Свернуть поиск
Муаллиф Шахлои Начмиддин
Келини маккор кисми 1
Давлат бо хохиши модараш духтари яке аз хешовандони тарафи рахмати падариро ба зани гирифт.
Духтар нихоят зебо буду Давлат бо як нигох ошики занаш шуд.Аз интихоби волидайн рози буд.Чунки худаш дустдоштае надошт.Нозия ду рузи аввали аруси худро хеле орому чаккон нишон дода ба хушдоманаш доимо лаббай холачон мегуфт.
Модараш Фарзонахон доимо ба духтараш занг зада насихат мекард ,ки пеши шавхарат ширинзабони кун вай кампири касалии шавхаратро.У ки ба кор рафт ,ба кампир ахамият надех,факат ба худат ахамият дех.
Нозия хамин ,ки шавхараш ба кор мерафт,бо хушдоманаш дагалона гапгардони мекард.Мегуфт ,ки хола хезед худатон хурок пазед,холо бокувватед.
Е ба дасти кампири 77 сола чоруб дода мегуфт ,ки хавлиро рубед.
Фотимахола аз чунин рафтори келинаш ҳайрон мешуд. Ӯ умед дошт, ки шояд келинаш ҳоло ҷавон асту бо гузашти вақт боодоб мешавад.
Аммо Нозия рӯз аз рӯз бадтар мешуд.
Як рӯз Фотимахола аз дарди пойҳо базӯр роҳ мегашт. Субҳ аз Нозия хоҳиш кард:Духтарам, агар имкон бошад, имрӯз як коса ширбиринҷ тайёр кун. Шаб то саҳар аз дарди меъда хоб накардам.
Нозия, ки дар телефон бо модараш гап мезад, бо чашми ишора ба ӯ фаҳмонд, ки хомӯш бошад. Баъди тамом кардани занг бо қаҳр гуфт:
— Хола, ман ҳам зиндагӣ дорам ё не? Ҳар рӯз як хоҳиш.Шумо писар доред, ба Давлат гӯед, ки барои шумо хизматгор гирад.
Фотимахола гуфт:
— Духтарам, ман хизматгор намехоҳам. Фақат мехоҳам ки шумо мисли келин не ,мисли духтарам бошед.
Нозия хандид:
— Меҳрубониро аз писаратон талаб кунед, на аз ман.
Ҳамон рӯз Фарзонахон боз занг зад.
— Чӣ хел, духтарам? Ҳамааш хуб аст? Хушдоманатро ба роҳ монда истодаӣ?
Нозия бо ханда гуфт:а, шумо ғам нахӯред. Ҳар чӣ шумо гуфтед, ҳамон корро карда истодаам. Пеши Давлат худро келини беҳтарин нишон медиҳам. Ӯ ҳатто гумон надорад, ки ман бо модараш чӣ хел муносибат мекунам.
Фарзонахон бо ифтихор гуфт:
— Офарин, духтарам.Зан бояд дар хона гапи худро гузаронад. Агар аз рӯзи аввал худро нишон надиҳӣ, баъд болоят савор мешаванд.
Нозия хандид.Аммо ҳарду намедонистанд, ки ин суҳбат оқибати ногуворе хоҳад дошт.
Бегоҳ Давлат аз кор баргашта, ҳамсарашро бо гулдаста ва ширинӣ шод кард. Нозия худро ба оғӯши ӯ партофта, бо ноз гуфт:
— Ҷонам, имрӯз бисёр ёдат кардам.
Давлат аз хушбахтӣ лабханд зад.
— Ман ҳам, азизам. Модарамро нигоҳубин карда истодаӣ?Уро эхтиром кун.
— Албатта, ҷонам.У мисли модари худам аст.
Фотимахола, ки дар ошхона буд, ин суханонро шунида, гиряаш омад. У намехост ба писараш шикоят кунад. Ба хотири хушбахтии ягона писараш хомуш буд.
Аммо як воқеа пеш омад, ки дигар хомӯш мондани ӯро номумкин кард.
Рӯзи дигар Давлат субҳи барвақт ба кор рафт. Нозия бошад, ҳанӯз аз хоб нахеста буд. Фотимахола оҳиста аз ҷой хеста, барои наҳорӣ дастархон орост.
