Модарам ҷонро барои ту фидо хоҳам намуд, Ҷумла Ҳастиҳои худ баҳрат адо хоҳам намуд. Гарчи дурам аз барат лек бо дили бирёну реш, Номи ту ҳар дам гирифта ман садо хоҳам намуд. В-арчи аз занҳо бидидам меҳри бисёре вале, Аз ҳазорон меҳр меҳратро ҷудо хоҳам намуд . Хоки пои ту намеарзад ба кони симу зар, Бар дари куи ту модар худ гадо хоҳам намуд. Гар биафтад бар сарат бори ғаме аз душмане, Пас раҳоят аз гами ҳар бе ХУДО хоҳам намуд. Аз барои умри бепоёну чисми солимат, Илтичое хар шабонгах бо нидо хоҳам намуд. Ман чигарбандат гарибам, модари чон модарам, То туро дорам басе шукри ХУДО хоҳам намуд.