Падар, пазмони дидори Шумоям,Падар, муштоқи гуфтори Шумоям.Дар ин садроҳаи дунёи бераҳм,Падар, зори Шумо, зори Шумоям.Падар, ман бе Шумо бемуттакоям,Ҳазинам, хастаҷонам, бенавоям.Шумову Модарамро ёд кардам,Ба доми дардҳои бедавоям.Падар, баъди Шумо дунё дигар шуд,Замон аз роҳи бедардӣ бадар шуд.Набошад як дамаш бедард, зинҳор,Дилам бар ғуссаҳо роҳи гузар шуд.Падар, ҳоло, ки олам бесубот аст,Башар дар ҳасрати рӯзи нишот аст.Аён шуд, аз чӣ мекардед таъкид,Ватан, ҷони Падар, кӯйи наҷот аст.Падар, ёд оварам рӯи Шуморо,Қади болову абрӯи Шуморо.Ватанро дӯст дорам, бар машомамБиёрад доимо бӯи Шуморо.Падар, мисли Шумо меҳанпарастам,Ба монанди Шумо якрӯй ҳастам.Ватандорӣ намоди родмардист,Дар ин роҳи