ТАМОМИ ФОРСИЗАБОНОНИ ДУНЁРО БО ҶАШНИ 700 СОЛАГИИ ШАЙХ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ САМИМОНА ТАБРИК МЕНАМОЯМ.
Туро дар кӯи ҷонон хонае ҳаст,
Ба ҳар кӯе чу ман девонае ҳаст.
Бизан чӯбаш, ки дузд аст он сари зулф,
Ба даст ар нест чӯбат, шонае ҳаст.
Мунаввар шуд ба рӯят дида, дил низ,
К - аз он маҳ нур дар ҳар хонае ҳаст.
Нишони он ки рӯят хирманам сӯхт,
Бар он оташ зи холат донае ҳаст.
Самоъи мо ба зоҳид дарнагирад,
Дар ин суҳбат магар бегонае ҳаст?
Мазан, эй хумшикан бар сӯфиён санг,
Ки зери хирқаам паймонае ҳаст.
Камол, ар нест ҳеҷат лоиқи дӯст,
Ғазалҳои тари риндонае ҳаст.
Ғазали КАМОЛИ ХУҶАНДӢ.
Оҳанги ТУХТАСИН ҶАЛИЛОВ.
ГУЛБАҲОР ШОКИРОВА.