Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Нашрияи “Атлантик” дар бораи тафоҳуми Эрон ва Амрико навиштааст, ки Трамп мехост Эронро таслим кунад, аммо худ таслим шуд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, нашрияи таҳлилии “Атлантик” дар гузорише эъломи тафоҳум миёни Вашингтон ва Теҳронро як “санади таслими маҳз” барои Иёлоти Муттаҳида ва як пирӯзии роҳбурдӣ барои Эрон хондааст. Ин таҳлил фош мекунад, ки чӣ гуна Доналд Трамп дар остонаи интихоботи миёндавраӣ барои гурез аз буҳрон, тамоми аҳдофи ҷангии Амрикоро қурбон кардааст.
Меҳварҳои ин гузориши таҳлилӣ ба шарҳи зер аст:
Ҷашни Трамп рӯи вайронаҳои ҳегемонияи Амрико
Доналд Трамп шоми якшанбе дар шабакаи иҷтимоии «Truth Social» бо навиштани ҷумлаи «Табрик ба ҳама!», дастёбӣ ба тавофуқ бо Эрон барои поён додан ба ҷангро ҷашн гирифт. Аммо «Атлантик» таъкид мекунад, ки Амрико чизе барои ҷашн гирифтан надорад; дар ҳоле ки Трамп барои имзои сареъи тавофуқ дар рӯзи таваллудаш шитоб дошт, эрониҳо, ки акнун идораи вазъро дар даст доранд, эълом карданд шитобе надоранд ва танҳо як намояндаро барои нишасти рӯзи ҷумъа дар Суис мефиристанд. https://tajikpress.com/2026/06/15/%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%b5-%d0%ba%d0%b8-%d0%bc%d0%b5%d1%85%d0%be%d1%81%d1%82-%d1%8d%d1%80%d0%be%d0%bd%d1%80%d0%be-%d1%82%d0%b0%d1%81%d0%bb%d0%b8%d0%bc-%d0%ba%d1%83%d0%bd%d0%b0%d0%b4-%d1%85%d1%83/

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев