Вой мискин одами бархок яксон мешавад, Вакти чон додан ба сад хасрат парешон мешавад. Он замоне ачзу пушаймони надорад хеч суд, Мекунам хар су назар ба хеш хайрон мешавад. Як ду рузе дон ганимат умрро то зиндаи, Марг андар хонаат як руз мехмон мешавад. Хар ки бошад пешаи у дар чахон фискуфучур, Баъди мурдан манзили у нори сузон мешавад. То ба кай дил менихи бар молу мулки ин чахон, Хайфи он умре, ки сарфи коху айвон мешавад. Сайкали оинаи дил, ЧАЗБИЁ зикри худост, Харки моли шуд ба зикри ахли ирфон мешави.