Санаи 1-уми июл дар кишвар даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба макотиби олӣ оғоз гардиданд. Ин даври имтиҳонҳо аз 1-ум то 9-уми июл давом мекунад
Ба гуфтаи директори ММТ Ҷаъфарзода Сабзалӣ зимни сӯҳбат ба хабарнигорон иброз дошт, ки дар давраи асосии бақайдгирӣ ҳудуди 108 ҳазор нафар хатмкунандагон ва хоҳишмандон дар нуқтаҳои бақайдгирии Маркази миллии тестӣ, ки дар 60 шаҳру навоҳии Тоҷикистон ташкил карда шуда буданд, ҳуҷҷатҳои худро супориданд.