Рӯзи 23 май пойтахти Тоҷикистон барои чорум бор ба бузургтарин ниммарафони байналмилалӣ, "One Run" (дар Русия бо номи "ZaBeg.RF" маъруф аст), шомил шуд.
Он аз ҷониби Лигаи Қаҳрамонони Русия ташкил карда шуда, дар соли 2026 беш аз 220 ҳаз. иштирокчӣ дар 25 кишварро ҷамъ овард.
Дар дав дар кӯчаҳои Душанбе беш аз 500 нафар, аз ҷумла дипломатҳои сафорати Русия ва оилаҳои онҳо, ширкат карданд.
Онҳо аз хиёбони Ҳофиз Шерозӣ ва соҳили дарёи Варзоб гузашта, ҷойҳои асосии шаҳрро тамошо карданд. Иштирокчиён имкон доштанд, ки масофаҳои 1, 5, 10 ва 21,1 км-ро тай кунанд.
Пеш аз оғози дав - вакили муваққатии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Хуторская, дар назди ҳозирин суханронӣ карда, сокинони Душанберо бо Рӯзи ҷавонон табрик гуфт ва аҳамияти "One Run"-ро ҳамчун рамзи дӯстӣ ва саломатӣ қайд кард.
"Мо аз шаҳрдории Душанбе, Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва Ассотсиатсияи марафони Тоҷикистон барои ширкати фаъолонаашон дар ин ташаббуси байналмилалӣ ва ташкили аълои чорабинӣ изҳори сипос менамоем", - гуфт ӯ.