— Духтарам, Нозияҷон, хез, наҳорӣ тайёр аст, бо меҳрубонӣ садо кард ӯ.
Нозия аз дохили ҳуҷра бо овози баланд ҷавоб дод: Хола, маро безор накунед.Худам вақте хоҳам, мехезам.
Хушдоманаш дигар чизе нагуфт.
Баъди чанд соат Фарзонахон ба духтараш занг зад.
— Нозия, чӣ хабар? Шавхарат ба кор рафт?
— Ҳа, оча, рафт.
— Хушдоманат чӣ кор дорад?
— Ҳамон кори худаш. Субҳ маро барои наҳорӣ садо кард.
Фарзонахон хандид.
— Духтарам, ба гапҳои ӯ аҳамият надеҳ. Як чизро хуб дар хотир дор: агар хоҳӣ, ки Давлат танҳо ба ту аҳамият диҳад, бояд оҳиста-оҳиста ӯро аз модараш дур кунӣ. Ба шавҳарат нагӯй, ки модарашро дӯст намедорӣ. Баръакс, худро бечора нишон деҳ.
Нозия кунҷковона пурсид:
— Чӣ хел, оча?
-Гӯй, ки хушдоманат туро қабул надорад, ҳар рӯз ба ту эрод мегирад, зиндагиятро талх мекунад. Мардҳо ба зани гирён зуд бовар мекунанд.
Нозия бо табассум гуфт:
— Очаҷон, шумо беҳтарин маслиҳатгар ҳастед.
Ҳамин тавр, Фарзонахон духтарашро ба ҷойи насиҳати зиндагии хуб, ба макру фиреб роҳнамоӣ мекард.
Бегоҳ Давлат ба хона омад. Нозия рӯйи диван нишаста, бо чашмони сурх гиря мекард.
— Нозия, чӣ шуд, азизам? хавотиромез пурсид Давлат.
— Ҳеҷ гап не.
-Чаро гиря мекунӣ? Ба ман гӯй.
Нозия гӯё тарсида бошад, оҳиста гуфт:
— Ман намехостам ба ту гӯям, аммо дигар тоқат надорам. Модарат ҳар рӯз маро ранҷ медиҳад. Ман ҳар қадар кӯшиш кунам ҳам, ба ӯ маъқул намешавам.
Давлат ҳайрон шуд.
— Модарам? Чӣ кор кардааст?
— Имрӯз маро маҷбур кард, ки тамоми кори хонаро кунам. Баъд гуфт, ки ман келини беакл ҳастам.
Давлат ба ҳуҷраи модараш даромад.
— Оча, чаро бо Нозия чунин рафтор мекунед?Охир уро худатон интихоб кардед ?
Фотимахола ҳайрон ба писараш нигарист.
— Писарам, ман чӣ кор кардам?
— Нозия мегӯяд, ки шумо ӯро ранҷондаед.
Чашмони кампир пур аз ашк шуданд.
— Писарам, ба Худо қасам, ман ба ӯ ягон сухани бад нагуфтаам. Баръакс, ҳар рӯз кӯшиш мекунам, ки ӯро мисли духтари худам қабул кунам.
Давлат чизе нагуфт ва аз ҳуҷра баромад.Нозия дар дил хурсанд буд. Нақшаи аввалаш амалӣ шуда буд.
Аммо чанд рӯз пас, воқеае рӯй дод, ки тамоми нақшаҳои Нозияро дигар кард.
Як рӯзи ҷумъа Давлат ба кор нарафт. Нозия гумон дошт, ки шавҳараш аз хона баромадааст. Бинобар ин, ба модараш занг зада, бо овози баланд гуфт:
— Оча, ман дигар ин кампирро тоқат карда наметавонам! Агар Давлат намебуд, кайҳо ӯро аз ин хона пеш мекардем.
Фарзонахон дар ҷавоб гуфт:
— Сабр кун, духтарам. Аввал хонаи худро соҳиб шав. Баъд ҳар чӣ хоҳӣ, ҳамон корро мекунӣ. Агар лозим шавад, ба Давлат гӯй, ки модараш бояд ба ҷои дигар равад.
Нозия хандид:
— Оча, ман аллакай фикри онро кардаам. Давлатро маҷбур мекунам, ки хонаи алоҳида гирем. Модарашро бошад, худаш медонад.
Дар ҳамин лаҳза аз паси ӯ садое баланд шуд:
— Нозия
Телефон аз дасташ афтод.Давлат дар назди дар меистод. Ӯ тамоми суҳбатро шунида буд.
— Ин чӣ суханҳо буданд? бо кахр пурсид ӯ.
Нозия ранги рӯяш сап сапед канд.
— Давлатҷон, ман ман шӯхӣ мекардам.
— Шӯхӣ? Бо модари ҳафтодуҳафтсолаи ман шӯхӣ мекунӣ? Ман туро ба ин хона ҳамчун ҳамсафари зиндагӣ овардам, на барои он ки модарамро таькир куни.Ту маро дӯст намедори.
-Ман хизматгори очаи ту нестам.
Давлат бо алам гуфт:
— Ман туро дӯст медорам, аммо барои беэхтироми нисбати очаам туро намебахшам.
Фотимахола, ки аз садои онҳо ба долон баромада буд, суханони писарашро шунида, ашк рехт.
— Писарам, ҷанҷол накунед. Ман пир шудаам, офтоби сари кухам.Намехоҳам, ки ба сабаби ман зиндагии шумо вайрон шавад.
Давлат дасти модарашро гирифта гуфт:
— Очаҷон, шумо сабаби вайрон шудани зиндагии ман нестед. Ман бояд пештар чашм мекушодам.
Нозия бошад, ба ҳуҷра даромада, дарро сахт пӯшид.
Аммо ӯ ҳанӯз таслим нашуда буд. Ҳамон шаб ба модараш занг зада, бо гиря гуфт:
— Оча, Давлат ҳама чизро фаҳмид.Акнун чӣ кор кунам?
Фарзонахон чанд лаҳза хомӯш монд ва баъд гуфт:
— Духтарам, ман ед медихам ,ки чи хел уро фиреб кунем?
Идома дорад
Муаллиф Шахлои Начмиддин
2 комментария
13 классов
Муяссарахон Махмудова
Келин мекунам…
Сони мазза када почакама дароз када мешинам, келин шараққас када хизматама мекунад, ҳузур када мегардам… акун манам Қайнооя мешам….
Гуфтагиҳо!!!!!
Тушберая хом шумурдитон 😂
Ана акун ҳаммаш сар мешад.
Ҳақиқи ҷанг акун эълон шуд….
Пеш шумоя гапатон, коратон, камбудитон, ҳастию неститон ани худатон бошад, дод гӯидам- вой гӯидам… даруни хонанда мемондагӣ бошад….
Акун… ҷаррас када кӯчава мебурод…
Пештар фақат даромда шӯякатонба…
Буватон унту кадан, дадотон унту кадан, укотон унту мондан, хуҳаратон унту гуфтан… гуфта калонигари кадагитон, акун ҷимму им мешад…
Пеш хонатонанда гӯшт набошад, рӯи ошба картошками, биҳӣ ми, тухмми монда мехӯрдид… ҳозир муридам ду кело гӯшта харида халаденикба оварда мемонид)))
Пештар нонуштава тухм зирбонда дода гусел мекадагӣ бошид, ҳозир сасиска, калбоса, сгушенка, сливочни масло бо ҳазор хел пичени оварда мемонид… гапам кӯчава набурод, халаденика сураташ ани қудова наравад… гуфта))
Худатон аз дига келини нав мешид…
Дари кӯча мерӯвид, куртаи шутона худатон газмол мекунид, ани писаратонам ( занаша ҷанг накунад баногогуфта)…оша худатон дам мекунид))
Корои умратонба накадагиям на висшем уровне када келинба нишон метид.
Аз дига интернетба даромда саволои келинба ҷавоб кофта ёфта, версияи кӯҳнатона нав мекунид.
Блинчик, варени, сирники пухта натонидам, акун ёд мегирид. А ҳамаям пеши келинба авозатона баланд накада, чишматона напесонда, тақар туқур накада, гапи нағз кати фаҳмондана ёд мегирид…
Хулласи гап агар қайнои нағз мешам гӯид…
Перезагрузка мекунид!!!!
