Мы используем cookie-файлы, чтобы улучшить сервисы для вас. Если ваш возраст менее 13 лет, настроить cookie-файлы должен ваш законный представитель. Больше информации
Танҳоӣ на он аст, ки танҳою ғарибӣ, Танҳоӣ на он аст, ки бе ёри қаринӣ. Танҳоӣ чунон аст, ки дар байни ҳама халқ Бошиву вале бе дарди ҳама халқ нишинӣ. Танҳоӣ на он аст, ки ёрону ҳарифон Як бор напурсанду даратро накушоянд. Танҳоӣ чунон аст, ки дар ҳозиру ғоиб Қадри ту надонанду муҳаббат нанамоянд.