Сабти лаҳзаи заминларза, ки кори ниҳоят сахт аст ба яке аз корбарони Радиои Озодӣ аз ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли пешин) муяссар шудааст. Дар видеое, ки ин хонандаи гиромии вебсайти Радиои Озодӣ ба мо фиристод, дида мешавад, ки чӣ гуна замин меларзад ва зане аз тарс ба фарзандонаш мегӯяд, зери девор нараванд. Дар натиҷаи заминралза сангҳо аз кӯҳ мерезанд ва ғубор ба ҳаво мехезад.