Набошад…
Гапатон кӯчава буромда, номи…қайнои Мор, қайнои қаламфур, худашон ҳичи кора нею, каттагаришонба оби Намангон ях мекунада мегирид!
Қайно шуданам осон не 😂
Чизе гуфтитон?
@все
1 комментарий
18 классов
Азимхуча Баховаддинов
— Ҷасади модарамро надида мондам... — гуфт Зариф боре дар маҳфиле, миёни суҳбати дӯстона.
Ҳама якбора хомӯш шуданд. Чанд нафар ҳайратзада ба рӯяш нигаристанд. Гӯё касе бовар намекард, ки фарзанд аз дидани ҷасади модари худ маҳрум монда бошад.
Яке аз ҳозирон оҳиста пурсид:
— Чӣ хел? Магар дар вақти вафоташ дар сафар будӣ?
Зариф лаҳзае сукут кард. Нигоҳашро ба як нуқтаи номаълум дӯхт ва баъди нафаси чуқуре ба нақл оғоз намуд:
— Не, дар сафар набудам. Дар ҳамон шаҳр будам. Аммо байни ману модарам масофае буд, ки бо чанд қадам тай кардан мумкин буд, вале ғурурам нагузошт
Он солҳо муносибати ману додари хурдиам аз сабаби як масъалаи оилавӣ сард шуда буд. Шояд пурсед, ки чӣ масъала? Он замонҳо тиб ба дараҷаи имрӯза пешрафта набуд. Дар миёни мардум издивоҷи хешутаборӣ, бахусус ба келин гирифтани духтари амакиву тағоӣ, кори маъмулӣ ба шумор мерафт. Мо ҳам аз ҳамин андеша духтари додарам — Наргисро барои писарам Саидҷон муносиб дониста будем. Ҳатто аз вақте Саидҷон дар синфи даҳ мехонд, дар дил чунин ният доштем. Вақте мактабро хатм карда, хизмати Ватанро адо намуду баргашт, хостем ин ниятро амалӣ созем. Як рӯз бо нияти хостгорӣ ба хонаи додарам рафтем. Ман гумон доштам, ки ӯ ҳам мисли дигарон аз чунин пешниҳод хурсанд мешавад. Аммо додарам, ки дар миёни панҷ бародару хоҳар танҳо шахсе буд, ки ҳамеша бо китобу мутолиа сару кор дошт, баъди шунидани мақсадамон каме андеша карду гуфт:
— Ака, ман ин корро дуруст намедонам. Никоҳи хешутаборӣ метавонад оқибатҳои хуб надошта бошад. Намехоҳам бо як қарори имрӯзаамон ояндаи ду ҷавонро зери хатар гузорем.
Гапаш ба ман сахт расид.
— Яъне, ту моро нолоиқ медонӣ? — бо қаҳр пурсидам.
— Не, гап дар нолоиқӣ нест. Ман фақат мехоҳам, ки дар интихоби ҳамсар ояндаи фарзандонамонро ҳам ба назар гирем.
Аммо он вақт ман дигар ба суханаш гӯш кардан намехостам. Аз ҷой хеста, бо оҳанги норозӣ гуфтам:
— Хуб, дигар худат медонӣ!
Ва ҳамин «худат медонӣ» ба деворе табдил ёфт, ки миёни мо солҳо қомат афрохт.
Додари хурдиам бо падару модарам зиндагӣ мекард. Ман бошам, дигар ба хонаи онҳо намерафтам. На барои дидани додарам, на барои хабар гирифтани падару модарам. Гӯё бо додарам қаҳр карда, аз модарам ҳам рӯй гардонда будам.
Баъзан модарам занг мезад.
— Писарам, кай меоӣ? Кай модаратро хабар мегирӣ?
Ман бо баҳонае ҷавоб медодам:
— Як кори муҳим дорам, оча. Баъдтар меоям.
— Хайр, писарам, худатро эҳтиёт кун. Мо ҳам дуо мекунем.
Модарам дигар чизе намегуфт. Шояд намехост миёни фарзандонашро бадтар кунад. Шояд ҳам ҳар боре, ки занг мезад, умед дошт, ки рӯзе ин қаҳр ба охир мерасад.
Аммо ман ҳар дафъа «баъдтар»-ро пеш мегузоштам.То он рӯзе, ки дигар барои «баъдтар» фурсат намонд.
Як рӯз хабари марги модарамро шунидам. Гӯё замин аз зери поям холӣ шуд. Лаҳзае намедонистам чӣ кор кунам. Саросема аз хона баромадам ва ба сӯйи хонаи додарам роҳ пеш гирифтам. Вақте ба назди дарвоза расидам, садои гиряву нола аз дохили ҳавлӣ ба гӯш мерасид. Мардум барои таслият ҷамъ омада буданд. Модарамро барои гусели охирин омода мекарданд. Ман ҳамагӣ чанд қадам аз модарам дур будам. Дилам мехост дарро кушояму ба дарун дароям. Мехостам бори охир рӯйи модарамро бинам, дасташро бӯсам ва бигӯям:
— Очаҷон, маро бубахшед.
Аммо ҳамин ки фаҳмидам додарам дар дохили ҳавлӣ аст, қадамҳоям суст шуданд. Ғурурам боз пеш омад. Ба худ гуфтам: «Агар дароям, бо ӯ рӯ ба рӯ мешавам.Ва боз ақиб гаштам.Модарамро ғусл доданд. Кафан карданд. Ҷаноза хонданду ба хок супурданд.Аммо ман...Ман на ҷасади модарамро дидам, на дар намози ҷанозааш иштирок кардам ва на аз паси тобуташ рафтам.Баъдтар фаҳмидам, ки ҳатто баъди рафтани ман чанд нафар маро суроғ кардаанд. Модарамро ба хок супурда буданд, вале дар дили ман ҳанӯз ҳам умеде боқӣ монда буд, ки шояд ягон бор ӯро бубинам, шояд рӯзе аз ӯ узр пурсам. Имрӯз аз он рӯзҳо хеле пушаймонам. Додарамро барои як масъалае, ки метавонист бо чанд суҳбати оромона ҳал шавад, бахшида натавонистам. Аммо аз ҳама бештар худро намебахшам, ки барои нигоҳ доштани ғурурам аз дидори модарам маҳрум шудам. Зариф ин ҷо суханашро қатъ кард.Чашмонаш ба замин дӯхта шуда буданд. Яке аз ҳозирон оҳиста пурсид:
— Акнун бо додаратон оштӣ кардед?
Зариф сарашро боло кард.
— Бале, оштӣ кардем. Охир, ӯ ҳам бародари ман аст. Аммо як чизро дигар ҳеҷ гоҳ ислоҳ карда наметавонам: модарамро дар он рӯз надидам.
Баъди лаҳзае сукут илова кард:
— Медонед, инсон баъзан фикр мекунад, ки бо касе қаҳр карда, ӯро аз зиндагии худ дур мекунад. Аммо намефаҳмад, ки ҳамзамон аз дидори дигарон ҳам маҳрум мешавад. Ман бо додарам қаҳр карда будам, вале ҷазои ин қаҳрро модарам кашид... ва пушаймониашро то имрӯз ман мекашам.
Дар он маҳфил дигар касе чизе нагуфт.
Шояд ҳар кадоме аз ҳозирон дар зеҳни худ чеҳраи касеро ба ёд меовард, ки имрӯз метавонад бо як занги телефон, як қадам ба сӯйи хонааш ё як «биё, оштӣ кунем» дубора ба оғӯш бигирад.
Зеро баъзе дарҳоро баъдтар ҳам метавон боз кард, аммо дари хонаи модарро на ҳамеша...
Azimkhuja Bahovadinov
5 комментариев
16 классов
СУБҲОНА!
ШАБ ЁДИ ТУЯМ ЧУ ОШНО МЕОЯД,
БАР ҶОНУ ДИЛАМ ХУМОР МЕАФЗОЯД,
БОЗ ОЙ, КИ ҲАР СУБҲ МАРО БАЪДИ НАМОЗ,
АЗ ЛАЪЛИ ЛАБИ ТУ НОШТО МЕБОЯД!
Қадриддин Бобоев.
АССАЛОМУ АЛАЙКУМ ДУСТОНИ АЗИЗ, ХОНАНДАГОНИ КОШОНАИ ШАҲЛО!
СУБҲИ ЯКОЯКИ ШУМО БА ХАЙР БОШАДУ ПУР АЗ ФАЙЗУ БАРАКАТ!
ИЛОҲО ИМРӮЗАТОН ПУРБАРАКАТ, СЕРШОДӢ, БО ХОТИРИ ХУШ ВА ПУР АЗ АҶРУ ХАЙР БОШАД!
3 комментария
11 классов
🍀🍀🍀🍀Умри сагона....🍀🍀🍀
Муаллиф ✍️ Шахлои Начмиддин ✍️
У ба одамони аз наздаш гузашта истода бо хавас нигаристу ашк дар чашмонаш беихтиер чарх мезад. Замоне вай хам хамин хел озодаву пероста хар субх ба кор мешитофт. Хуроки лазизтаринро дар тарабхонахои бошукухи шахр истеъмол мекард. Маъшукахои зиёде дошт. Зиндагиаш ба кавле шохона мегузашт. Зану духтаронаш гули хурокро мехурданду мепушиданд. Одамони нодору камбизоатро ба хонааш рох намедод. Ду хидматдор дошту онхо тамоми корхои хонаро ба сомон мерасониданд. чунин зиндагиро атрофиен танхо орзу мекарданду халос. Абу шояд он вактхо шукр намекард, ки худованд ба чунин руз овардаш. Имруз у хамнафаси сагони дайдуи кучагиву калламушхои сарсон гардидааст. Абу як ба куртаи даридаву ифлосаш нигариста охи сарде кашид.
Меъдааш аз гушнаги сузиш дошт. Боз ба кофтани кути лоямуте дар партовгох пардохт. Гайр аз пучоки пиезу картошка дигар хама махсулоти партофташударо аллакай дигар бомжхо рабуда буданд. Абу ноумед назди дари партовгох нишаст. Ана зани хильати киматбахое пушидае омада, сатили партовдорро охиста пару рехт. Нигохаш ба Абу фитоду чашмпесон кард.
Абу харисона ба чустучуйи дохили партови нав овардашуда фитод. Ду тухми бутуну вайроншударо ёфта хурсанд шуд. Кош хозир аловдоне медошту ин тухмхоро бирен карда мехурд. Кош...
акнун мачбур аст, ки хомохом дамашро дарун кашида ин тухмхои бадбуйро фуру барад. Пас аз фуру бурдани тухмхо якбора дилаш бехузур шуд. Пас аз каме ба худ омадан боз ба ёди лахзахои ширини гузашта рафт. Яхдони пурхасибу пургушт, тухми мохиву анвои гуногуни нушокихо пеши назараш омаду сараш чарх зад.
Абу аз хамсараш хамаги ду духтар дошт. Харчанд ба фолбину духтурони зиеде даводави карда бошанд , дигар занаш фарзанд таваллуд накард. Барои писардор шудан Абу зани дуввум гирифт. Зани аввали аз зангирии шавхар дарак ёфта шуру магал бардошт. Зиндагии ширини оилавии Абу захр гашт. Чун мансаби гирифтааш аз боиси падараруси сарватмандаш буд, забони занаш дароз, хавлиро ба номи худаш кард. Ду хонаи чорхучрагии дар маркази шахр бударо низ ба номи духтаронаш кард.
Духтаронаш хам мукобилаш баромаданд. Хусуру хушдоманаш мачлиси оилави гузаронида огохи доданд, ки ё чавоби зани дуюмашро дихад ё аз хона баромада равад.
