Санаи 12 апрели соли 2021 бо ташаббуси Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат якҷо бо Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев вохӯриии сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенант Назарзода Шариф Раҳмон доир гардид. Дар чорабинии мазкур зиёда аз ҳазор нафар донишҷӯёни Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, шумораи зиёди устодон ва кормандони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
Чорабиниро ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дотсент Асрорзода Убайдулло Саттор ҳусни ифтитоҳ бахшида, риштаи суханро ба сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон доданд.
Муҳтарам Назарзода Шариф Раҳмон ҳангоми суханронӣ тамоми ҷанбаҳои марбут ба ахлоқу рафтори ҷавонон, шомил нашудан ба гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои ифротию хоинони Ватан, даст назадан ба ҷиноятҳои гунонунро таъкид карданд. Мавсуф қайд карданд, ки имрӯзҳо бояд шукргузор аз сулҳу субот ва ваҳдату амнияти оромии кишвар намоем ва ҳамеша пайрави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем.
Илова бар ин, қайд карданд, ки мутаассифона имрӯзҳо миёни як қатор донишҷӯён муноқишаҳои гуногун, сӯйиқасд ба ҷони худ ва дигарон, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро ва тундрав ба назар мерасад, ки ин хиёнати маҳз ба Ватану миллат аст. Бояд ҳам донишҷӯписарон ва ҳам донишҷӯдухтарон аз ҷиноятҳои мухталиф дурӣ ҷӯянд.
Дар анҷоми чорабинӣ ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Асрорзода Убайдулло Саттор бори дигар миннатдории худро ба сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенант Назарзода Шариф Раҳмон иброз дошта, барои ҳамкории судманд сипосгузорӣ намуданд. Инчунин, ректори Донишкада сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенант Назарзода Шариф Раҳмонро бо “Сипоснома”-и Донишкада қадршиносӣ намуда, аз номи Донишкада ба китобхонаи Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе 100 номгӯйи китобҳоро ҳадя намуданд.
Хурсандиовар аст, ки як қатор донишҷӯёни Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат аз ҷониби Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе барои иштироки фаъол дар чорабиниҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ бо “Ифтихорнома” ва туҳфаҳои хотирмон қадршиносӣ гардиданд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев