд.
Хушбахтона, аз соли 2011 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Қонун оид ба масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” қабул гардад, ки албатта вай ба волидайн дар тарбияи фарзанд таъсири мусбати худро мерасонад ва ҳар як падару модарро огоҳ мекунад, ки ҳушдор шаванд. Чизе муҳиме, ки мо мехоҳем қайд кунем, он аст, ки волидайнро мебояд ба фарзандон мунтазам китобҳои бадеӣ дастрас кунанд ва хониши ин китобҳо зери назорат гирифта шавад. Бигузор, кўдаки шумо дар баробари хондани китобҳои таълимӣ, хондани саҳифаеро аз китоби бадеӣ ёд гирад. Ба низом даровардани ин кор назорати ҷиддии волидайнро талаб мекунад. Хондани китобҳои бадеӣ мантиқи фикрронӣ, тасаввуроти кўдакро бою рангин мекунад ва тахайюлоти бадеии кўдакро инкишоф медиҳад. Мутолиаи китобҳои бадеӣ барои аз худ кардани мавзўъҳои китобҳои таълимӣ таҳкурсии хубе мешавад.
Фақат бо роҳи хониш дониши кўдак амиқ мегардад. Дар баробари мутолиа бояд ба шуғли дўстдоштаи кўдак аҳамияти хосса дода шавад. Агар шуғли кўдак ба варзиш бошад дар сайқал додани он низ кўшиш кунем. Дар азхудкунии касбу ҳунар ба кўдак ёрӣ расонида, дар сайқал додани он мусоидат намоем. Хониш дар кўдак хислатҳои неки инсониро ташаккул дода, онҳоро мукаммал мегардонад. Маърифат разолату ҷаҳолотро аз байн мебарад, касро ба ватандустӣ, инсонпарварӣ, меҳрпарварӣ ҳидоят мекунад. Дар шахс худшиносиро эҳё мекунад. Яке аз сарчашмаҳои асосии худшиносии миллӣ ин ошно шудан бо мероси таърихӣ ва адабиёти бою рангини хеш мебошад. Имрўз мо ифтихор аз он дорем, ки баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи нави худшиносии миллӣ оғоз гардид. Дар ин давра вазъи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ беҳтар гардид, миллати куҳанбунёди тоҷик имконият пайдо кард, ки саҳифаҳои китоби таърихи бою рангини худро варақ гардонад. Худшиносии миллӣ ин огоҳ будан аз гузаштаи худ, дўст доштани Ватану миллати худ мебошад.
Шавқи кўдакро аз хурдӣ бояд ба хондани китобҳои адабиёти хеш бедор намоем. Хондани ҳар як саҳифаи чунин китоб дар кўдак беҳтарин хислатҳоро бунёд мекунад. Баъди хондани ҳар як саҳифа бо кўдак муҳокимаронӣ баргузор намоем, яъне оид ба саҳифаи хондашуда саволу ҷавоб намоем. Бо ин усул, нутқи шифоҳии кўдак инкишоф дода мешавад. Баъди ба итмом расонидани хониш аз кўдак хоҳиш намоем, ки фикрашро дар бораи китоби хондашуда нависад, беҳтар мешавад, чунки ин усул нутқи хаттии кўдакро инкишоф медиҳад. Агар мо вақтро ба танзим дарорем, аз ўҳдаи ин кор мебароем. Пеш аз ҳама рафтору кирдори худамон бояд ҷиҳатҳои мусбат дошта бошад, моро мебояд дақиқкор бошем, чунки кўдакон тақлидкунандаи хислатҳои волидайн мегарданд.
Чӣ хеле ки дар боло зикр гардид, хониши китобҳои бадеӣ азхудкунии мавзўъҳои таълимиро осон мегардонад. Мо зина ба зина кўдакро ба таҳсил омода месозем. Фарзанди мо баъдан чӣ дар синфи болоии мактаби таҳсилоти умумӣ, чӣ дар таҳсил дар мактаби олӣ дар азхудкунии мавзўъҳои китобҳои таълимӣ азият намекашад.
Аз овони наврасӣ кўдакро барои омўхтани забонҳои хориҷӣ ба монанди, забонҳои русӣ, англисӣ одат кунонем. Барои азхудкунии забонҳои хориҷӣ ба кўдак базаи моддию техникӣ фароҳам оварем. Агар дар истифодаи маблағ сарфакор бошем, аз ўҳдаи ин кор бо осонӣ мебароем, зиндагии хеш, хурду хўрок, сару либос, маъракаҳои худро ба танзим дарорем ба ҷои дар ин самт маблағҳои калон сарф кардан онро ба тарбияи фарзанд сарф кунем хубтар мешавад, бо ин роҳ мо ба ояндаи хеш сармоягузорӣ мекунем. Маблағро бояд ба тадриси фарзанди хеш сарф намоем, чунки ин қарз ва ўҳдадории асосии мо мебошад. Ба воя расонидани фарзанди маълумотнок ин вазифаи аввалиндараҷаи мост.
Ба ғайр аз маълумот додан ба фарзанд, мо бояд огоҳ бошем, ки фарзанди мо кадом касбу ҳунарро аз худ кардан мехоҳад, бо фарзанди хеш мунтазам дар муошират бошем. Муоширати бомантиқ ва бомаврид кўдакро ба мо боз ҳам наздик мекунад. Мо бояд дўсти аз ҳама наздик бо фарзанди хеш гардем, чунки шахс фақат розу ниёзро пеш аз ҳама бо дўсташ мекунад,бигузор дўсти аз ҳама наздики фарзандамон худамон гардем ва маслиҳатчӣ низ худамон бошем. Ба он кўшиш ба харҷ диҳем, ки кўдакамонро соҳибҳунар, соҳибмаълумот гардонем, чунки ин рисолати муҳимтарини волидайн аст. Вақте ки фарзанди мо дар ҷомеа мавқеи худро пайдо намуд, мо гуфта метавонем - ман рисолати хешро иҷро намудам. Таълиму тарбияи дуруст, ин ба воя расонидани фарзанди хуб мебошад, ки ин рисолати муҳимтарини шахс дар ҳаёт мебошад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев