Таърихи чандҳазорсолаи тамаддун борҳо собит кардааст, ки миёни ҳар халқ тайи садсолаҳо нафароне пайдо мешаванд, ки метавонанд тавассути ақлу заковати созанда, ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва муҳаббат ба миллати азизи хеш ва аҳли башар, хизмати арзанда намоянд. Одатан, ба амри тақдир чунин шахсиятҳо дар давроне зуҳур менамоянд, ки халқ ва қавмиятҳои ранҷдида ва азияткашида, ки дар чорроҳаи тақдир роҳи падару бобоёни хешро гум кардаанду зери зулму асолати бегонагон қарор гирифтаанд ва аз дӯстиву бародарӣ то душманиву бародаркушӣ расидаанд ба роҳи дуруст ҳидоят кунанд, ваҳдати онҳоро таъмин намуда, онҳоро дар ин ҷода сарварӣ кунанд.
Дар ҷавоби ин кўшишҳои созандагию ақлонии шахсиятхои таърихӣ миллатҳо ва халқиятҳо онҳоро ҳамчун пешвоён ва бунёдгузорони давлат ва ваҳдати хеш мешиносанд. Ин зуҳуроти неки тарафайни роҳбар ва халқ аз қадим вуҷуд доштааст. Дар масири таърихи бостон ва асрҳои миёна низ мо мавҷудияти симоҳои пешвоён ва бунёдгузорони давлату салтанатҳоро мушоҳида менамоем. Чунин шахсиятҳоро таърих дар ҳар давру замон ба халқиятҳои ҷудогона насиб дидааст. Мисол, Куруши Кабир барои Ҳахоманишҳо, Исмоили Сомонӣ барои Сомониён, Хамураппий барои бобулиҳою Юлий Сезар барои Римиҳо, Ману барои Ҳинди бостон ва Менес барои мардуми Мисри қадим дар чунин давраҳои тақдирсоз, ки халқу қавмияташон эҳтиёҷ ба чунин шахсони таърихӣ доштаанд зуҳур карда, нақши таърихиро иҷро кардаанд. Онҳо аз худ корнамоиҳо ва ёдгориҳои зиёде боқӣ мондаанд, ки имрӯз ин халқиятҳо бо ифтихор худро вориси онҳо мешуморанду атрофи андеша, дидгоҳ ва назарҳои эшон вобаста ба манфиати имрӯзаашон муттаҳидии хешро иброз медоранд.
Дар ҷаҳони муосир чунин шахсони хизматнишондода дар ҳаёти сиёсии кишварҳо бо номҳои мухталиф ифода ёфта, мақоми ҳуқуқии гуногунро дороанд. Масалан, дар Амрико “Падарон - асосгузорони давлати Амрико” - Ҷорҷ Вашингтон, Ҷон Адамс, Томас Ҷефферсон, Ҷеймс Медисон, Александр Гамилтон, дар Туркия бошад “Падари миллати турк – Ататурк”, дар Ҳиндустон “Падари миллати ҳинду” - Махатма Ганди, дар Қазоқистон “Пешвои миллат” - Н.А.Назарбоев мебошанд.
Имрўз он шахсиятҳои таърихӣ нестанд, вале номи онҳо ва корҳои таърихии онҳо пайвста ба ин халқҳо илҳом мебахшад ва онҳоро ба корҳои бузурги давлаторӣ водор месозад. Аз ин назар гуфтан ба маврид аст, ки эътироф ва эҳтироми Пешвои миллат чандон бар эшон зарурате надорад, ки бар мо ба халқи тоҷик дорад. Мо бояд роҳи пешгирифтаи ин фарзанди фарзонаи миллатро давом диҳем ва ҳифз кунем, зеро, ин роҳ ифодагари орзую маром, манфиатҳои халқу миллати мо мебошад ва ин роҳ роҳи соҳибистиқлолӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, ваҳдату осоиштагӣ ва ягонагии мост.
Иҷлосияи таърихиву тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ, ки аз санаи 16 - уми ноябр то 2 - юми декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, назди вакилони Шӯрои Олӣ масъалаеро гузошта буд, ки наҷоти миллати тоҷик аз он вобаста буд. Миллате, ки пас аз ҳазор соли бе давлатӣ, боз соҳиби давлати соҳибистиқлол гардид, бо миёнаравии баъзе ашхосе, ки намехостанд ин миллати азияткашида, муттаҳид бошад, ба хун оѓушта гашта буд. Миллате, ки он рӯзҳо ҳам худ ва ҳам бегонагон теша ба решаи мавҷудияташ мезаданд, имкони охирини ҳифзи мустақилияташро ҷустуҷў дошт. Ин масъала ба роҳбари тавоно, хирадманд ва масъулу сазовор вобаста буд.
