Мы используем cookie-файлы, чтобы улучшить сервисы для вас. Если ваш возраст менее 13 лет, настроить cookie-файлы должен ваш законный представитель. Больше информации
Қиссаи "Писар ба хотири модараш аз биҳишт рӯй мегардонад".
Салом хонандагони азиз!
Барои хондани ин қисса ва баҳри ба хулоса омадан, ки Модар ки будааст ва чигуна қадру қиммати онро донистан шарт ва зарур аст, иншооллоҳ як мавзӯи ахлоқӣ ва инсонӣ бароятон писанда хоҳад шуд.
Рӯзе як писари ҷавонсол дар болои кат хобида буд, ки аҷалаш расида буд. Баъд ба назди у як (малоикае) фариштае аз осмон меояду мегӯяд: - "Ту дар ҳайётат бисёр хубиҳо ва корҳои нек кардаӣ ва акнун дар назди ту ду роҳе аст, яке роҳ ба сӯи ҷаннат ва дигаре умр агар ба ҷаннат рафтан хоҳи танҳо чор қадам бигзор!"