Албатта барои Абу мансабу боигари кимматтар буд. Бинобар ин аз бахри зани дуввум тамоман баромад. Ин дам аллакай зани дувумаш хомиладор буду рузхои бошумори таваллуд карданаш боки монда. Вакте, ки Абу калимаи талокро ба забон гирифт, зани дуюм доду вой карда рагхои хунгарди дастонашро бурид. Уро падару модараш ба беморхона бурданд, вале вай дар рох бо тифли батнаш чон дод. Хешу наздикони зан Абуро ба махкама кашиданду вай панч соли томро дар махбаси торик гузаронид. Зану духтаронаш ягон бор ба махбас наомаданд. Занаш дар ин байн бори дигар шавхар карда бо айшу ишрати худаш банд буд. Духтаронаш низ ба шавхар баромада, яке дар хоричи кишвару дигаре дар Русия зиндаги доштанд. Чун Абу худ бепадар калон шуда буду касе надошт, баъди рахои аз махбас намедонист ба кучо раваду аз ки мадад чуяд. ба назди чурахои хамкадаху сарватмандаш рафт, вале уро ба хонааш рох надода пешаш карданд. Маъшукахои собикаш хам Абуро аз дар ронданд. Сарпанохе надошт, ки шабашро руз кунад. Нахустин шаби оворагардиаш дар вокзали рохи охан огоз ёфт. Хост мардикори карда пул ёбад, вале пойхояшро дар махбас хунук зада буд. Аз дасташ кори вазнини чисмони намеомад. Ноилоч бо бомжхо ошнои пайдо кард. Хурду хурокаш аз хисоби партовгоххои пойтахт буд. охиста охиста ба партовхури одат кард. Ба замини сарду сахт омухт гардид. Зиндагии бемафхумро ихтиер намуд. Номашро хам кариб фаромуш кард. зеро атрофиен ба у доимо эй бомж гуен мурочиат мекарданд.
Баъзан мегиристу аз худо илтичо мекард, ки зудтар чонашро гирад.
Кариб хар руз бо бомжхои дигар барои кофтани партовгох даст ба гиребон мешуданд. Чун тудаи сагон зиндагони доштанд онхо. Аз нашустан, буйи баданашон буйи хари мурдаро ба хотир меовард. Абу ба бадани ифлосаш нигариста пушаймон мешуд, ки чаро дар вакташ андешаи ояндаи некро накард. Бахту давлаташро пеши по зад. Худо уро барои худпарастиаш чазо дода, яку якбора ба замин зад.Сазояш хамин аст. Имруз Абу ба бомж мубаддал гаштааст. Бомж оворагард, бесохиб бекас. Агар ба каси дорое лозим шавад, бомжхоро ба ивази як шиша арак бурда хуб кор мефармоянд. ё агар якеи онхо дар куча мурад хам, касе сохиби намекунад.
Кадом рузу соату дакикае Абуро низ чунин марг пайгир аст. Марги бенишону бемакон. Касе оши фотихаи уро намехураду дуои неке барои руху арвохаш намехонад. Зиндаги даргузар аст, одамизод бояд маргашро хамеша андеша намояд. Он вактхо Абу ба айшу ишрат банд буду фикри мурданро асло ба хотир намеовард. Гумонаш ки давлату сарвати дуне човидонист. Агар сармаст намешуд, шояд сарнавишт ба Абу ин кадар чабр намекард. Боз ду наврасе сатилхои партовхои худро оварда Абуро масхаракунон пеши у холи карданду гуфтанд:
-Хой бомжи гушна, ана ин хурокро хур.
Хориаш омад аз ин таъкир. аммо чи кунад, ки хакикат талх аст. Бо дидагони ашколуд ахлоттудаи навро кофт. Чанд дона помидори пусидаву мачакро дарефта ба сумкааш андохту боз партовхоро кофтан гирифт. Калламушхои калону бадвохима низ хамрохаш ризку рузи мечустанд. Онхо назар ба Абу чолоку бокувваттар буданд. Сумкаашро ба китфаш гирифта охиста охиста Абу ба панохгохашон омад. Бомжхои дигар чамъ омада ризку рузии ёфтаашонро руйи замин пахн мекарданд.
Буйи ифлосу гализи хурокхои пусида бинои нимвайронаро пахш кард. Абу хамрохашон хурок мехурду ох мекашид. Пеши чашмонаш факат дастархони пурнозу неъмати як вактхо доштааш хувайдо буд.
Муаллиф Шахлои Начмиддин)✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️
3 комментария
10 классов
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ мерасонем!
КОР ДАР АРМАНИСТОН, ЕРЕВАН.
