ҚИССАИ ТАЪСИРБАХШ
Ҷавоне дар курсие, ки миёни боғи зебоманзар буд, нишаста ба кадоме аз дӯстдухтаронаш тариқи телефон изҳори муҳаббат мекард. Онҳо сӯҳбати ошиқонае доштанд. Ин дам садои занги телефони дуюминаш баланд шуд. Ҷавон як лаҳза гуфта, телефони дуюминашро бардошта бо дуруштӣ ҷавоб дода гуфт:
- Вақт надорам, баъдтар зангат мезанам.
Телефонро рӯи курси гузошт ва бо телефони аввалааш сӯҳбаташро давом дод. Чанд сонияе гузашту аз нав садои телефони дуюмаш баланд шуд. Ҷавон сӯҳбаташро қатъ накарда, ба телефонаш назар карду, садои онро хомӯш намуда ба ҷояш гузошт. Вақте сӯҳбаташон ба охир расид, ҷавон гӯё аз дунё розӣ бошад, хамёзае кашида, ифтихор кард, ки дӯстдоштае дорад. Каме баъд ба