Модар
Бўи ҷону бўи нону бўи пистон,
Бўи гулҳои баҳори баччагӣ,
Бўи шири гарми навдўшида меояд зи дастони ту, модар.
Дар рухат ожангҳо чун сатри шеъри зиндагӣ,
Офарин хонанд бар азму ба имони ту, модар.
Пир гаштӣ, шуълаи ҳуснат парид,
Офтоби зиндагият бар сари кўҳе расид.
Панҷаҳои нарму печони ту ногиро шуданд,
Чашмҳои барқафшони ту нобино шуданд.
Мўйҳоят ранги хокистар шуданд,
Пойҳоят аз сафар шалпар шуданд,
На,
Макун бо зиндагонӣ хайрбод,
Оҳ модар!
Оҳ модар!
Гул буду гулдастабандӣ айб буд
Дар замони навҷавониҳои ту.
Лек акнун зиндагӣ ранге гирифт
Аз талошу ҷонфишониҳои ту.
Кўдакони хору зорат чун кабўтарҳои ром
Аз сари дастат ба дуриҳо париданд.
Ҳар куҷое, ки ту дар дунё надидӣ,
Раф