Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Шӯрои уламои шиаи Афғонистон изҳор дошт, ки андешаҳо ва ормонҳои Руҳуллоҳи Хумайнӣ ҳамчунон илҳомбахши ҷаҳони ислом мебошад.Ба гузориши ТоҷикПресс, ин шӯро бо нашри баёнияе ба муносибати сиюҳафтумин солгарди реҳлати Имом Хумайнӣ, аз ҷойгоҳи таърихӣ ва нақши ӯ дар густариши маънавият, адолатхоҳӣ, мубориза бо истикбор ва таҳкими ваҳдат миёни мусулмонон таҷлил кард.
Дар ин баёния омадааст, ки 37 сол пеш шахсияте аз миёни уммати исломӣ даргузашт, ки андешаҳо ва афкораш таҳаввулоти густурдаеро дар сатҳи ҷаҳон ба вуҷуд овард ва мабонии фикрии ҳоким бар низоми сиёсии байналмилалиро бо чолишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ сохт.
Шӯрои уламои шиаи Афғонистон таъкид кардааст, ки Имом Хумайнӣ бо ҳадафи густариши маънавият, адолат ва мубориза бо зулм ва илҳод наҳзати худро оғоз намуд ва намунаи навине аз давлатдориро бар пояи арзишҳои динӣ ва иродаи мардум пешниҳод кард.
Дар бахши дигари ин баёния, шиорҳои «Истиқлол, Озодӣ, Ҷумҳурии Исломӣ» дар арсаи дохилӣ ва «Бедории мустазъафон, муқобила бо ситам ва ваҳдати мусулмонон» дар арсаи ҷаҳонӣ аз муҳимтарин меҳварҳои фикрӣ ва сиёсии бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон унвон шудаанд.
Ин шӯро ҳамчунин бо ишора ба таъкиди Имом Хумайнӣ бар ваҳдати уммати исломӣ эълом кард, ки тарҳи «Ҳафтаи ваҳдат» аз ҷумла ибтикорҳое буд, ки бо ҳадафи таҳкими ҳамбастагии мусулмонон ва муқобила бо чолишҳои муштарак поягузорӣ гардид.
Шӯрои уламои шиаи Афғонистон дар идома ба фишорҳои воридшуда бар Ҷумҳурии Исломии Эрон ишора карда ва гуфтааст, ки қудратҳои ҷаҳонӣ ва низоми султа ба далели нигаронӣ аз густариши афкор ва ормонҳои Имом Хумайнӣ, иқдомҳое аз ҷумла масдудсозии дороиҳо, террори ёрон ва ҳамфикрони ӯ, таҳмили ҷанги ҳаштсола ва таҳримҳои густурдаро дар пеш гирифтаанд. https://tajikpress.com/2026/06/05/%d1%83%d0%bb%d0%b0%d0%bc%d0%be%d0%b8-%d1%88%d0%b8%d0%b0%d0%b8-%d0%b0%d1%84%d2%93%d0%be%d0%bd%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d0%b8%d0%bc%d0%be%d0%bc-%d1%85%d1%83%d0%bc%d0%b0%d0%b9%d0%bd%d3%a3-%d2%b3/

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев