Субҳи 16 ноябр ҷасади тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров аз шаҳри Санкт-Петербург тавассути ҳавопаймои "Сомон Эйр" ба Душанбе оварда шуд. Дар ин ҳавопаймо Зарина Юнусова низ ба Тоҷикистон баргашт. Ҳафтаи гузашта додгоҳи Санкт-Петербург ихроҷ ё "депорт"-и Юнусоваро тасдиқ карда ва барояш панҷ рӯз муҳлат дода буд, то қаламрави Русияро тарк бикунад.
Тобути УмаралӣТобути Умаралӣ
Як гурӯҳ аз наздикони Зарина Юнусова ва ҳамсараш Рустам Назаров субҳи рӯзи душанбе барои қабули тобути Умаралӣ ба фурудгоҳ омада буданд. Маҳкам Абдуллоев, тағои Рустам Назаров, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки "Умаралӣ қурбони бозии кадом гурӯҳ шудааст" ва афзуд, ҷасадашро акнун ба ҷамоати Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод бурда ва дар онҷо ба хок месупоранд.