Суруд ба хотири он шахсоне, ки фарзандони худро аз даст додаанд.
Қуввату бозуву дармонам ту буди эй писар
Сад дареғо ки туро чанги аҷал кард бе хабар
Кош ки пеш аз ту ман мекардам аз дунё сафар
Аз ғамат рузи маро карди чун шоми бе саҳар
Нест ғайри нолаву авғон маро кори дигар
Эй ҷигарбанди азиз Ёқубалӣ ҷони падар
Душмани балхок кушту номусулмонат ки буд ?
К- андар қасти куштани
Дар вақти ҷонат расид синабирёнат ки буд ?
Дар барат охир бачам ёри қадрдонат ки буд ?
Сад дареғат паҳлавон, эй зинату дареғ
Эй ҷигарбанди азиз, Ёқубалӣ ҷони падар
Қадидардамро садпора гардон ғамаст
Фориғ аз шоди ману як пора гардон ғамаст
Пеши ёру душманонам бечора гардонам ғамаст
Ҷониби вайронаҳо овора гардонам ғамаст
Аз фироқат сина месузад ба мисли чуби бед
Эй ҷигарбанди азиз, Ёқубалӣ ҷони падар