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳишмандонро барои кор дар Арманистон, Ереван барои соли 2025 даъват менамояд:
Кор барои мутахассисони соҳаи сохтмон.
Аз довталабон талаб карда мешавад:
Нусхаи сканшудаи шиносномаи хориҷӣ (паспорт), Рақами WhatsApp
Музди меҳнат: аз 1200 то 1800 доллари ИМА дар як моҳ, Синну сол: аз 21 то 60-сола,
Реҷаи корӣ: 6 рӯзи корӣ дар як ҳафта ва 8 соат дар як рӯз,
Шароити зист:
Бо ҷойи хоб ва асбобҳои корӣ аз ҷониби корфармо таъмин карда мешавад,
Либоси махсус ва пойафзоли корӣ дода аз ҳисоби коргар,
Хӯрок ба зимаи худи коргар аст.
Телефонҳо барои тамос: 225 05 75, 550100005, 938131372, 905131373.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
5 комментариев
16 классов
СУБҲОНА!
Ҳар субҳ интизори паёми ту мешавам,
Муштоқи ҳар "Алайк"-у "Салом"-и ту мешавам.
Вақте "Салому субҳ ба хайр" аз ту мерасад,
Мафтуни он салому каломи ту мешавам.
Чун субҳ боз мекунӣ оғӯши меҳри худ,
Ман меҳрмасти бодаи ҷоми ту мешавам.
Вақте ки ғамзаат ба дилам бозӣ мекунад,
Як байти нонавишта ба номи ту мешавам.
Вақти гузаштанат, ки нигаҳноз мекунӣ,
Гарқи нигоҳу маҳви хироми ту мешавам.
Аз беқарории дилу ҷонам навиштаву,
Мурғи ғазалсаро лаби боми ту мешавам.
Гуфти, ки :- "Қадриддин чи кунӣ бо ҷафои ман?"
"Будам асиру боз ғуломи ту мешавам!"
Қадриддин Бобоев.
АССАЛОМУ АЛАЙКУМ ВА РАҲМАТУЛЛОҲИ ВА БАРАКОТУҲ АЗИЗОНИ ДИЛУ ДИДА!
СУБҲИ НОЗАНИНРО ХУДОВАНД БАРОЯТОН БА ХАЙРУ БОБАРАКАТ ГАРДОНАД!
ФАЗИЛАТҲОИ САҲАРХЕЗИРО АЗ ОЁТУ ҲАДИСҲО САР КАРДА ТО РИВОЁТУ НАҚЛҲО ВА АЗ АШЪОРИ БУЗУРГОН МЕТАВОН МУШОҲИДА КАРД. САҲАРХЕЗИ ЯКЕ АЗ БЕҲТАРИН ХИСЛАТИ ПИСАНДИДАИ ИНСОНИСТ. ВАҚТЕ, КИ БАНДА АЪУЗУБИЛЛОҲ..., БИСМИЛЛОҲ... ГУФТА БА НИЯТИ АДО НАМУДАНИ НАМОЗИ БОМДОД АЗ ҶОЙГАҲИ ХОБ БОЛО МЕШАВАД, ИН АВВАЛИН ЗАРБАИ МАРГОВАРИ Ӯ ДАР ИН РӮЗ БА ШАЙТОНИ РАҶИМ АСТ, ВА АВВАЛИН ҚАДАМИ Ӯ БА СӮИ НЕКӮИВУ РАСТАГОРИ ВА НАЗДИК ШУДАН БА ХУДОВАНД АСТ...
ХУДОЁ! МОРО ТАВФИҚИ БАНДАГӢ ВА САҲАРХЕЗӢ АТО НАМО, ТО КИ АЗ ҶУМЛАИ РАСТАГОРОН БОШЕМ. ОМИН!
РӮЗАТОН ПУР АЗ НЕКӮӢ БОД!
9 комментариев
20 классов
загрузка
Показать ещёДополнительная колонка
О группе
Сиришти хок аз охан чудо нест
Хаёти одами низ бе хато нест
Хаточуён хатои худ бичуед
Дар олам бе хато гайр аз Худо нест.
- 00000000
- 🇹🇯 Таджикистан, Душанбе
Показать еще
Скрыть информацию
Правая колонка