Аё модар! Туро ёд кардам, дар танҳои чашм мепушам ва садои хандаҳоят ба гуш мерасад. Вақте чашм мекушоям ин садо хомуш мегардад, зеро ин садо тасаввур аз хотиротам буд. Туро ёд кардам модар,чи гуна суханҳое бароят бигуям то ту дар наздам ҳозир шави ва туро оғуш гирам сарамро болои китфонат гузораму роҳат кунам. Оҳ модар! Чашмонам аз ёди ту ҳамеша нам ҳастанд. Чи қадар вазнин, чи қадар мушкил ин дури аз ту, туро ёд кардам. Биё модар, даст бар сарам бигузор, дили мисли мавчҳои дарё пурталотум гаштаамро ором намо, биё ки ман бо ту рози дил бигуям. Эй раҳмати Худованд ту бузургтарин шахси ҳаёти, зеро бо ин ҳама бузурги маро пиҳил карди. Эй чаннати Парвардигор дар руи замин! Ту василаи хушбахтии