Иҷлосияи таърихии XVI -ум дар таърихи 16-уми ноябр рост омад, ки ин ҳам барои мо точикон рақами нек омад. Дар ин иҷлосияи таърихӣ бо овоздиҳӣ маълум гашт, ки аз 197 вакили иштирокдошта 186 нафар ба ҷавони боирода Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович райъ додаанд. Бисёр нафарон дар он рўзҳо чунин масъулиятро ба дўш гирифтан намехостанд, зеро тибқи иттилооти ба даст омада, Ватан месўхт ва нолаи модарони тоҷик ба само печида, Тоҷикистонро мисли имрўза кишвархои мотамзада дар оинаи нилгун ҷаҳониён тамошо мекарданд.
Хушбахтона, вакилон аз миёни 197 вакили ҳузурдошта тавонистанд ҳамон фарзона фарзанд ва абармарди тоҷик, хуллас нафареро дарёбанд, ки тақдир ӯро дар ҳамин давраи бениҳоят ҳассоси таърхӣ ба мо фиристода буд. Тавассути ақлу заковати хирадмандона, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва муҳаббат ба ёру диёр ў тавонист халқи парешонро сарҷамъ, миллати теша ба реша зада истодаашро аз нестӣ ба ҳастӣ ва бародарони душман гаштаашро боз ба дӯст мубаддал гардонад.
Пас аз гузашти солҳо маълум шуд, ки халқи мо маҳз дар ҳамон санаи 16 –уми ноябр роҳбари воқеии худро пайдо кард. Зеро аз ҳамон рўз сар карда дар дили мардум умед ба фардо ва боварӣ ба роҳбар пайдо шуд. Ҳамин омил сабаб гардид, ки маҳз ҳамин сана - санаи 16 - уми ноябр ҳамчун рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта шавад. Зеро ин сана ибтидои сарҷамъшавиҳо, якдигарфаҳмиҳо, бунёди ҷумҳурии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва ҳамчунин оғози боварӣ ба ояндаи дурахшони ватани азизамон Тоҷикистон гардид.
Эмомалӣ Раҳмон баъд аз интихоб шуданаш дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони мӯҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона када, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Втанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азият кашидаам бовар дорам».
Ҳақ ба ҷониби Паёмбари ислом аст, ки гуфтааст: «Ҳамаи корҳо ба ният аст». Нияти ӯ, мароми ӯ нек буд, ки ҳама ба некӣ анҷомид. Ӯ тавре донишмандон таҳлил кардаанд, мисли як ситораи бахт, як рӯшноии фараҳбахш аз миёни мушкилию монеаҳо, торикию зулмот на танҳо солим гузашт, балки бо ғами халқ, фикри мардум ва умеди наҷоти миллат шарик шуда, аз рӯҳи ниёгони миллат ғизо гирифта, бо нияти неки худ аз мадади Худованд баҳраманд шуда, мисли офтоб зимистони қаҳратуни миллатро ба баҳори сарсабз табдил дод.
Воқеият гувоҳӣ он аст, ки Ӯ хизмати худро назди халқ ва Ватан мутобиқ ба нияти некаш иҷро кард. Вақти он расидааст, ки Мо - халқи тоҷик ба вижа ҷавонон ба қадри ӯ расида, атрофи сиёсати ӯ муттаҳид шуда, ҷиҳати иҷрои нияту ормонҳои неки ӯ якҷоя дасти ба даст заҳмат кашем. Зеро, илм ва таърих исбот кардааст, ки ҷиҳати расидан ба саодати комил ва пешрафти давлат танҳо доштани роҳбари хубу ифтихор аз ў кифоя нест. Барои расидан ба зинаи саодати комил мо бояд дар асл пайрави ӯ, дар пиндор, гуфтор ва рафтор бошем. Хуллас, қадршиноси воқеии Пешвои миллат имрӯз касе буда метавонад, ки ба Ватан содиқона хизмат кунад ва дар назди ҷомеа вазифаҳои худро поквиҷдонона иҷро намояд. Мо бояд қадршиносӣ ва пайравии худро ба Пешвои миллат ва Президенти муҳтарамамон бо хизматҳои шоёни худ ба Ватан собит намоем.
Холиқова М.Ғ. – устоди кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи
Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев